ҶАШНИ НАВРӮЗИ ШИРБАДАН

Ширбадан яке аз мавзеъҳои хушманзара ва хушбодуҳавои Бухорои шариф буда, он дар самти офтоббарои шаҳри куҳан воқеъ гардидааст.

 Чи хеле ки Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-яш овардааст, дар ин ҷо дар ду тарафи роҳи  калоне, ки аз пеши чорбоғи амир (давраи ҳукмронии Амир Музаффар) мегузашт, сайргоҳи наврӯзӣ воқеъ гардида, он ҷо тантанаҳои наврӯзӣ ба амал меомад. Дар даҳҳо гектар майдон растаҳои тиҷоратӣ, қассобхона, майдони мусобиқаҳою бозиҳои гуногуни халқӣ, ошхона, айвонҳои тамошокунӣ барои амалдорон ва ғайра воқеъ гардида буд. Ба сайргоҳ на фақат аз шаҳру ноҳияҳои наздик, балки аз  Хатирчию Нурато барин ҳудудҳои дурдаст низ мардуми зиёд гирд меомадаанд. Дар Ширбадан, ки дар давоми асрҳо наврӯзгоҳи асосии амирони Бухоро маҳсуб меёфт, таҷлили Иди Наврӯз то 70 рӯз идома меёфтааст.    
Чоштгоҳии 27 марти соли ҷорӣ ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ширбадан (аз чӣ сабаб бошад, ҳоло онро бар хилофи таълифоти устод Айнӣ «Ширбудин» номидаанд) ба наврӯзгоҳ  табдил ёфт. Фарзандони асили ин мавзеъ бо мақсади эҳё кардани анъанаи деринаи бобоёнашон дар ҳамин маҳалла тайёрӣ дида, барои даъватшудагон ҷой ҳозир карданд. Онҳо меҳмонону мизбонони зиёдро ба ҷойи омодакардаашон – қафои бинои панҷошёна бо карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Дастархони рӯйи мизҳоро анвои гуногуни наврӯзӣ пурфайз гардонда буданд. Пешгоҳи давраро мӯйсафедон, собиқадорони меҳнат, кормандони ҳокимиятҳои вилояту шаҳр, фаъолони маҳалла, роҳбарон, олимону журналистон ва санъаткорон зеб медоданд.
Ҳозиронро ҷонишини аввали сардори Садорати дастгирии маҳаллаю собиқадорони меҳнат–раиси шӯрои «Нуронӣ»-и вилоят Самоиддин Ҳусенов, ҳокими шаҳри Бухоро Ҷамол Носиров, адабиётшинос, сармуҳаррири маҷаллаи «Нақшбандия», Корманди шоистаи маданияти Ӯзбекистон Султонмурод Олимов, яке аз ташаббускорони ин тадбир дар маҳалла, матншинос, доктори фалсафа оид ба илми таърих Комилҷон Раҳимов ва дигарон бо ҷашни Наврӯз дар маҳалла муборакбод намуданд. Маълум аст, ки Наврӯз ҳамчун иди бузурги аҷдодӣ ва рамзи олии инсондӯстӣ одамонро ба қадршиносии ҳамдигар ва меҳру оқибат ҳидоят месозад. Ҷашнгирии мӯлҷар дар ин айём анъанаи бостонии мост. Аз ин рӯ, иштироккунандагони тадбир собиқадори меҳнат, соҳиби медали «Шӯҳрат» ҳоҷӣ Раҳмат Раҳимовро бо синни мубораки 80, устоди мадрасаи олии «Мири Араб», хаттоти машҳур ҳоҷӣ Ғафурҷон Раззоқов, собиқадори меҳнат Самияҳоҷӣ Нуриддинова ва наврасони ҳудудро бо синни мубораки мӯлҷарашон табрик намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо супориданд.
Мо дар ин тадбир бо бисёр чеҳраҳои шинос рӯ ба рӯ омада, бо баъзеи эшон мулоқот кардем. Коргардони машҳури кино, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, фарзанди бовафои Бухорои шариф Бақо Содиқов аз ҷумлаи онҳост. Вай ҳамоно саргарми эҷод буду вақти холӣ надошт. Бештар дар бораи офаридани филмҳо аз хусуси мадрасаи Мири Араб, Ҷомию Навоӣ ва М. Беҳбудӣ фикр мекард. Дар айни замон шод буд, ки баҳри зинда кардани анъанаи ҷашни Наврӯз дар Ширбадан қадам гузоштаанд.
Бояд эътироф намуд, ки дастаҳои ҳунарии «Бухорча», «Ширу шакар» ва «Ситораи Моҳи Хосса» бо суруду рақсҳои анъанавии худ зери роҳбарии Абдурауф Авезов ҷозибаю шукӯҳи Наврӯзи Ширбаданро афзуданд.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.
Суратгир: Т. ИСТАДОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: