Яке аз ҷашнҳое, ки кишоварзон бо хушу хурсандӣ пешвоз ва ҷашн мегиранд, иди қадимаи аҷдоди мо – ҷашни “Меҳргон”, бо ибораи дигар “Иди ҳосил” мебошад.
Тамоми зироат ва меваву сабзавоте, ки мо – деҳқонзодагон тамоми сол ҷамъоварӣ менамоем, дар назди дасторхони идона мегузорем ва онҳоро намоиш медиҳем. Ба наздикӣ дар саҳни мактаби рақами 43-юми ноҳияи Бӯка чунин чорабинӣ бо иштироки хонандагону омӯзгорони дабистон барпо гардид. Дар саҳни мактаб дасторхони пур аз меваву сабзавот ва зироати полизӣ, ки аз ҷониби хонандагони синфҳои 6-11-уми мактаб ба намоиш гузошта шуда буд, саҳнаи чорабиниро зеб мебахшиданд. Барномаи адабӣ, яъне рақсу суруд ва шеърхонии хонандагони мактаб дар васфи забон, тирамоҳ ва иди “Меҳргон” ба иштирокчиёни тадбир рӯҳи болида бахшид. Дар чорабинии ҷашни “Меҳргон” мусобиқаҳои варзишӣ, пухтани “Оши палав” низ гузаронда шуд. Аъзои ҳакам бобати баҳо додани “Ошпази беҳтарин”, “Дасторхони беҳтарин” ва ғайра ба меҳнати хонандагон баҳо гузоштанд.
Дар сурат: лавҳа аз ҷашни «Меҳргон».
Суратгир: М. ҚОДИРЗОДА.