ҶАРАЁНИ ОМОДАГӢ БАРРАСӢ ГАРДИД

Дар Тошканд ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии ҳамонҳангсозони Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар он масъалаи омодагирӣ ба ҷамъомади Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба сифати масъалаи асосӣ баррасӣ гардид, ки 15-16 сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад.
– Иштирокчиёни Шӯрои миллии ҳамоҳангсозони СҲШ як қатор лоиҳаҳоро таҳти баррасӣ қарор медиҳанд, ки барои Шӯрои сарони кишварҳо пешниҳод карда мешавад. Маърӯзаи Дабири кулли СҲШ, қарори Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, дар бораи нишасти навбатии нахуствазирон, ҳисоботи Котибияти СҲШ, феҳристи ҳуҷҷатҳо, декларатсияи Самарқанд, рафти тайёрӣ ба нишасти навбатии сарони давлатҳо, меморандуме, ки ба сарони давлатҳои аъзои СҲШ пешниҳод мегардад ва амсоли он аз шумори ин лоиҳаҳо мебошанд, – гуфт Раҳматулло Нуримбетов, намояндаи Ӯзбекистон дар ин шӯро.
Вай афзуд, ки рӯзи аввали ин ҷаласа дар бораи ин лоиҳаҳо баҳсу мунозираҳо сурат гирифтанд, зеро нишасти сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Самарқанд ҳодисаи басо муҳим ба шумор меравад.
Ба таъкиди Нуримбетов ин ҷамъомад замоне баргузор мегардад, ки корҳои омодагирӣ ба давраи ниҳоии худ наздик мешаванд ва масъулияти аъзои Шӯрои миллии ҳамоҳангсозони СҲШ беш аз пеш меафзояд.
– Бешак, ҳуҷҷатҳое, ки қабул мегарданд, барои дурнамои ин созмони бонуфуз таъсири мусбат ба бор хоҳад овард, – изҳор намуд Нуримбетов.
– Номзадии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои қабул ба сифати узви комилҳуқуқи СҲШ бар асоси меморандуме ба вуқӯъ хоҳад пайваст, ки ба нишасти сарони давлатҳои аъзои СҲШ тақдим хоҳад шуд, – илова намуд Нуримбетов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: