ҶАШНАШ ЧУН НОМАШ ХОТИРМОН БОШАД

«Овози тоҷик» аз рӯзи нахусти пайдоиши худ то имрӯз баҳри баланд бардоштани тафаккуру шуури сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву хештаншиносӣ хидмат менамояд.

Номи дилнишину пурмуҳтаво, садои оҳангдораш ифтихори халқу миллати бузургаш ба шумор меравад. Он мисли шамси партавфишон ва моҳи пурнур бо таълифоти нотакрор ақлу идрок, дилу дидаҳоро пурнуру равшан гардонида, ба ҳар як намояндаи халқу миллат соҳибмаърифативу ифтихормандиро илқо менамояд. 
Саҳифаҳои рангину пурмуҳтавояш фарогири намунаҳои жанри публисистию бадеӣ, дурдонаҳои нодири халқ – зарбулмасалу мақол, панду андарзҳои хотирмон,  маводи нотакрор мебошанд. Ин аст, ки «Овози тоҷик» солҳои тӯлонӣ дар рушду нумӯи  меъёрҳои забони адабӣ, маданияти нутқ ва жанрҳои публисистию бадеӣ саҳми босазо мегузорад.
«Овози тоҷик» бо фарогирии маводаш, нафақат дар байни мардуми Ӯзбекистон, инчунин дар байни мардуми мамолики Шарқу Ғарб шуҳрат пайдо кардааст. 
Табъу нашр, тайёр кардани шумораи рӯзнома кори осон нест. Он ранҷу заҳмати бисёр, донишу афкори пухта, санъату маҳорати бемисли рӯзноманигориро тақозо менамояд. Бо назардошти ҳувияти таърихӣ метавон гуфт, ки кормандони рӯзнома аз машаққату душвориҳо наҳаросида барои табъу нашри «Овози тоҷик» ҷонфидоӣ менамоянд. 
Сад сол сипарӣ гардида, «Овози тоҷик» садсола шудааст. Ба ҳамин муносибат журналистони соҳибқаламу шуҷоъ, кормандони ҷонфидо, мардуми рӯзномадӯсту рӯзномахон, муштариёни кӯчаку бузург, муассисони онро самимона табрику таҳният менамоям. 
Табъу нашри «Овози тоҷик» бардавому ҷовидон бошад!  

Таваккал ЧОРИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис, 
номзади илмҳои 
филология, профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: