Деҳаи Кӯлбостии ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд дар 20-23 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ мебошад.
Деҳаи Кӯлбостии ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд дар 20-23 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ мебошад. Дар қиёс бо деҳоти дигар ин чандон дур нест. Вале агар эътибори зарурӣ дода нашавад, инфрасохтор тараққӣ накунад, масофа низ моҳияти худро гум мекунад.
То ба наздикӣ дар деҳаи Кӯлбостӣ вазъият мушкил буд. Бисёр муаммоҳои вобаста ба оби ошомиданӣ ва таъминоти барқ, сифати роҳҳо, кори савдо ва хидмати маишӣ, ки асоси ҳаёти серу пури мардум ба шумор мераванд, ҷой доштанд. Дар фаъолияти муассисаҳои таълимиву тиббӣ низ камбудиҳои ҷиддӣ ба чашм мерасид.
Соли равон ҷавобан ба пурсиши роҳбарони ноҳияҳо ва депутатҳо, ҳамчунин ҷомеа пешниҳод шуд, ки деҳаи Кӯлбостӣ, инчунин деҳаи Қӯзигузар, ки дар маҳаллаи Ногаҳон ҷойгир мебошад, ба барномаи «Деҳаи обод» дохил карда шаванд. Аз аввали баҳор дар ин нуқтаҳои аҳолинишин сохтмон ва корҳои ободонӣ оғоз гардиданд.
Кор аз сохтмони маркази замонавӣ барои маҳалла, ки то ҳол вуҷуд надошт, ибтидо шуд ва дар муҳлати кӯтоҳ анҷом ёфт. Дар ин ҷо баробари бино барои ҷамоати шаҳрвандон китобхона, нонвойхона ва сехи хурди дӯзандагӣ бунёд гардиданд.
Шароити ҳаёти ҳар кадом 212 хонаводаи деҳа омӯхта, барои таъмири ҳавлиҳои онҳо кӯмак расонида шуд. Барои 2 оилаи камтаъмину эҳтиёҷманд манзили нав бунёд гардид. Ба 9 хонавода маводи сохтмон дода шуд.
– Мувофиқи барнома то имрӯз 2,5 километр роҳ асфалтпӯш ва 6 километр роҳ шағалпӯш карда шуд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯлбостӣ» Абдураҳим Абдувоҳидов. – Ба масофаи 1700 метр хати нави нақли барқ кашида, 65 симчӯб устувор карда ва 1 трансформатори наву чароғҳои шабона гузошта шуданд. Манори обтақсимкунӣ, ки ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта сохта шудааст, таъмир гардид, шабакаи 7 километраи таъминоти оби ошомиданӣ ба кор даромад. Ба аҳолӣ 135 баллони газ дода шуд.
Дар деҳа ҳамчунин шабакаи алоқа ба масофаи 3 ҳазор метр кашида шуд, ки дастрасии аҳолиро ба хидматҳои замонавии алоқа ва интернет имконпазир кард.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи барнома дар деҳа як қатор нуқтаҳои хариду фурӯш ва хидмати маишӣ ба кор даромаданд. Онҳо барои сокиноне, ки ба дафтарҳои «оҳанин», «занон» ва «ҷавонон» дохил гардидаанд, дар асоси вомҳои имтиёзнок ва бо дастгирии васоятгарон кушода шуданд.
– Мо – чаҳор арӯсем ва ҳамаамон дӯхтудӯзро медонем, дар мавридҳое, ки имконпазир буд, дар хона ҳам бо ин кор машғул мешудем ва ҳам кори оиларо иҷро мекардем, – мегӯяд сокини маҳалла Хуршеда Эргашева. – Ҳангоме ки дар деҳаи мо корҳои ободонӣ оғоз ёфтанд, прокурори ноҳия ва роҳбари сектори дуюм маслиҳат доданд, ки дар маркази маҳалла биное сохта, дар он устохонаи дӯзандагӣ ташкил кунем. Мо бо аҳли оила маслиҳат карда, ба сохтмони бинои хурд шурӯъ намудем. Ҳоли ҳозир дар ин ҷо бо арӯси хонавода Мадина кор мекунем, сару либос ва дигар ҷиҳози рӯзгордориро мувофиқи супориш медӯзем.
Ба мо боз чанд нафар занони маҳаллӣ ҳамроҳ шуданд. Ба онҳо касби худро меомӯзонем. Дар оянда ният дорем фаъолияти худро вусъат диҳем ва сехи дӯзандагӣ кушоем.
Дар сехи дӯзандагие, ки дар бинои маҳалла ташкил карда шудааст, алҳол беш аз даҳ нафар занони маҳаллӣ бо кор таъмин мебошанд.
Бинобар суханони амини маҳалла дар ибтидои сол 32 оилае, ки дар ин ҷо буду бош доранд, ба «Дафтари оҳанин», 63 нафар бонувон ба «Дафтари занон», 82 нафар ба «Дафтари ҷавонон» дохил карда шуда буданд. Тақрибан ҳамаи онҳо ҳоли ҳозир аз ин рӯихатҳо бинобар чораҳои андешидашуда хориҷ ва бо кор, бо манбаи даромади доимӣ таъмин гардиданд.
Зулола Ӯрозалиева низ соҳибхоназан ва ба «Дафтари оҳанин» дохил буд. Вай дӯзандаи хуб аст, бинобар ҳамин ҳам барояш мошини дарздӯзӣ пешниҳод карда, таклиф намуданд, ки сарварии сехро, ки дар маркази маҳалла ташкил карда шудааст, ба дӯш гирад.
– Бо назардошти он ки мо ба «Дафтари оҳанин» дохил будем, ба ман мошини дарздӯзӣ, ба шавҳарам мотокултиватор доданд, – мегӯяд З.Ӯрозалиева. – Баъд аз ин ҳаёти мо рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Дар сехи хурди маркази маҳалла рӯзе ду-се курта медӯзам, ба ҳамсоягон ва духтарони ҷавон касби худро меомӯзонам. Фармоишҳо мунтазам мерасанд, мо якҷо онҳоро иҷро мекунем. Вале ман бо ин маҳдуд намешавам, мақсад гузоштам, ки тиҷорати хешро ба роҳ монам ва сехи начандон калони дӯзандагии худро кушоям.
Алҳол дар деҳаи Кӯлбостӣ ва ҳамчунин Қӯзигузар дар доираи барномаи «Деҳаи обод» корҳои охирин иҷро мешаванд. Муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ мувофиқи талаби замон таъмир мегарданд. Бовар дорем, ки корҳои ободонӣ ба қарибӣ анҷом меёбанд ва сокинони деҳот 30-юмин солгарди истиқлолияти кишварро дар деҳаҳои замонавиву обод истиқбл мегиранд.
Ғолиб ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.
Суратгир:
А. ИСРОИЛОВ (ӮзА).