ҶАШНИ ВАРЗИШ БА ҲИФЗИ АРАЛ БАХШИДА ШУД

Яке аз мушкилоти экологии рӯзмарраи минтақаи Осиёи Марказӣ ҳифзи баҳри Арал мебошад, ки чандин даҳсолаҳост ҳаллу фасл намегардад.

Мусобиқаҳои варзишии давидан «Save Aral» (ҳифзи Арал), ки аз соли 2019 баргузор мешавад, яке аз чорабиниҳое мебошад, ки ба масъалаҳои аз нав бунёд кардани минтақаи баҳри Арал ва бартарафсозии фоҷеаи он нигаронида шудааст. 
Чунин лоиҳаи иҷтимоӣ чорабинии хайриявӣ буда, барои баланд бардоштани дониш ва маданияти экологии аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло марафони мазкур ба ташаббуси васеъмиқёс табдил ёфтааст. 
Дар ноҳияи Турақӯрғони вилояти Намангон дар баённомаи ҷамъомади Девони Вазирон оид ба омодагӣ ва дар рӯҳи баланд баргузор намудани  мусобиқаҳои оммавии марафони  байналхалқӣ «Save Aral» ҷашни варзишии навбатӣ баргузор шуд. Дар он барои Ҷоми раиси ҷамъияти Агентии «Ӯзбекнефтегаз» ҳавасмандоне, ки аз ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳои вилоят ҷамъ омада буданд, иштирок карданд. Ба ғолибони номинатсияҳои гуногун туҳфаҳои қиматбаҳо супурда шуд.
– Дар мусобиқаи имрӯза, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти экологӣ ва ташвиқоти тарзи ҳаёти солим пешбинӣ шудааст, беш аз 300 нафар донишҷӯён иштирок карданд, – гуфт донишҷӯйи Донишкадаи муҳандису технологияи Намангон Иброҳим Рислиқов. – Қатори якчанд ҳамсолон ба ман низ ғолибӣ насиб кард. Мақсади мо ҳиссаи муносиб гузоштан ба тарзи солими зиндагӣ ва муҳити софи экологӣ мебошад. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: