ҶАШНИ ДӮСТДОШТАИ МАРДУМИ БУНЁДКОР

Дар маҷмӯи «Ҳумо арена»-и пойтахт ба муносибати ҷашни Наврӯз тантана баргузор гардид.

Табиат зинда мегардад. Вай мисли Модаре аст, ки пероҳани сафеду сабз ба бар кардааст. Мисле ки дарахтҳои борвар шабеҳи гулҳои нафис барфи сафед пӯшидаанд. Ҷӯйборҳои байни адирҳо шир-шир мекунанд, мисле ки таронаи ҳаётро месароянд.
Наврӯз фаро расид, ки он ҳамеша башоратгӯ аз эҳё, зинда гардидани табиат, дар вуҷуди инсон бедор сохтани умед, боварӣ ва накӯроӣ. Наврӯз ба одамон сулҳ ва оромии мисли обу ҳаво зарурро овард. Дар атроф ҳама сабза ба бар намуда, аз онҳо раёҳини гулҳои баҳорӣ меояд.
21 март. Маҷмӯи боҳашамати «Ҳумо арена» идона оро дода шудааст. Бозиҳои мардумии хоси Наврӯз ташкил гаштааст. Дар хонҳои наврӯзӣ таомҳои баҳорӣ.
Садои карнаю сурнай аз оғози ҷашн пайғом медиҳанд.
...Рӯшноии саҳнаи асосӣ ва ҷилоҳои гуногуни ранга ҳашамати ин кохро боз бештар собит менамояд. Ба ид сенаторон ва депутатҳо, аъзои ҳукумат, арбобони илм, маданият, санъат, варзишгарон, мутарҷимон, пешқадамони истеҳсолот, соҳибкорон, намояндагони насли куҳансол, ҳамватанонамон аз кормандони соҳаи гуногун, намояндагони сафоратхонаҳои мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқие, ки дар мамлакатамон фаъол мебошанд, ҳозир гардиданд.
Иштирокдорони тантана бо чапакзанӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро пешвоз гирифтанд.
Роҳбари давлат ҳамаро бо Наврӯз табрик намуд.
Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои инсоният аст. Имрӯз онро дар тамоми сайёра бо шодмонӣ пешвоз мегиранд. Бинобар қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ аз 23 феврали соли 2010 21 март дар тамоми ҷаҳон чун Рӯзи байналхалқии Наврӯз таҷлил мегардад.
Умуман дар ҷаҳон ҷашнҳои миллӣ зиёданд, пас чаро маҳз Наврӯз – соли нави шарқӣ – аз марзҳои миллиро убур намуда, ҷашни ҷаҳонӣ, арзиши башарӣ гардид? Чаро ки Наврӯз дар ҳамаи замонҳо рамзи сулҳ, мусолиҳа, дӯстӣ, муҳаббат ба Ватан ва табиат буд. Барои ниёгонамон ин рӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо чун зуҳури шараф, таҳаммул ва баробарӣ хидмат намуд.
Ҷараёнҳои таҷдид ва бедории табиатро дар ин рӯзҳои Наврӯз чун инъикосгари бозсозиҳои мамлакатамон номидан мумкин аст. Дар панҷ соли охир бинобар Стратегияи ҳаракат ислоҳоти зиёд дар тамоми соҳаҳо ҷорӣ гардида, намуди минтақаҳо тағйир ёфт.
Бо мақсади идома додани ин кор Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав ва Барномаи давлатии «Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол» қабул гардиданд.
– Халқамон ба марҳалаи нави тараққиёти миллӣ бо мақсадҳои нек ва бо дастовардҳои калони амалӣ дохил мегардад, – гуфт роҳбари давлат.
Мисоли равшани онро имрӯз дар шахси ҳар як оила, маҳалла, деҳа, авул ва шаҳр дидан мумкин аст. Дар мамлакат садҳо корхонаҳои замонавӣ, роҳ ва шабакаҳои коммуникатсионӣ, биноҳои шинам, кӯдакистону мактаб ва муассисаҳои олии таълимӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маданият ва варзиш сохта мешаванд.
Дар тамоми минтақаҳо мавзеъҳои иқоматӣ ва боғҳо, боғҳои маданият ва истироҳат, ки мо ба онҳо номи «Ӯзбекистони Нав»-ро мегузорем, бунёд мегарданд. Дар баробари барномаҳои «Маҳаллаи обод» ва «Деҳаи обод» дар тамоми мамлакат лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ба амал ҷорӣ мегардад. Дар ин рӯзҳои наҷиб мардумамон аз анъанаҳои неки Наврӯз нерӯву қувва ва илҳом гирифта, ҳашар баргузор менамояд, ниҳолу бута мешинонад. Гуфтан мумкин аст, ки саросари Ӯзбекистон аз рӯҳи бунёдкорӣ ва ҷашн саршор аст.
Президент дар табрики худ дар бобати моҳият ва аҳамияти Наврӯз, арзишҳои сулҳ ва осоиштагие, ки дар мамлакат ҳукмронӣ мекунанд, таваққуф намуд.
– Наврӯз ба мо сабақ медиҳад, ки сарзамини азизро гиромӣ дошта, ҳар як муғча ҳифз карда шавад ва худро ҷузъе аз табиат эҳсос намоем, ҳидоят мекунад, ки шафқатманду инсондӯст ва меҳрубон бошем. Дар ин лаҳзаҳои ҷолиб мо хусусан амиқ дарк менамоем, ки сулҳ ва оромӣ, аҳамияти беандозаи онҳо то чӣ дараҷа давлати беназир аст. Масъулияти худро барои таъмини ҳаёти бофараҳи халқамон дар имрӯзи ноором ва пурхатар, барои ояндаи фарзандон ва наберагон, осмони мусаффои Ватанамон амиқтар дарк менамоем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат намояндагони ҳайати дипломатии ҳозир, ҳамватанонамон дар хориҷро самимона табрик намуд.
Бинобар ҷашни Рӯзи маҳалла, ки 22 март қайд мегардад, ба унвони фаъолони соҳа, оқсақолон, ёварони ҳокимон ва пешвоёни ҷавонон низ суханони табрикӣ иброз гардид.
Ҷашн бо барномаи калони консертӣ идома ёфт.
... Баромади соҳибони оянда – фарзандон, хандаи солими онҳо, рақсҳои шӯх ва васфкунандаи Ватан, баҳор, бахти бачагӣ дар иҷрои ҳунармандони маъруф ба ҳозирини ҷашн кайфияти аъло ато намуд.
Дар мониторҳое, ки дар саҳна гузошта шудаанд, табиати кишварамон, ҳаёти ободи халқ, корҳои созандаи солҳои охир, ки дар қалбҳои иштирокдорони ҷашн эҳсоси ифтихор ва қаноатмандӣ аз муваффақиятҳои ноилгарданда ба вуҷуд овард, намоиш дода шуданд.
Пас аз он Президент Шавкат Мирзиёев дар сайрҳои мардумӣ ширкат карда, баромади марказҳои милливу маданӣ, дастаҳои фолклору этнографиро тамошо кард.
Наврӯз ҷашни дӯстдоштаи намояндагони тамоми миллият ва халқҳост. Сайр мунъакискунандаи ягонагӣ ва мусолиҳаи онҳо, дӯстии байни халқҳои мамлакатамон гардид.
Роҳбари давлат бо одамоне, ки дар ин ҷо сайр мекарданд, суҳбат намуд, онҳоро бо ҷашн табрик кард.
Сайрҳо бинобар ҷашни Наврӯз дар марказҳо, ноҳияҳо, деҳаву авулҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва тамоми вилоятҳо идома доранд.

Зиёдулло 
ҶОНИБЕКОВ,
хабарнигори ӮзА.
Суратгир: 
А. АБДУЛЛОЕВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: