Дар Кохи анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» бахшида ба 27-солагии истиқлолияти Ватанамон тантанаи ҷашнӣ баргузор гардид.
Истиқлолият – неъмати бузург. Зеро он тамоми халқҳоро дар байни ҷомеаи ҷаҳон баробар гузошта, ба бахти соҳиби ҷойгоҳи худ ва сухани худ будан муяссар мегардонад ва аз ин лиҳоз низ ин ҷашни аз ҳама азиз ба шумор меравад.
31 августи соли 1991 – ин санаи бузургест, ки мамлакатамон ба чунин ғалабаи таърихӣ мушарраф гардид. Ин рӯзро, ки рӯзи ҷомаи амал пӯшидани орзуи деринаи аҷдод, эҳёи худшиносии миллӣ, рост гардидани қад ва қадрамон мебошад, ҳар сол халқамон бо шодиёнаи бузург ҷашн мегирад.
Қадру қимат ва аҳамияти истиқлолиятамон сол то сол меафзояд. Мамлакатамон ба зинаи нави тараққиёт қадам гузошта, дар тамоми соҳа ва ҷанбаҳо ислоҳоти куллӣ ба амал меояд, таҳаввулоти таҷдиди демократӣ ҷараён дорад. Давраи гузашта нишон дод, ки ояндаи бузург, озодӣ ва фаровонии ҳаётро танҳо дар асоси истиқлолият бунёд намудан мумкин аст.
Аз ин рӯ амиқ дарк намудан ва қадр намудани истиқлолияти мамлакат, санаҳои таърихӣ ва рӯйдодҳои вобаста ба он, аз ҳар ҷиҳат муносиб ҷашн намудан дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва маънавиамон ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст.
Бино ба қарори Президент Шавкат Мирзиёев аз 28 июни соли 2018, ба ҷашни 27-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон омодагии зиёд гирифта шуд.
Тантанаҳои асосӣ 31 август дар кохи анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» баргузор гардид. Дар он намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аъзои ҳукумат, ходимони вазорату идораҳо, ҳамватанонамон, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, ҳайати дипломатӣ ва сарпарастони ваколатхонаҳои ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок доштанд.
Ба қаср Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ворид гардид.
Роҳбари давлат ба минбар даъват гардид. Президент халқамонро ба муносибати 27-солагии истиқлолият табрик намуда, нутқ эрод кард.
Мадҳияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод. Ҳозирон дастони худро ба сари сина гузошта, ба суруди истиқлолият ҷӯр гардиданд. Дар оғӯши оҳанг манзараҳои Ватан, таърихи истиқлолият дар тасвирҳо инъикос ёфтанд.
Имрӯз дар забони ҳамдиёронамон суханони «Азизу ягонаам туӣ, Ӯзбекистони маҳбуб!» садо дода, аз дилҳо ба дилҳо мекӯчад.
Маъмулан, инсон рӯзи таваллуд ё умре, ки дар ҷашнҳо гузарондааст, корҳои амалинамуда ва ҳанӯз анҷомнадода, муваффақиятҳои ноилгаштаашро сарҳисоб мекунад. Пас, дар як соли охир дар мамлакатамон чӣ гуна ислоҳот, чӣ гуна корҳои созандагӣ ба амал омада, дар ҳаёти ҳамдиёронамон чӣ гуна тағйирот ба вуқӯъ пайваст, иқтисодиёти диёрамон то чӣ андоза инкишоф ёфт?
Ба шарофати сиёсати ҷории оқилонаи роҳбари давлат Ӯзбекистон ба зинаи нави тараққиёти худ қадам мениҳад. Бино ба тамоили «Давлати Ӯзбекистони озод, фаровон ва демократиро якҷоя бо халқи марду олиҷанобамон бунёд мекунем», дар бобати такомули мамлакат, беҳсозии сифат ва самаранокии сохтори идораи давлат ислоҳоти куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Фаъолияти мақомоти идора такмил ёфта, бисёр вазорату идораҳо аз нав ташкил гардида, созмонҳои нав таъсис ёфтанд.
Самтҳои устуворе, ки дар Стратегияи ҳаракат, ки аз ҷониби Президент таҳия гаштааст, боварии мардумамонро ба оянда боз ҳам мустаҳкам намуд.
Бино бар тамоилҳои олиҷаноби мисли «Манфиати инсон – аз ҳама воло», «На халқ ба идораҳои давлат, балки идораҳои давлат бояд ба мардум хизмат намояд», тарзи замонавӣ ва самараноки мулоқот бо халқ роҳандозӣ гардид. Бино бар он ба туфайли мулоқоти доимӣ ва кушод бо аҳолӣ имкон медиҳад, ки муаммоҳои мавҷуда дар ҷояш ҳал гардида, ба афзоиши фаровонии халқамон хидмат менамояд.
Дар мамлакатамон соли 2018 Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология эълон гаштааст. Бино бар он дар назар дошта шудааст, ки тибқи Барномаи давлатӣ дар ҳаҷми 11 триллиону 200 миллиард сӯм ва 1 миллиарду 300 миллион доллари ИМА кор бояд ба амал ҷорӣ гардад. Барои таъмини иҷрои барнома корҳои доманфарох бурда мешавад.
Чунин чорабиниҳои бонизом, ки андешида мешавад, барои рушди устувори ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоиамон хидмат менамояд. Фақат барои бо суръати баланд тараққӣ додани соҳаи саноат минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҳудудҳои саноати хурд ташкил гардид. Дар минтақаҳои мазкур садҳо лоиҳаҳо ба амал ҷорӣ гардиданд. Дар натиҷа бисёр маҳсулоте, ки собиқ ба миқдори зиёди асъор аз хориҷ харид мегардид, дар кишварамон истеҳсол намудани онҳо роҳандозӣ гардид. Барои бунёд намудани соҳаҳои истиқболнок ва замонавӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, роҳандозии низоми кластер, афзоиши натиҷагирӣ аз кори хоҷагиҳои фермерӣ эътибори алоҳида дода мешавад.
Бо кор таъмин намудани аҳолӣ, хусусан занон ва ҷавонон аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар ин замина муносибати амалӣ ва бархурд ба он тағйир ёфт. Иштиёқи одамон ба меҳнат афзуд, сафи онҳое, ки хоҳиши бо тиҷорат машғул шудан пайдо гардид, зиёд шуданд. Дар ҳар як хонавода муҳити соҳибкорӣ ташаккул меёбад.
Натиҷаҳои ин корҳо мебошад, ки дар ду соли охир дар мамлакат беш аз 700 ҳазор ҳамватани мо бо кор таъмин гардида, саҳми асосии бо кор фарогирифташудагон ба соҳаи соҳибкорӣ рост омад.
Бино бар маълумотҳои мавҷуда, дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ даромади умумии воқеии аҳолии мамлакатамон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз афзуд. Ин татбиқи амалии эътибори доимӣ ба рушди соҳибкорӣ, тиҷорати оилавӣ, соҳаи хидматрасонӣ, хоҷагии наздиҳавлӣ ба шумор меравад.
Ҳоло ки барномаи «Ҳар як хонавода – соҳибкор» ба амал татбиқ мегардад, қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ба дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои хоҳишмандони бо соҳибкорӣ машғулгарданда, ҷудо намудани кредитҳои имтиёзнок, барои онҳо мададрасонии амалии низомноки идораҳои масъул дар ҳар як марҳалаи ташкил ва татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ нигаронда шудааст.
Барои ҷавонон барои касби дониш ва касби замонавӣ, комилан ба амал татбиқ намудани истеъдод ва зарфияташон имконоти васеъ ба вуҷуд оварда мешавад. Муассисаҳои нави таълими олӣ, филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ба вуҷуд оварда шуда, квотаи қабул зиёд гардида, дар бисёр самтҳои таълим шуъбаҳои ғоибона кушода шуданд.
Барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо», ки бо мақсади муттасил идома додани сиёсати давлатии ҷавонон қабул гаштааст, ба туфайли он имконоти ҷавонон боз ҳам афзуд. Барои татбиқи он 786 миллиард сӯм равона гаштааст. Дар натиҷа беш аз 100 ҳазор ҷавонон бо кор таъмин мегарданд.
Дар доираи барнома дар ҷамоатҳои шаҳрвандони 46 ноҳия ва шаҳр марказҳои меҳнати ҷавонон ва марказҳои соҳибкорони ҷавон бунёд мегарданд.
Ислоҳоти минбаъдае, ки дар бобати низоми суду ҳуқуқ ба амал ҷорӣ мегардад, хеле доманадоранд. Чорабиниҳое, ки бино бар принсипҳои «Қонун ва адолат – аз ҳама афзал», «Ҷазо барои ҷиноят – бебозгашт» ва зери шиори «Ҳақиқат дар бораи ҷиноят ва адолат» андешида мешаванд, натиҷаҳои баланд мебахшанд.
Натиҷаи ислоҳот дар ҳаёти рӯзмарраи мо эҳсос мегардад. Барои таъмини чунин эҳтиёҷоти муҳими ҳаётӣ чун манзили замонавӣ ва амволи истеъмолӣ, дастрасӣ ба хидмати баландмалакаи тиббӣ шароит ва имконот васеъ мегардад. Барномаҳои «Деҳоти обод» ва «Маҳаллаи обод», ки бо мақсади ободонии маҳалҳои аҳолинишин, баланд бардоштани дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолӣ руҳи таҷдид ва фазои созандагӣ мебахшад, ки ин ҳатто дар дурдасттарин ноҳияҳои мамлакатамон эҳсос мегардад. Муносибат ба ҳаёт, кайфияти одамон тағйир ёфта, дар деҳот маданияти ҳаёт баланд мегардад. Дар доираи барномаҳои мазкур сохтмон ва ободонӣ дар 416 деҳа ва 105 маҳалла фаъолона идома дорад.
Бино бар талаб ба манзили замонавӣ соли 2017 дар мамлакат 191 иморати бисёрошёнаи арзони дорои 8 ҳазору 121 ҳуҷра бунёд гардид. Ин кори нек дар соли ҷорӣ низ идома ёфта, имрӯзҳо боз 335 иморати бисёрошёна ба баҳрабардорӣ супурда мешавад. Ба хонаҳои нав беш аз 13,9 ҳазор оила кӯчида мегузарад, ки ин нисбат ба соли 2017 ду баробар зиёд аст.
Дар якуним соли охир барои аҳли деҳот аз рӯи лоиҳаҳои нав 38 ҳазору 543 хонаи шинам сохта шуда, 40 ҳазор оила соҳиби хонаи нав гардид. Соли ҷорӣ сохтмони боз қариб 27,5 ҳазор хона, ки барои иқомати 35 ҳазор оила муқаррар гаштааст, идома дорад. Ҳамзамон ба талаб ва хоҳиши оилаҳои камтаъмин, шахсони ногиро эътибори доимӣ дода мешавад. Он нукта аз ин гувоҳӣ медиҳад, ки дар ду соли охир беш аз ҳазор шаҳрванди чунин тоифа бо манзил таъмин гардид.
Бино бар ғояи «Агар мардум бой бошад – давлат низ бой ва муқтадир хоҳад буд» ба вогузоштани имконоти васеъ ба аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи даромади воқеии он, минбаъд инкишоф додани соҳибкорӣ, бавуҷуд овардани ҷойҳои кор, афзоиши содирот эътибори алоҳида нигаронда мешавад.
Бо бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, хусусан давлатҳои ҳамсоя муносибат хуб гардид. Президенти мамлакат аввалин ташрифоти давлатии худро маҳз ба мамлакатҳои ҳамсоя анҷом дод. Принсипи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба ба ҷойи рақобат имконоти ҳамкории иқтисодиро васеъ намуда, бехатарии минтақавӣ ва мусолиҳаи байнимиллиро боз ҳам мустаҳкам намуд.
Коршиносони байналхалқӣ сиёсати хориҷиро олӣ арзёбӣ менамоянд, ки зери роҳбарии сарвари давлатамон татбиқ мегардад ва онҳо аҳамияти роҳи интихобнамудаи сулҳхоҳона ва прагматикии Ӯзбекистонро барои барқарорсозӣ ва мустаҳкамсозии фазои эътимоди ҳамдигар ва дӯстона дар Осиёи Марказӣ зикр менамоянд.
Муносибат бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар ниҳодҳои байналхалқӣ дар дараҷаи нав инкишоф меёбад. Соли ҷорӣ ташрифоти Президенти мамлакатамон ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин ва Туркманистон баргузор гардида, роҳбарони Туркия, Туркманистон ва Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид намуданд.
Ҳамаи ин махсусият дар барномаи идона, сурудҳои садодода ва баромади дастаҳои милливу этнографӣ инъикос ёфтанд.
Имсол барномаи тантанавии ҷашнӣ хусусияти алоҳида дошт. Суруду шеър, ки Ватан, истиқлолият ва шуҷоатро тараннум мекунанд, баромади хизматчиёни ҳарбӣ, рақси бачагон якдигарро дар саҳна иваз намуданд. Намунаҳои классикаи ҷаҳон садо доданд. Тантана бо суруди «Ӯзингдан қӯймасин, халқим!» ба поён расид.
Чорабиниҳои идона ва сайрҳои халқӣ дар тамоми шаҳру деҳоти мамлакатамон идома доранд.
Алоуддин ҒАФФОРОВ,
хабарнигори ӮзА.