ҶАШНИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН

Ободии мамлакат, қиёфаи зебо ва замонавии он бо меҳнати пурмашаққати бинокорон бевосита алоқаманд мебошанд.

Биноҳои муҳташам, фаввораҳои ҳарранга, роҳҳои хушсифат, боғҳои хушманзара, кӯпрукҳои пурҳашамро дида, ба меҳнати онҳо тасанно мегӯем. Бо ташаббуси Президенти мамлакатамон якшанбеи дуввуми моҳи август Рӯзи кормандони соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудааст.
Ба чорабинии тантанавӣ, ки дар Қасри «Туркистон»-и Тошканд ташкил шудааст, бинокорон, меъморон, муҳандисон, роҳсозон, мутахассисони фидокори соҳа даъват шуданд. 
Чорабинии тантанавиро вазири сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Тӯхтаев бо нутқи муқаддимавӣ боз намуд.
Муборакбодии идонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба кормандони соҳаи сохтмони мамлакатамон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Раматов хонда дод.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар солҳои истиқлолият дар мамлакат анъанаи беназири меъморӣ ва шаҳрсозӣ ташаккул ёфтааст. Дар натиҷаи эътибори бузург додан ба корҳои сохтмон ва ободонӣ дар соҳаи мазкур комёбиҳои нав ба нав ба даст меоянд. Ба туфайли татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо, ки ба куллан нав сохтани қиёфаи меъмории шаҳрҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини деҳот, дар асоси талаботи замонавии шаҳрсозӣ ривоҷ додани онҳо, беҳтар гардондани шароитҳои манзилӣ ва иҷтимоиву маишии аҳолӣ нигаронда шудаанд, имрӯз мамлакатамон амалан ба майдончаи бузурги сохтмон табдил ёфтааст.
Барои амалӣ гардондани корҳои мазкури созандагӣ ташкилотҳои зиёди пудратӣ ва институтҳои лоиҳакашӣ самарабахш фаъолият нишон медиҳанд. Дар мактабҳои олӣ кадрҳои пурихтисос ва мутахассисон барои саноати сохтмон тайёр карда мешаванд.
Дар тӯли солҳои охир дар соҳаи сохтмон, меъморӣ ва лоиҳакашӣ қонунгузории миллӣ беист такмил меёбанд. Дар доираи барномаҳои мақсадноки тасдиқшуда аз рӯи лоиҳаҳои намунавӣ манзилҳои арзон, хонаҳои бисёрошёна қад меафрозанд. Аз ҷумла, хидматҳои бинокорони моҳирамон дар татбиқи пайвастаи барномаи «Маҳаллаи обод» ва «Деҳаи обод», ободонии соҳилҳои дарёву каналҳо калон аст. Дар муҳлати кӯтоҳ объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, қасрҳои муҳташами варзиш, иншооти бузурги инфрасохторӣ, биноҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, боғҳои ҷавобгӯи талаботи замон ба истифода супурда мешаванд. Бешубҳа, нақбҳо, кӯпрукҳо, пайвастҳои замонавии нақлиётӣ, марказҳои тиҷоратӣ ба таври куллӣ қиёфаи мамлакатамонро тағйир медиҳанд.
Рушди рӯзафзуни соҳаи сохтмон, истифодаи технологияҳои нав ва масолеҳи энергиясарфакунанда, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии ташкилотҳои сохтмониву пудратӣ ва лоиҳакашӣ, пурзӯр гардондани тайёр намудани кадрҳои пурихтисос барои онҳо зинаи нави рушди соҳаи мазкурро гузоштанд. Дар натиҷаи татбиқ намудани ислоҳот шаҳрсозӣ ва меъморӣ дар мамлакатамон ба зинаи сифатан нав баромад. Дар ҷараёни корҳои бузурги созандагӣ ба таъмир ва ободонии зиёратгоҳҳои гузаштагони бузургамон, ки ба рушди маънавияти миллиамон ҳиссаи бузург ҳамроҳ намудаанд, эътибори ҷиддӣ дода мешавад.
Дар чорабинӣ ба бинокорон, роҳсозон, муҳандисон ва меъморон, ки солҳои дароз дар соҳа фидокорона меҳнат кардаанд, мукофотҳои баланди давлатӣ – ордену медалҳо супурда шуданд. Нотиқон ба сарвари давлатамон барои эътиборашон ба рушди соҳа, фароҳам овардани шароит ва ҳаёти муносиби одамон, дастгирии ҳамаҷонибаи меҳнати бинокорон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.
– Меҳнати бинокорон ва меъморон солҳо, даҳсолаҳо самара  мебахшанд, – мегӯяд дорандаи ордени «Фидокорона хизматлари учун», директори ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кӯчма механизациялашган корхона»-и ноҳияи Андиҷон Тоҳирҷон Ҳомидов. – Аз дидани он ки бино ва иншоотҳои барпонамуда ба манфиати халқ, фаровонии ҳаёт, пешрафти кишварамон хидмат менамояд, бахти баландтарин ҳаст магар? Ҳамон дам аз самими қалб эҳсос менамоӣ, ки меҳнатат зоеъ нарафтааст, он ба мақсадҳои олӣ нигаронда шудааст. Эътибори бузурге, ки барои мо кормандони сохтмон дода мешавад, моро рӯҳбаланд гардонд. Ин бошад, ба боз ҳам бо ғайрат меҳнат кардан даъват менамояд.
Барномаи консертӣ бо иштироки устодони санъат ва иҷрокунандагони ҷавон ба ҷамъомадагон рӯҳияи идона бахшид.

Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: