Ҳар як соли истиқлолияти кишварамон арзишманд ва муҳим аст.
Ҳар як соли истиқлолияти кишварамон арзишманд ва муҳим аст. Ва сиюмин солгарди истиқлолият – ин санаи пуршарафест, ки таърихи истиқлолияти моро фаро гирифтааст. Дар ин рӯзҳо халқи мо ин санаи пуршарафро бо хурсандии бузург пешвоз мегирад.
Соли равон тантанаи асосии идона дар боғи ба ифтихори ҷашн таъсисёфта, ки рамзан номи «Ӯзбекистони нав»-ро гирифтааст, баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нутқ эрод намуда, тамоми халқро бо сиюмин солгарди истиқлолият табрик кард.
Чи хеле ки маълум аст, дар тӯли асрҳо орзуи деринаи мардуми мо зиндагии озод дар ҷомеаи одилона буд. Вай дар роҳи муваффақ гардидан ба ин мақсади муқаддас озмоишҳои мураккабтарини роҳи худро далерона бартараф намуда, фидокорона мубориза бурд. Ҳеч як зулми аҷнабӣ ва зӯроварӣ натавонист халқро дар талошҳои некаш барои озодӣ шикаст диҳад. Тамоми таърихи қадимии мо аз ин шаҳодат медиҳад. 31 августи соли 1991 воқеаи воқеан бузурги таърихӣ ба амал омад, ки он дар тақдири ҷумҳурӣ гардиш гардид. Халқи мо, ки ҳамеша ба оянда боэътимод ва бо умедҳои бузург нигоҳ мекард, орзуи асринаи худро амалӣ намуд – истиқлолияти давлатиро ба даст овард, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлатамон Нахустин Президенти мамлакат Ислом Каримовро, ки истиқлолияти Ӯзбекистонро эълон карда, ба давлат дар таърихи мураккабтарин ва душвор раҳбарӣ кард, дигаргунсозиҳои бузурги таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ амалишударо ба ёд овард.
Дар тӯли солҳои истиқлолият оид ба бунёди давлат ва ҷамъияти нав кори зиёд анҷом дода шуд. Асосҳои давлатдории замонавӣ, шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ташаккул ёфтанд. Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойи муносиб пайдо намуд.
Ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон, озодии сухан ва дин – тамоюлҳои асосии демократия эътибори алоҳида нигаронда мешавад.
Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон қабул гардид. Чунин падидаҳои манфӣ ба мисли меҳнати маҷбурӣ ва меҳнати кӯдакон, ки солҳои тӯлонӣ барои мо мушкилоти бузург буд, комилан аз байн бурда шуданд.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори аввал дар таърихи худ узви Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон интихоб гардид, ки далели равшани дар дараҷаи байналхалқӣ эътироф гардидани ислоҳоти мо дар ин самт гардид.
Панҷ соли охир давраи озмоишҳои ғайриоддӣ буд. Хусусан пандемияи коронавирус, ки соли 2020 оғоз ёфт ва буҳрони иқтисодии аз он ба миёномада барои Ӯзбекистон ба сифати қисми ҷудонопазири ҷаҳон мушкилоти ҷиддӣ ба миён овард.
– Бо дастгирии Худованди мутаол, ба туфайли муттаҳидӣ ва меҳнати фидокоронаи мардум мо ин озмоишҳои душворро сазовор паси сар карда истодаем. Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд, ба марҳилаи нави рушди мо – давраи Ӯзбекистони нав ибтидо гузошт, – гуфт Президент.
Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ аз ин шаҳодат медиҳанд. Дар давоми солҳои 2017-2020 афзоиши иқтисодӣ дар мамлакат 18,3 фоизро ташкил дод, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард доллар расид. Муомилоти савдои хориҷӣ аз 24 миллиард доллари соли 2016 то 36 миллиард доллар бино бар ҷамъбасти соли 2020 афзоиш ёфт.
Мо эътимоди сармоягузоронро ба иқтисодиётамон ба таври назаррас мустаҳкам карда тавонистем. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳо дар муҳлати кӯтоҳ 2,1 маротиба, аз ҷумла сармоягузориҳои хориҷӣ – қариб 3 баробар зиёд гардид.
Заводҳои бузург, минтақаҳои хурди саноатӣ, иншооти инфрасохторӣ, IT-паркҳо ба истифода дода шуданд. Дар саноат ва кишоварзӣ низоми кластерӣ таъсис дода шуд. Дастгирии соҳибкорӣ ба таъмини шуғли аҳолӣ мусоидат мекунад.
– Имрӯз мо гуфта метавонем, ки Ӯзбекистон аз давраи душвортарин буҳрони ҷаҳонӣ мебарояд, – қайд кард сарвари давлат.
Ба 28 фоиз нисбат ба соли 2016 афзудани даромади воқеии маҷмӯӣ аз рушди иқтисодиёт далолат медиҳад. Барномаҳои бузурги дар доираи ислоҳот қабулшуда ба беҳбудии некӯаҳволии аҳолӣ хизмат мекунанд.
Дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» бисёр нуқтаҳои аҳолинишин обод карда шуданд. Дар солҳои 2017-2020 беш аз 140 ҳазор хонаҳо ва квартираҳои арзону хушсифат сохта шуданд. Ин рақам нисбат ба нишондиҳандаи соли 2016 қариб 11 маротиба зиёд аст.
Инчунин корҳои дар соҳаи иҷтимоӣ ба ҷо овардашуда қайд гардид. Низоми ёрии аввалияи тиббӣ ва ёрии таъҷилӣ сифатан тағйир ёфт. Марказҳои махсуси тиббӣ, поликлиникаҳо сохта шуданд. Ба туфайли чораҳои саривақтӣ имкони самаранок мубориза бурдан бо пандемияи коронавирус фароҳам оварда мешавад.
Натиҷаҳо дар соҳаи таълим низ шоистаи зикр аст. Фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ ба 62 фоиз расид.
Муассисаҳои таълимии намунаи нав, аз ҷумла мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва махсус созмон дода мешаванд. Танҳо дар соли 2020 дар мамлакат 56 чунин мактаб оид ба математика, 28 – оид ба кимё ва биология, 14 – оид ба информатика ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсис дода шуданд.
Дар тӯли панҷ соли охир дар кишвар 64 муассисаи нави таълими олӣ таъсис дода шуда, шумораи онҳо ҳоло ба 141 адад расид. Квотаи қабул ба донишгоҳҳо се маротиба зиёд гардид. Фарогирии ҷавонон ба таҳсили олӣ ба 28 фоиз расид. Дар ҳоле ки дар соли 2016 дар дараҷаи 9 фоиз буд. Ба ғайр аз ин омӯзондани ҷавонон ба касбҳои замонавии серталаб ба роҳ монда шуд.
Аҳамияти муҳими коре, ки оид ба таҳкими сулҳу осоиштагӣ дар кишвар ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад, таъкид гардид.
Ба шарофати сиёсати кушод ва амалии хориҷӣ солҳои охир нуфуз ва нақши сиёсии кишвари мо дар минтақа ва ҷаҳон ба таври назаррас баланд гардид. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоюл ба таҳкими боварӣ ва ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон пурзӯр мегардад.
Пеш аз ҳама, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ба роҳ монда шуданд. Дар сиёсатшиносии ҷаҳонӣ чунин мафҳум ба мисли «рӯҳи Осиёи Марказӣ» пайдо шуд. Дар арсаи байналмилалӣ аз номи минтақа ташаббусҳои нав ба миён гузошта мешаванд.
Ба рӯйдодҳои охир дар Афғонистон низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки Ӯзбекистон ба тамоюлҳои дастгирӣ намудани муносибатҳои дӯстӣ ва некҳамсоягӣ бо ин мамлакат содиқ мемонад, амалӣ намудани транзити ҳокимият дар Афғонистонро бо назардошти меъёрҳои умумэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, роҳи осоишта дар асоси ризоияти миллӣ фавқулодда муҳим меҳисобад.
Президент, инчунин, сафирони давлатҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ инчунин шарикони хориҷиро, ки дар ин маросим ҳузур доранд, хайрамақдам гуфта, ба онҳо таманноҳои беҳтарини худро изҳор намуд.
Таъкид гардид, ки ислоҳоте, ки бо дастгирии васеъ ва иштироки фаъоли халқи мо татбиқ мегарданд, хусусияти бебозгашт пайдо намуд.
– Солҳо ва асрҳо мегузаранд. Наслҳои нав меоянд. Аммо истиқлолияти мо, ки барои эҳёи давлатдории миллӣ, шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ чунин имкониятҳои бесобиқа фароҳам овардааст, ҳамеша дар таърихи шарифи Ватани маҳбубамон саҳифаи дурахшон, хомӯшнашаванда хоҳад буд, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.
Тантанаҳои идона бо барномаҳои бошукӯҳи консертӣ идома ёфт.
Ҷашни иди аз ҳама бузург, аз ҳама азиз – сиюмин солгарди истиқлолияти Ватанамон дар ҳамаи ҳудудҳо идома доранд.
ӮзА.