ҶАШНИ САДА БАРПО ШУД

31-уми январ дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироат, олоти кории деҳқонон, анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҷлил карда шуд.

31-уми январ дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҷашни  Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса  ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироат, олоти кории деҳқонон, анвои гуногуни таомҳои миллӣ  ва  ҳунарҳои мардумӣ  таҷлил карда шуд.

Он рӯз фазои боғ идона буда, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаи соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари  ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадимӣ ба ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст.
Ҷашни Сада аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад. Дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо барои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.
Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Бо ин умед марди деҳқон каландашро ба замин мезанад, то баҳори имсола низ сабаби рӯсурхии ӯ гардад. Деҳқон дар айёми ҷашни Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои заруриро дастрас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамояд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо иҷро менамоянд.
Дар ин рӯз чун анъанаи ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда буд. Дар дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ  бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат – мошкичирӣ, нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллӣ умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллӣ ба қонунгузории мамлакат ворид гардид.
Имсол низ чун анъана Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони ҷашнвора ва халқи Тоҷикистон паёми табрикии худро ирсол намуд.
Шоири маҳбубу хушбаён, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар шеъри «Ҷашни Сада» ин идро ба сӯи Наврӯз раҳкушоянда номида, хеле зебо ва дилнишин мегӯяд:
Сада сад раҳ кушояд 
сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд 
рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи 
Наврӯз.

АМИТ «Ховар».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: