ҶАШНИ ФАЙЗБОРИ ХАЛҚИ БУНЁДКОР

Дар маҷмӯаи «Ҳумо арена»-и пойтахт тантанаҳои ҷашни наврӯзӣ баргузор гардид

Ҳоло адирҳоро майсаи сабзгун пӯшонда, атрофро хониши паррандаҳову гулҳои гуногунранг ва гиёҳҳо фаро гирифтааст. Насими форами баҳор нозуктарин ҳисси ботинии инсонро бедор сохта, ба рӯҳияамон гӯё тозагие ворид месозад. Инсон, табиат низ айёми тозагӣ ва эҳёро, ки он Наврӯзи ҳуҷастапай мебошад, бо беқарорӣ ва муштоқӣ истиқбол менамояд.
Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост, мегӯянд дар урфият. Ин суханони ҳикматомез, ки аз таҷрибаи ҳазорсолаҳои аҷдодамон ҳосил гаштааст, гӯё барои имсоли мо гуфта шудааст. Гӯё баҳоре, ки ба диёри нозанинамон ворид гардид, аз боду ҳаво ва бино бар он серҳосилӣ, ризқу рӯзӣ дарак медода бошад...
Бале, ба диёрамон фасли сабз, ки инояти Офаридгор ва мӯъҷизаи табиат аст, қадам ниҳод. Авҷи баҳори имсол ба худ хос аст. Аз навбаҳорон насими форам ба вазидан даромад. Аз ин деҳқон рӯҳ гирифта, бо нияти нек ба кишту кор даромад. Дар шаҳру деҳот, маҳаллаву авул тадоруки баҳор дар авҷ аст: қудрати бунёдкории бузург, ободонӣ, нафаси покӣ, завқи эҳёву офарандагӣ дар ҳар қадам эҳсос мегардад.
21 март. Маҷмӯаи муҳташами «Ҳумо арена», ки ба қарибӣ дар пойтахт ба баҳрабардорӣ супурда шуд, ба таври идона оро дода шудааст. Анъанаҳои хоси Наврӯз, бозиҳои мардумӣ, тамошои дорбозӣ ташкил гаштааст. Дар суфраҳои рӯи кат таомҳои баҳорӣ гузошта шудааст.
Садои карнай ва сурнай танинандоз гардида, аз оғози ҷашн дарак медиҳад.
...Саҳнаи асосӣ бо чароғҳои гуногун, бо тасвирҳои рангоранг маҷмӯаи муҳташамро боз ҳам босалобат сохтааст. Ба ин ҷо сенаторон ва депутатҳо, аъзои ҳукумат, намояндагони илм, маданият, санъат, варзиш, пешқадамони истеҳсолот, соҳибкорон, пирони бадавлат, соҳибони касбу кори гуногуни мамлакат, вакилони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар кишварамон фаъолият доранд, ташриф овардаанд.
Иштирокдорони тантана Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо чапакзанӣ истиқбол намуданд.
Роҳбари давлат ҳамаро бо ҷашни Наврӯз табрик намуд. 
Оҳанги тараннумкунандаи рӯзи нав, эҳёи ҳастӣ дар саҳнаи кошонаи муҳташам танинандоз мегардад. Тасвирҳои рангҳои гуногуни сатҳи саҳна замин, ивазшавии тимсоли абадияти ҳаёт – фаслҳо, сурури табиати сабзро, ки ба диёрамон дохил гаштааст, таҷассум менамуд. Гулҳои зардолу, бол задани фароштурукҳои шӯх дар қалбҳо ҳисси аҷибро бедор месозанд.
Наврӯз мисли инсон аз ҷашнҳои қадимӣ ва абадӣ аст. Дар айни вақт ин ҷашн дар тамоми ҷаҳон бо шодиву хурсандӣ пешвоз гирифта мешавад. Бино бар резолютсияи Сарассамблеяи СММ аз 23 феврали соли 2010, 21 март чун Рӯзи байналхалқии Наврӯз дар ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Дар ҳоле ки дар ҷаҳон ҷашнҳои миллӣ зиёданд, чаро маҳз ин соли нави шарқонаи мардумамон – Наврӯз аз сарҳадҳои миллӣ гузашта, ба ҷашни ҷаҳонӣ, арзиши башарӣ табдил гардид? Чунки Наврӯз дар ҳама давру замон таҷассумгари оромӣ, осудагӣ, дӯстӣ, меҳру муҳаббат ба диёр ва табиати азиз будааст. Аҷдоди мо ҳазорсолаҳост, ки ин рӯзро чун ҷашни эъзоз, таҳаммул ва баробарӣ ҷашн намудаанд.
– Ҷӯе, ки об мерафт, об меояд, дар ин сухан маънои нозук нуҳуфтааст, – мегӯяд меҳмон аз ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё Рӯзиқул Ҳақбердиеви 75-сола. – Замонҳое буд, ки ин ҷашнро аз мо хостанд бигиранд, Наврӯзро аз хотирамон бардоранд. Шукри зиёд, ки Наврӯзамон дубора бароямон баргашт, чун ҷашни дӯстдоштаи халқамон, чун иди фараҳбахшу шодиёна ҳар сол бо касб намудани маъно ва мазмуни нав пешвоз гирифта мешавад.
Наврӯз айёми ободониву меҳру оқибат ва хайру саховат аст. Мардумамон имсол низ Сари солро моилона ба ин ҳиссиёти наҷиб пешвоз гирифт. Аз сари баҳор дар диёрамон корҳои ободонӣ ва сабзгардонӣ авҷ гирифт. Ҳашарҳо ташкил гардида, маҳаллаву кӯчаву хиёбонҳо обод гардида, дарахту ниҳолҳои мевадору манзаравӣ ва гулҳо шинонда шуданд.
Дар рӯзҳои ид ҷавонони боғайрат, соҳибкорони олиҳиммат ба муҳтоҷон мадади беминнат расонданд. Аз ҳоли беморон хабар гирифта шуд. Ҳамсоягон ба ҳамдигар аз ғизоҳои нодири наврӯзӣ ҳадя карданд.
Наврӯз бароямон чун иди бунёдкорӣ ва созандагӣ низ қадр дорад. Аз Наврӯз то Наврӯзи дигар дар мамлакатамон бунёдкориҳои бузург ба амал меояд. Ин анъанаи нек имсол низ идома ёфт. Садҳо иморат, корхонаҳои замонавӣ, қасрҳои маданият ва варзиш сохта шуд. Дар соҳаҳои саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт, сайёҳӣ ва ғайра лоиҳаҳои стратегӣ ба амал татбиқ гардиданд. Дар натиҷаи кӯшишҳое, ки барои барқарор намудани иқтисодиёт нигаронда шудааст, соли гузашта даромади воқеии умумии аҳолӣ нисбат ба соли 2017 12 фоиз зиёд гардид.
Эъзоз намудани қадри инсон, аз ҳама афзал донистани манфиати он шиори асосии тамоми зинаҳои ислоҳот муқаррар гашта буд, ки ин ҳама дар натиҷаҳои ноилгардида низ равшан ифодаи худро меёбад.
Барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод», ки бо ташаббуси Президент шурӯъ гардид, дар мамлакат бо нерӯи бунёдкории худ ҳама ҷоро фаро гирифт. Ин ба хотири он ки халқамон на фардо, на дар ояндаи дур, балки имрӯз бояд хуб зиндагӣ кунад – ҳамаи ин барои ба амал ҷорӣ намудани ин ғояи олиҷаноб хидмат менамояд.
Танҳо соли гузашта барои чунин корҳои сохтмон ва ободонӣ 3 триллион сӯм маблағ харҷ гардид. Дар натиҷа 416 деҳа қиёфаи нав касб намуд. Хуллас, зиндагии одамон тағйир ёфта, ҳаёташон мазмун касб кард.
...Баромади бачагон – ояндаи мо, хандаҳои шӯхи онҳо ва суруду рақсҳои ҷозибадори  васфкунандаи Ватан, баҳори сабз, бачагии бахтиёр дар иҷрои онҳо ба ҳама завқу шавқ мебахшад. Бузургии Наврӯз, ҷавонӣ ва навҷавонӣ дар назари чашм ҷилва мегардад.
Соли гузашта дар дигар соҳаҳои ҳаётамон, аз ҷумла дар илм, таълим ва тарбия, маданият ва санъат, варзиш ва ривоҷ додани ин ҷанбаҳо қадамҳои муҳим гузошта шуд. Хусусан ҷавононамон дар бозиҳои Осиё ва Параосиё дар Индонезия, Олимпиадаи навҷавонон дар Аргентина ҷойҳои баландро соҳиб гардиданд, ки моро хушнуд сохт.
Дар натиҷаи ислоҳоти самарабахше, ки дар тамоми соҳаҳои мамлакат ҷараён дорад, рақобатбардории иқтисодиёт мустаҳкам гардида, нуфузи Ватанамон дар арсаи байналхалқӣ баланд мегардад. Аз ҷумла, сиёсати кушод ва фаъоли хориҷии мамлакатамон дар маркази эътибори давлатҳои ҷаҳон қарор мегирад. Имрӯз сафи мамлакатҳое, ки Ӯзбекистонро чун ҳамкори боваринок мешиносанд, зиёд гардида, дар муносибати байналхалқӣ дӯстони мамлакатамон торафт зиёд мегардад.
Соли 2018 бо чунин давлатҳои ҳамкор қариб 20 ташрифи расмӣ ба амал омада, ба миқдори 52 миллиард доллар аз рӯи 1 ҳазору 80 лоиҳа аҳду паймон ба вуқӯъ омад. Ташрифҳои расмии Президентамон соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар ин росто  боз қадамҳои қатъӣ гардид.
– Шукӯҳи ба худ хоси ҷашни Наврӯз халқҳоро муттаҳид месозад, – гуфт Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Куриё дар Ӯзбекистон Квон Ён У. – Корейсҳо низ мисли халқи Ӯзбекистон удумҳоро вобаста ба табиат хеле қадр менамоянд. Чунин муштаракот муносибати дӯстонаи байни халқҳоямонро барои мустаҳкам намудан омили муҳим мегардад.
Соли гузашта дар доираи Барномаи давлатии «Соли соҳибкории фаъол, дастгирӣ намудани ғояҳои инноватсионӣ ва технология» ба баробари 21 триллион сӯм ва 1 миллиард доллар 76 ҳазор лоиҳа ба амал татбиқ гардида, дар бобати ба марҳалаи нав бардоштани тараққиёти мамлакат қадамҳои бузург гузошта шуд. Чунин корҳо дар доираи Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ низ муттасил давом дода мешавад.
Соли ҷорӣ дар доираи Барномаи сармоягузорӣ ҷалб намудани сармояи бевоситаи хориҷӣ ба миқдори 4,2 миллиард доллар ва аз ҳисоби ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ суръат бахшидани рушди иқтисодиёт дар назар дошта шудааст. Ин, дар навбати худ, дар ҳаёти ҳар як оила, ҳар як ҷамоа ба дигаргуниҳои нав боис мегардад, барои халқамон шодон ва бо осудагиву хотирҷамъӣ тантана намудани ҷашнҳо замина ба вуҷуд меорад. 
Президентамон дар арафаи ҷашни мардумии Наврӯз Фармонро «Дар бораи авф намудани гурӯҳи шахсоне, ки муддати  ҷазоро мегузаранд, аз кирдори худ пушаймонанд ва қатъиян ба роҳи дуруст даромадаанд» ба имзо расонд. Ин низ некӣ, меҳрубонӣ, инсонпарварӣ, меҳру оқибат ва бахшиш барин фазилатҳои олиҷаноберо, ки ба халқамон хос аст, ифода менамояд.
...Дар мониторҳои пушти саҳна тасвирҳои табиати диёр, ҳаёти фаровони мардум, бунёдкориҳои солҳои охир акси худро меёфтанд, ки дар қалби иштирокдорони ҷашн фахр ва мамнуниятро аз дастовардҳоямон ба ҷӯш меовард...
Дар Наврӯзи имсола дар тантанаҳо ба ҳунарҳои бадеию фолклорӣ ва ҷамоаҳои этнографӣ эътибори муҳим дода шуд. Анъанаҳои рангоранги ҳар як ҳудуд, лапару уланҳои онҳо иҷро карда шуд. Баромадҳои ҳунарии намояндагони ҳама миллат ва халқҳои мамлакатамон, ки дар диёри озодамон аз як гиребон сар бароварда зиндагӣ мекунанд, қалбҳоро аз ифтихор пур намуд.
Мардуме, ки нияти бузург дорад, кораш низ бузург мегардад, ҳаёташ равшан ва ояндааш фаровон мегардад. Мардумамон дар фикри бахти фарзандон ва камоли онҳо, дар пайи ободӣ ва фаровонии оянда, бо нияти нек ба пеш меравад. Тавре ки Президент таъкид намуд, имрӯз дар оғӯши табиати азиз фасли эҳё ва зиндашавӣ шурӯъ мегардад. Имрӯз Ӯзбекистони азиз низ ба давраи  нави тараққиёти миллии худ қадам мегузорад.
Дар тантанаи шукӯҳманди маҷмӯаи файзбор ин бори  дигар ифода гардид. Устодони санъат, иҷрогарони ҷавон бо сурудҳо дар мадҳи диёри азиз, истиқлол, таҷдид ва эҳёи табиат қалбҳои ҳозиронро ба мавҷ оварданд. Оҳангҳои мусиқӣ, рақсҳои дилбар, манзараҳои нотакрори саҳна ба ҳамагон завқ бахшид. Дар чунин лаҳзаҳо гӯё дар ҷону танамон ҳисси муҳаббат ва садоқатро ба Ватан, зуҳури меҳру оқибатро ба дигарон сиришта мегардонад.
Сайрҳои наврӯзӣ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва марказҳои вилоятҳо, ноҳияҳо, деҳаҳо ва авулҳо давом доранд.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори ӮзА.
Сурати Хидмати матбуоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: