ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Имрӯзҳо тантанаҳои ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ дар сартосари ҷумҳурӣ идома доранд.

Имрӯзҳо тантанаҳои ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ дар сартосари ҷумҳурӣ идома доранд. Баробари оғози соли хониши 2020-2021 дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, мактабҳои касбу ҳунар, донишгоҳҳо ва муассисаву идораҳои дигари давлатии кишвар чорабиниҳои фарҳангию бадеӣ бахшида ба ҷашни истиқлолияти кишвар таҳти шиори “Дар Ӯзбекистони нав озодона ва фаровон зиндагӣ кунем!” баргузор мешаванд. 
Дар саҳни мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми ноҳияи Бӯка низ чунин чорабинии адабию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои рақами 9 ва 43-юми деҳаи тоҷикнишини Навобод фаъолона иштирок намуданд. Дар чорабинӣ омӯзгорон Холиқбердӣ Додобоев,  Сулаймонбек Содиқов, Раъно Набиева, директори мактаб Муҳаммадгиё Рабиев дар бораи истиқлолият, дастовардҳои кишвари мо, аз дигаргуниҳое, ки тӯли солҳои истиқлолият дар деҳаи Навобод роҳандозӣ шудаанд, ба хонандагон ва иштирокдорони чорабинӣ маълумот доданд, аз ҷониби хонандагони ҳарду мактаб шеърхонӣ дар васфи Ӯзбекистони азиз, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои бадеиву ҳаҷвӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд. Дар варзишгоҳи мактаб байни хонандагон мусобиқаҳои футбол, гӯштӣ ва таэквондо-ИТФ баргузор шуданд. Воқеан, ҷашни деринтизори халқи сермиллати мо, истиқлолияти давлатии мамлакат ҳамасола бо хушу хурсандӣ пешвоз ва ҷашн гирифта мешавад. 
– 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии мамлакатамонро якҷо бо хонандагони мактаб ҷашн гирифтан барои мо, омӯзгорон кайфияти дучанд мебахшад, – мегӯяд омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, дорандаи нишони сарисинагии “30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон” Сулаймонбек Содиқов. – Шеърхонӣ, рақсу бозӣ, саҳнаҳои бадеӣ ва ғайра, ки аз ҷониби хонандагон дар ҷашнҳои давлатӣ, зодрӯзи шоирон, чорабиниҳои адабию бадеӣ иҷро карда мешаванд, ба хонандагон ва иштирокдорон рӯҳ мебахшад. 

М. ҚОДИРЗОДА.
Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: