ҶАШН ДАР БОҒИ «ДӮСТӢ»

Дар боғи «Дӯстӣ»-и пойтахт, ки марбути Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, маҳфили ҷашнӣ бахшида ба 9 Май – Рӯзи хотира ва қадр баргузор гардид.

Бино бар қарори Президенти мамлакат «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи хотира ва қадр» ва Фармон «Дар бораи рағбатноксозии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон» аз 16 апрели соли ҷорӣ мулоқот, барномаҳои консертӣ, маҳфилҳои маънавию маърифатии мухталиф баргузор мегарданд. Дар бораи солхӯрдагон эътибор ва ғамхории махсус зоҳир мегардад.
Дар чорабинӣ онҳое, ки баромад намуданд, иштирокдорони ҷанг ва собиқадорони ҷабҳаи меҳнатро бо ҷашн табрик намуда, таъкид карданд, ки қаҳрамонии  одамоне, ки ҳаёти худро барои осудагии мардум ва истиқлолияти мамлакат қурбон намудаанд, шуҷоат ва далерии ҳамватанонамон барои ҳама намунаи ибрат аст.
Дар чорабинӣ, ки зери шиори «Хотира – абадӣ, арзишҳо – муқаддас» аз ҷониби марказҳои миллӣ-мадании мамлакатамон ташкил гардид, барномаи консертӣ низ ба вуқӯъ пайваст.

Н. НАСРИЕВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: