Таърихи диёри мо бо ҳаёти халқҳои гуногун, ки дар ин ҷо умр ба сар мебаранд, хеле ғанӣ аст.
Бахусус, тоҷикон, ки таърихашон дар ин сарзамин ташаккул ёфтааст, дар рушду равнақи он нақши муҳим доранд. Роҳи тайнамуда ва хидматҳои рӯзномаи «Овози тоҷик», ки ҳоло садсолагии хешро ҷашн мегирад, мисоли равшани ин ақида мебошад.
Имрӯз низ соҳиби мавқеи хоси худ будани он дар ҷамъият зуҳуроти таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад. Агар ба таърихи нашрияҳо назар афканем, гувоҳи он мешавем, ки газетаҳои тоҷикӣ, аз ҷумла, «Овози тоҷик» низ дар роҳи озодии маънавӣ, маърифатии халқ фаъол будааст. Самтҳои асосии рӯзномаҳои тоҷикие, ки аз ибтидои асри ХХ ба забони тоҷикӣ нашр мегардиданд, аз ҷумла «Овози тоҷики камбағал», ки соли 1924 бо сарварии А.Қурбӣ рӯйи чопро дид, бо ғояҳои ҷадидӣ пайвастагии қавӣ дошт. Аз ин бармеояд, ки ҳамдиёрони тоҷики мо, инчунин рӯзномаи онҳо, чӣ дар гузашта, ки марзи расмии Ӯзбекистон расман ташаккул ёфтааст ва чӣ дар даврони истиқлолият барои рушду равнақи Ватан фаъол будааст.
Дар солҳои истиқлол мазмун ва қиёфаи рӯзномаи «Овози тоҷик» тағйир ёфт. Пеш аз ҳама ба он номи аввалааш баргардонда шуд. Рӯзнома ба номи пурмаънои таърихиаш баргашт. Аз номҳое, ки дар давраҳои гузашта бо талаби сиёсати он замон гузошта мешуд, даст кашид. Ба овози Ӯзбекистони мустақил, ба овози ҳақиқии тоҷик баргашт. Аз аввали солҳои истиқлол ба сифати нашрияи меҳанпарвару ватандӯст шинохта шуд, ки то имрӯз хоси ин таъриф аст.
Аз он ифтихор дорем, ки нафақат мушоҳидакори рӯзномаи Олий Маҷлис ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон — «Овози тоҷик» ҳастем, балки мо бо ин рӯзнома дар роҳи як мақсад фаъолият низ мебарем. Ғояҳои мо оиди самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, маданиву маърифатӣ ва сиёсии мамлакатамон як хел буда, нашрияи ҳамқадам ҳастем, ки дар ин манзилу макони муштарак қарор дошта, дар ҳамфикрӣ фаъолият мебарем.
Аҳли ҷамоаи заҳматписанд, фидоӣ ва барои ҳамаамон азизу муҳтарами «Овози тоҷик»!
Садсолагии нашрия ба шумо муборак бошад! Хоҳишманди онем, ки ин овози пояндадори рӯзнома дар асрҳои оянда низ садо диҳаду бо рӯҳияи баланд дар хидмати мардум бошад!
Чорӣ ЛАТИПОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи «Қишлоқ ҳаёти»,
Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон.