Чанд рӯз пеш дар мактаби таълими умумии рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд бахшида ба гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва 100-умин солгарди таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Тадбирро Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон ва Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, омӯзгори ташаббускор Сулаймон Содиқов ифтитоҳ бахшид.
Дар бахши аввал донишомӯзони мактаб дар бораи рӯзгор ва осори Ҷалолиддини Румӣ маълумот дода, аз ашъори шоир ва аз ҳикоёти «Маснавии маънавӣ» намунаҳо қироат карданд.
Инчунин, бо иштироки хонандагони синфи ҳаштум ва нӯҳуми мактаб роҷеъ ба осори безаволи мутафаккири бузург ва шоири шӯҳратёр саволу ҷавобҳо ташкил гардид.
Дар бахши дувуми чорабинӣ сухан дар бораи рӯзномаи маҳбуб ва маъруфи «Овози тоҷик», нақши он дар пойдории миллат, таҳкими муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек ва ҳимояи арзишҳои милливу фарҳангӣ рафт.
Муовини сармуҳаррири рӯзнома Тоҷибой Икромов, муҳаррири бахши адабиёт ва ҳунар, шоир Абдулло Субҳон, муҳаррири бахши иқтисод, шоир ва тарҷумон Муҳаммад Шодӣ ва дигарон дар бораи фаъолияти садсолаи рӯзнома, дирӯз ва имрӯзи кори таҳририят ҳарф зада, намунаҳо аз ашъори худ хонданд.
– «Овози тоҷик» беш аз 100 сол инҷониб дар инъикоси ҳақиқати зиндагӣ ва рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии мамлакат, мустаҳкам намудани дӯстии байни миллатҳо хидмати мондагор мекунад, – гуфт Т. Икромов. – Албатта, дар пойдорӣ ва тӯли як аср чоп шудани рӯзнома муштариёни он низ нақши бориз доранд. Метавон гуфт, ки дар ин бобат омӯзгорони мактаби ҳамагонии рақами 9-уми деҳаи Навобод аз фаъолу пешқадамтаринҳо мебошанд, ки ҳамасола ба рӯзнома обуна шуда, онро дастгирӣ менамоянд. Фикр мекунам, ки дар баромадҳои ҷолиб, пурмӯҳтаво ва қироатҳои завқбахши имрӯзаи донишомӯзон низ рӯзнома нақши худро дорад. Бо эътимод гуфта метавонем, ки минбаъд низ робитаҳои ҳамкории рӯзномаву мактаб густариш меёбад ва теъдоди хонандагони рӯзнома боз ҳам меафзояд.
Рақсҳои милливу тоҷиконаи донишомӯзон зери савту оҳангҳои дилкаш чорабиниро шукӯҳи идона бахшид.
Ходимони рӯзнома ба китобхонаи мактаб китобҳои бадеӣ тӯҳфа карданд.
– Матбуот чун оинаи ҷамъият ва манбаи боэътимод дар инъикос намудани ислоҳоту тағйироти мамлакат мавқеи хоса дорад, – гуфт мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия Умед Султонов. – Албатта, дар ин самт дар байни рӯзномаҳои ҷумҳурӣ «Овози тоҷик» мақоми худро соҳиб аст. Яке аз самтҳои Панҷ ташаббуси муҳим низ ба тарғиби мутолиа нигаронида шудааст. Мо ният дорем, ки ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ намуда, дар донишомӯзон маданияти мутолиаро ташаккул диҳем ва байни онҳо китобу рӯзномахониро тарғиб намоем.
Фаридун ЙӮЛДОШЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.
Суратгир: Т. ХОВАРӢ.