Азбаски мо чанд сол боз дар Маркази ахбор–китобхонаи ноҳияи Фориш кору фаъолият менамоем, бинобар ин хуб медонем, ки баробари китоб рӯзнома ҳам баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавияти мардум нақши муҳим дорад.
Мо аз он хушҳолем, ки рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро дастрас менамоем, онро мутолиа мекунем. Хушбахтона, дар саҳифаҳои он ду-се маводи мо низ рӯйи чопро дид.
Имрӯзҳо ин рӯзномаи овозадор ба синни сад расид, яъне як асрро пур кард.
Мо аз номи кормандони Маркази ахбор–китобхонаи ноҳияи Фориш аҳли қалами «Овози тоҷик»-ро самимона табрику таҳният мегӯем. Ба онҳо комёбиҳои эҷодӣ ёр шавад. Бигузор рӯзнома солҳои сол ба хонандагон хидмат кунад.
Иди якасринаи рӯзномаи «Овози тоҷик» фархунда бод!
Муҳаббат АЯСОВА,
Нодира ОРТИҚОВА,
китобдорони Маркази ахбор–китобхонаи ноҳияи Фориш.