Бухоро аз қадимулайём ба сифати яке аз марказҳои тамаддуни олам, маскани илму маърифат, тиҷорату ҳунармандӣ, дину диёнат ва ҳамзистии осоиштаи халқҳо шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Дар ин ҷо баробари тоҷикону ӯзбекон қавму миллатҳои дигар низ тӯли асрҳо бо ҳам аҳлу тифоқ ба сар мебаранд. Хушбахтона, ин анъана дар мамлакати мо имрӯз ҳам ба шарофати сиёсати оқилонаи роҳбари давлат торафт инкишоф меёбад.
Зиёиён хуб медонанд, ки аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ҳанӯз дар даврони аморати Бухоро, яъне соли 1912 таҳти унвони «Бухорои шариф» дар Когон интишор ёфтааст. Дар Бухоро на фақат мухлисони «Овози тоҷик» зиёданд, балки фарзандони худогоҳи ин сарзамини бостонӣ низ таҳти роҳбарии адиби бузурги ду халқи бародар Устод Садриддин Айнӣ бобати таъсис додану оммавӣ гардондани «Овози тоҷик» саҳми арзанда гузоштаанд. Алҳол дар ҳудудҳо ба амал омадани мулоқот, вохӯрӣ, тадбирҳои гуногуни фарҳангӣ ба муносибати 100-солагии «Овози тоҷик», бешубҳа, самараи ғамхорӣ ва эътибори давлат ба дӯстии халқҳост.
29 октябри соли равон факултаи филологияи ДДБ намуди идона дошт. Чанд рӯз ҷамоаи факулта якҷо бо Маркази милливу мадании тоҷикону форсҳои вилояти Бухоро – «Офтоби суғдиён» ба муносибати 100-солагии «Овози тоҷик» ба тадбири фарҳангӣ ва мулоқоти эҷодӣ тайёрӣ диданд. Инак, рӯзи интизорӣ фаро расид. Даъватшудагон пасу пеш ба факулта ташриф меоварданд. Сафи меҳмонон афзуд. Декан, доктори илмҳои филологӣ, профессор Қаҳрамон Тӯхсанов онҳоро бо ҳаёти факултет, ҷараёни корҳои басомонрасида шинос кард. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин ҷо дар қатори мутахассисони ояндаи соҳаи ахбор, филологҳои ӯзбеку рус филологҳои тоҷик низ тарбия карда мешаванд. Ҳоло шуъбаи тоҷикӣ се гурӯҳ дорад...
Даромадгоҳу роҳравҳои факултаро портретҳои асосгузарони адабиётҳои тоҷик, ӯзбек, рус, суратҳои якҷояи президентҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон, осору мусаввадаҳои онҳо, асарҳои бузургони адабиётҳо, дӯхтаҳои солҳои гуногуни «Овози тоҷик», шиору плакатҳо оид ба дӯстӣ ва ғайра оро медоданд. Дар гӯшае санъаткорони шуъбаи вилоятии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон бо либосҳои миллӣ таҳти роҳбарии Рауф Авезов суруду таронахонӣ мекарданд.
Мухбирону суратгирони «оинаи нилгун» саргарми мусоҳиба буданд.
Ба тадбир сармуҳаррири рӯзномаҳои «Бухоронома» – «Бухарский вестник», раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагон Шодмон Сулаймон ифтитоҳ бахшид. Вай аҳли қалам ва хонандагони рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро бо ҷашни садаи он табрик карда, меҳмонон – кормандони рӯзнома: ҷонишини сармуҳаррир Тоҷибой Икромов, мухбирони рӯзнома дар вилоятҳои Самарқанду Навоӣ Зоҳир Ҳасанзода ва Ӯзбакбой Раҳмонро ба ҳозирон муаррифӣ намуд. Сипас, аз хусуси машаққати касби рӯзноманигорӣ ҳарф зад.
Навбат ба донишҷӯёни шуъбаи тоҷикии ДДБ расид. Онҳо ба иштироккунандагони тадбир дар бораи таърихи якасраи «Овози тоҷик», мақоми вай дар ҷомеа, ҳайати таҳририя ва хабарнигорони рӯзнома маълумот дода, дар васфи рӯзнома ва забони модарӣ шеърҳо қироат карданд.
Азбаски иштироккунандагони тадбир, хусусан донишҷӯён гунонунзабон буданду мулоқоти эҷодӣ ба иди дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек шабоҳат дошт, табрику маърӯзаҳо ба ҳар ду забон сурат гирифт.
Ҷонишини сармуҳаррири «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов ҳангоми суханронӣ ба ироаи роҳи пуршарафи рӯзнома, масъулияти рӯзноманигорӣ, ғамхориҳои давлат, сарвати бебаҳо будани дӯстии халқҳоямон таваққуф намуд.
– Мо дар ин ду соли охир бори дуюм аст, ки аз эҳтиром ва меҳмондӯстиву меҳмоннавозии бухороиён бархурдор мегардем, – гуфт вай.
Маърӯзаи хабарнигори «Овози тоҷик», муҳаққиқи рӯзномаи «Бухорои шариф» Ӯзбакбой Раҳмон дар бораи нақш ва мақоми ин рӯзномаи аввалини тоҷикӣ барои иштирокдорони мулоқот шавқовар буд.
Мухбири «Овози тоҷик», нависанда Зоҳир Ҳасанзода зимни суханронӣ мақоми таърихии ду шаҳри бостониро чун мояи ифтихори мамлакат таъкид намуда, дархостҳои нек орзу кард.
Иштироккунандагони тадбир: роҳбари шуъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифат Марҳабо Пардаева, роҳбари шуъбаи вилоятии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Алӣ Чориев, раиси Маркази милливу мадании тоҷикону форсҳои вилояти Бухоро Рауф Авезов, мухбири ҷамоатӣ Алимурод Темиров ва дигарон аҳли эҷод ва мухлисони сершумори «Овози тоҷик»-ро чун парчамбардори дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, мояи ифтихор ва минбари волои тоҷикон ва тоҷикзабонони Ӯзбекистон табрику муборакбод намуданд.
Санъаткорони шуъбаи вилоятии филармония, аз ҷумла Ҳамид Ашуров, Ӯлмас Рустамов, инчунин раққосагон бо савту сурудҳои дилнишин ва рақсҳои ҷаззоб ба иштироккунандагони тадбир нишоту шодӣ бахшиданд.
Ҳамин тариқ, ҷашни 100-солагии «Овози тоҷик» дар Бухоро ба иди дӯстӣ ва меҳру оқибат табдил ёфта, хеле муассир ва хотирмон гузашт.
Амрулло АВЕЗОВ, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.