Замони бачагиам калонсолон мегуфтанд: «Умри одам оби ҷӯй барин тез мегузарад».
Мо он гоҳ ба моҳияти ин гуфтаҳо чандон сарфаҳм намерафтем. Имрӯз, ки синнам ба 84 расидааст, ба ҳақиқат будани ин суханон гувоҳам. Гӯё дирӯз буд, мактабхон будем. Азбаски деҳаамон дар наздикии шаҳри Бухоро воқеъ гаштааст, касби зардӯзиро омӯхта, дар фабрикаи зардӯзии шаҳр ба кор даромадам. Заҳматҳои тӯлониам дар соҳаи зардӯзӣ бесамар намонд. Соли 1982 сазовори унвони «Мусаввири халқии Ӯзбекистон» шуда бошам, соли 1995 унвони олии «Қаҳрамони Ӯзбекистон» насибам гашт. Замоне дӯхтани пардаи Театри Калони опера ва балети ба номи А. Навоии пойтахтро ба камина бовар карда буданд. Сарфарозам, ки бештар аз 200 нафар шогирдони зардӯз дорам. Ӯзбекистон ватани сермиллати мост. Ман, ки ҳашт сол дар мактаби деҳа – атрофи Чорбакри ноҳияи Бухоро ба забони модариам – тоҷикӣ таҳсил гирифтаам, ба забони давлатӣ чандон балад набудам. Аз ин рӯ, вақте ки дар маҷлису анҷуманҳо бандаро барои сухан ба минбар даъват менамуданд, на ҳамеша ин таклифҳоро қабул карда метавонистам. Тадриҷан баъди машқу омӯзиш, ниҳоят, забони давлатиро низ хуб омӯхтам.
Рӯзномаи «Ӯзбекистони сурх» («Овози тоҷик»-и имрӯза) солҳои мактабхонӣ ҳамдами мо буд. Сарбаландам, ки дар ин рӯзнома дар бораи комёбиҳои меҳнатии банда низ мақолаҳо чоп шудааст. 25 августи соли ҷорӣ 100-сола шудани «Овози тоҷик»-ро шунида сарам ба осмон расид. Охир, ин рӯзномаи «мӯйсафед», ки ба забони модариамон – тоҷикӣ чоп мешавад, мояи ифтихори мо аст.
Ҷашни 100-солагиат муборак бод, рӯзномаи ба дилу дида наздик!
Муяссар ТЕМИРОВА,
Қаҳрамони Ӯзбекистон.
Шаҳри БУХОРО.