ҶАШНИ БОШУКӮҲЕ ДАР КИШВАРИ ҲАМСОЯ

Дар хона паси компутер нишаста машғули кор будам, ки занги телефон баланд шуд.

Дар хона паси компутер нишаста машғули кор будам, ки занги телефон баланд шуд. Аз он тарафи гӯшӣ овози Мавлонҷон Шарифзодаро шунидам. Вай аз деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Боткенти Қирғизистон, бароям занг мезад. Мавлонҷон баъди аҳволпурсӣ гуфт, ки маро ба ҷашни 90-солагии падараш даъват мекунад.
Чанд сол муқаддам, вақте муқими Бишкек  будам, зуд-зуд ба деҳаи Учқӯрғон меомадам. Зимни сафар бо Шарифҷони Учқӯрғонӣ, ки аз тарғибгарони забони ноби форсии тоҷикӣ мебошад, инчунин муаллифи китобу маҷмӯаҳои зиёд низ ҳаст, дидору мулоқотҳо анҷом медодам. Ҳамеша суҳбатҳои ӯ ба ман ғизои маънавӣ мебахшид...
Саҳни тарабхонаи “Суғдиёна”, ки онро Мавлонҷон бо маблағи худ сохтааст, намои хосро касб карда буд. Он ҷо мардуми зиёд ҷамъ омада буданд. Дар байни меҳмонон шиносҳои деринаи худро дида хурсанд шудам. 
Мавлонҷон ҳамроҳи Ғафурҷон Шокиров ба истиқболам баромаданд
– Ин пандемияи куруно моро чанд муддат аз ҳамдигар ҷудо кард, – лаб кафонда гуфт бо таассуф Ғафурҷон, ки хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд аст. Вай дар баробари омӯзгорӣ, солҳои зиёд мудири мактаби ба номи Рӯдакӣ буд.
– Ин беморӣ дар байни мардуми мо хеле коҳиш ёфт. Давлату ҳукумат барои коҳиши он чорабиниҳои зиёд пиёда намуданд. Бо вуҷуди ин, эҳтиёт бояд кард. Зеро писари устод Учқӯрғонӣ – Баҳодурҷонро маҳз ҳамин вирус аз байни мо рабуд. Ҳоло ҷои ӯ дар ин маросими хурсандии падараш холист, – гуфтам ман низ бо таассуф ба Ғафурҷон...
Ровӣ эълон кард, ки ба истиқболи Шарифҷони Учқӯрғонӣ ҳама аз ҷой бархезанд ва ӯро пешвоз гиранд. Устод бардам қадамзанон вориди толор шуд ва пиру барно гулдастаҳои тару тозаро ба вай армуғон карданд. 
Шарифҷон Абдураззоқов, мутахаллис ба Учқӯрғонӣ соли 1931 дар деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар Донишкадаи муаллимтайёркунии Марғелон давом дода, соли 1953 ба мактаби деҳааш ба кор омадааст ва якчанд сол ба касби омӯзгорӣ машғул шудааст. Солҳои 1958-1962 дар вазифаи аввалин муҳаррири рӯзномаи тоҷикии “Байрақи мусобиқа”-и собиқ ноҳияи Қадамҷо кор кардааст. Баъд боз ба касби омӯзгорӣ идома дода, ба эҷоди шеъру достон, ҳикоя, хотираву ёддоштҳои худ шуғл варзидааст. 
Ногуфта намонад, ки Шарифҷони Учқӯрғонӣ муаллифи китобҳои тоҷикии “Панди падар”, “Панде аз даҳане”, “Таҷрибаи рӯзгор”, “Замони ман” ва  китоби “Умрамро барои ту сарф кардам” мебошад, ки он ба забони қирғизӣ таълиф шудааст. Учқӯрғонӣ бо медали “Барои хизматҳои шоиста”-и Тоҷикистон ва медали тиллои Хазинаи ба номи Абулқосим Фирдавсии Қирғизистон, инчунин нишони “Аълочии маорифи Қирғизистон”  сазовор гардидааст. Вай узви иттиҳодияҳои нависандагони Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад.
– Учқӯрғонӣ солҳои тӯлонӣ ба кори таълиму тарбия машғул шудаанд ва дар баробари адабу фарҳангомӯзӣ ба мо дарси одаму одамгарӣ низ омӯхтаанд. Даҳҳо шогирдони он кас соҳиби касбу кори гуногун мебошанд. Як гурӯҳи шогирдони устод ба таҳқиқоту пажуҳиш рӯй овардаанд ва имрӯз номзаду докторҳои фан мебошанд, – гуфт зимни ифтитоҳи маросими ин ҷашнвора раиси ҳукумати овули Учқӯрғон Аҳмадҷон Абдураҳмонов.
Баъд аз тариқи онлайн суҳбатро академики Академияи илмҳои тибби Қирғизистон, фарзанди фарзонаи ин диёр Абдуҳалим Раҳимҷонов идома дод. Суханронии ӯро аҳли маҳфил аз ҷой хеста гӯш карданд ва ба ин васила эҳтироми хоси худро нисбати вай нишон доданд. Вай солҳои зиёд раисии Иттиҳодияи ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Устод Рӯдакиро бар дӯш дошт. Раҳимҷонов чунин гуфт:
– Бародари арҷмандам, Шарифҷон! 90 соли умри бобаракататонро самимона муборак мегӯям! Шумо сутуни илму адабу фарҳанги тоҷиктаборони Қирғизистон муаррифӣ шудаед ва ин миссияи худро ҳоло низ идома медиҳед. Шумо барои як қатор олимони соҳаи тиб, ки аз деҳаи Учқӯрғон сабзида баромадаанд, ҳаққи устодӣ доред. Дар шаҳрҳои Тошканду Фарғона низ бархе аз онҳо ба кору фаъолият машғуланд. 
Ба дунболи ин навор овозхони тоҷики қирғизистонӣ Алиҷон Қосимов, ки барои ширкат дар ин ҷашнвора аз ноҳияи Лайлак омадааст, бо ин матлаъ шеъри устод Шарифҷони Учқӯрғониро замзама намуд:
Сарзаминат боғу роғон, 
Қирғизистони манӣ,
Ҳамҳудуду ошно бо Тоҷикистони манӣ.
Кӯҳсорат тавъаму обу ҳавоят беғубор,
Мардумонаш дӯст бо ҳам, 
ҷону ҷонони манӣ.
Ровӣ ба микрофон намояндаи Ассамблеяи халқи Қирғизистон Хуршед Ҳамробоевро даъват кард. 
– Ин туҳфаро аз номи Равшанбек Собиров, узви Парлумони Қирғизистон ва раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Устод Рӯдакӣ қабул фармоед, – гуфт Хуршед Ҳамробоев. 
Шарифҷони Учқӯрғонӣ байтҳои зиёдашро ба мавзӯи панду ахлоқи ҳамидаи инсонӣ низ бахшидааст. Вай аз ҷавонон даъват намудааст, ки аз падару модари худ ҳамеша хабар гиранд, нисбати дигарон беозор, дар амали худ накӯкор ва хушрафториро касб намоянд. 
– Намунаҳои зиёди ин гуна байтҳои устод дар радифи ашъори нобиғагони адабиёти форсу тоҷик ва ӯзбек ҳоло бинои Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Учқӯрғон, роҳраву пештоқҳои мактабҳову муассисаҳои томактабии онро зебу оро медиҳанд, – гуфт омӯзгори мактаби деҳа Назира Мадаминова.
Шарифҷон ду писари ҳузарби худро аз даст додааст. Аввал Давронбек ба таври фоҷиавӣ дар Русия зери алангаи оташ монд. Ҳанӯз дарду доғ ва фироқи ин писарро фаромӯш накарда, писарбузурги ӯ – полковники мустафъӣ Баҳодурҷон бар асари сирояти куруно ногаҳонӣ ин оламро тарк намуд ва  дарду фиғонашро ба осмонҳо дакка занонд. 
– Бо вуҷуди ҳамаи ин ранҷу азоб, падарам устувориро аз даст надоданд. Дуруст аст, ки аввал чанд рӯзро ба хамӯшӣ гузарониданд. Аммо ба кори Худованд шаккокӣ накарданд ва моро низ ба сабру қаноат даъват намуданд. Ин ҷашнвора ба далели марги ногаҳонии бародарам Баҳодурҷон андак бо таъхир баргузор гардид. 
– Ҳоло падарам синни 91-ро пур карданд, – гуфт Мавлонҷони тоҷир.
Дар ин маҳфил намояндагони Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон ва бахши вилоятии он, вакилони ҳукумати ноҳияи Қадамҷо, ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ ба устод Учқӯрғонӣ ифтихорномаҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва амсоли онро тақдим намуданд.  Сипас, омӯзгорони мактабҳои таълимоти ҳамагонии ҷамоати Учқӯрғон, ки номҳои Устод Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Садриддин Айниро гирифтаанд, дар бораи паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Шарифҷон, осори ӯ маълумот ироа намуданд. 
– Ин чорабиниро фарзандону дӯстонам фароҳам оварданд. Ба ин муносибат имрӯз кошонаи бошукӯҳи “Суғдиёна”-и деҳи мо аз қадами мубораки шумо, меҳмонони азиз ва дӯстони зиёд, нуру таровати тоза пайдо кард. Аз ҳарфу суҳбатҳои самимии шумо сарам ба осмон расид. Гуфторатон дар ҳақи банда бароям болу пар бахшид. Ба шумо ваъда медиҳам, ки боз ҳам бештару беҳтар ба эҷоди шеърҳои наву тоза машғул хоҳам шуд ва дар тарғиби забону фарҳанг ҳиссаамро хоҳам гузошт, – гуфт бо таъзими ба худ хос Шарифҷони Учқӯрғонӣ.
Дарвоқеъ, бар асоси ашъори ин адиб як гурӯҳ омӯзгорони мактаби миёнаи ба номи устод Садриддин Айнӣ намоишномаи хоси адабӣ-мусиқиро ба эътибори иштирокчиёни маҳфил ҳавола намуданд. Ин маҳфили зебову гувороро суруду таронаҳои Бобурҷон Шарофиддинов, Дилуфар Ҳаитбоева, Манзурахон Ҳусейнбоева ва Мамлакат Ҳаитбоева низ  рангинтару ҷаззобтар намуд.
Ногуфта намонад, ки Шарифҷони Учқӯрғонӣ маҷмӯаи навбатии шеъриашро барои чоп ҳозир намудааст. Ба гуфтаи ӯ муҳтавои ин шеърҳояш бештар мазмун ва мундариҷаи панду ахлоқиро фаро гирифтаанд ва барои наслҳои наврас гуфта шудаанд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон. 


Ватан – 
зебо баҳорон

Ватан зебо чу гулҳои баҳорон,
Насими дилфиреби кӯҳсорон,
Аҷаб дилкаш бувад ин марғзорон,
Ватан – зебо, ватан – зебо баҳорон!

Замину осмон бо боди Наврӯз,
Шукуфонид гулҳои дилафрӯз,
Ба шавқ оварда ҳам шабҳо ва ҳам рӯз.
Ватан – зебо, ватан – зебо баҳорон!

Лаби дарёи Исфайрам баҳорон,
Фараҳбахш аст мисли лолазорон,
Тапида қалби  шӯхи гулъузорон,
Ватан – зебо, ватан – зебо баҳорон!

Лаби лаълаш бувад чун ғунчаи нав,
Ба домаш баст қалби ман чу Хусрав,
Ба завқ омад дилам боз аз сари нав,
Ватан – зебо, ватан – зебо баҳорон!

Биё, бин, деҳи Учқӯрғон чӣ сон аст?
Фурӯғаш бекарону бехазон аст,
Ва духтарҳо-ш чун ҳури ҷаҳон аст,
Ватан – зебо ватан – зебо баҳорон!

Шарифҷони УЧҚӮРҒОНӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: