ҶАРИМАҲОИ ЗИЁДА АЗ 340 НАФАР БЕКОР КАРДА ШУДАНД

Дар ҷамъомади Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил додани низоми иҷрои ҷаримаҳои маъмурӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Оид ба лоиҳаи қонуни мазкур директори Бюрои иҷрои маҷбурии назди  Прокуратураи генералӣ М.Эгамбердиев маърӯза кард:
– Дар мамлакати мо ҷиҳати такмил додани низоми иҷрои ҳуҷҷатҳои судҳо ва дигар мақомот дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ тадбирҳои васеъ амалӣ карда мешаванд. Дар ин лоиҳаи Қонун миқдори ҷаримаи маъмурие, ки Бюрои иҷрои маҷбурӣ таъин кардааст, аз маблағи дар ҳуҷҷати иҷро нишондодашуда зиёд буда наметавонад ва доираи шахсони мансабдоре, ки аз номи Бюрои иҷрои маҷбурӣ чазои маъмуриро татбиқ менамоянд, аниқ муайян карда шудааст.
Дар амалиёт ҳолатҳое ҷой доранд, ки миқдори ҷаримаи маъмурие, ки бюрои иҷрои маҷбурӣ таъин кардааст, аз маблағе, ки бояд ситонида шавад, якчанд маротиба зиёд муқаррар карда шудааст. Масалан, агар қарзи рӯёндашаванда 150 ҳазор сӯм бошад, шаҳрванд барои сари вақт напардохтанаш мувофиқи моддаи дахлдори Кодекси ҷавобгарии маъмур метавонад аз 330 ҳазор сӯм то 1650 ҳазор сӯм ҷарима пардозад. Барои бартараф намудани ин таҷриба лоиҳаи қонуни мазкур омода карда шуд.
Дар баробари ин, имрӯз ҳар корманде, ки дар мақоми иҷрогари БИМ кор мекунад, салоҳияти таъйини ҷаримаи маъмуриро дорад. Ин боиси сӯиистеъмоли гуногун, масалан, беасос ҷарима андохтани шаҳрвандон мегардад. Мутаасифона, ин барин баъзе кормандони иҷрогари БИМ ба назар мерасанд. Масалан, ошкор карда шуд, ки дар натиҷаи нодуруст талқин шудани меъёрҳои қонун ба зиёда аз 340 нафар шахс бемаврид ҷарима таъин карда шудааст ва ин карорҳои ғайриқонунӣ бекор карда шуданд.
Аз ин рӯ, муқаррар карда шудааст, ки ваколати аз номи БИМ таъин намудани ҷаримаи маъмуриро танҳо сариҷрочии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сариҷрочиёни давлатии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, муовинони онҳо, инчунин роҳбарони шуъбаҳои ноҳия (шаҳр)-и Бюрои иҷрои маҷбурӣ доранд. Ин тағйирот ба меъёрҳои Конститутсияи мо дар таҳрири  нав комилан мувофиқанд, – гуфт директори Бюрои иҷрои маҷбурӣ.
Дар рафти муҳокима депутатҳо таъкид намуданд, ки ин ҳуҷҷат лоиҳаи қонуни халқпарвар буда, ба манфиати аҳолӣ пурра хизмат мекунад. Гуфта шуд, ки қабули он барои таъмини ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешниҳоди сабукӣ ба шаҳрвандон дар пардохти ҷарима, пурзӯр намудани назорат дар низоми Бюрои иҷрои маҷбурӣ ва пешгирии сӯиистифодаҳо асос хоҳад буд. Бо назардошти ин лоиҳаи Қонун қабул гардид.

Муҳтарама КОМИЛОВА, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: