ҶАШНИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Дар саҳни мактаби мо бо ташаббуси маъмурияти мактаб ва омӯзгори фанни забони давлатӣ Шаҳло Оқбутаева бахшида ба санаи мақоми давлатӣ пайдо кардани забони ӯзбекӣ 21 – октябр чорабинии идона баргузор шуд.

Онро муаллим Сулаймонбек Содиқов ифтитоҳ намуд. Баъдан омӯзгорон, аз ҷумла омӯзгори фанни забони давлатӣ Шаҳло Оқбутаева дар бораи таърихи мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ, аҳамияти он ва рушду эътибори забони давлатӣ ҳарф зад.
Имрӯз мо баробари аз худ кардани забони давлатӣ дар мактаб бо забони модарии худ таълиму тарбия мегирем, сабақ меомӯзем.  
Аз ҷониби хонандагон-иштирокдорони чорабинӣ дар васфи забон шеърҳо, суханони пандомези бузургон, суруду рақс, саҳнаҳои тарбиявӣ ва ғайра пешкаши устодону хонандагон ва меҳмонон гардиданд. Чорабинӣ дар рӯҳи хеле баланд гузашт. Дар охир хонандагоне, ки дар тадбир фаъол иштирок карданд, аз ҷониби ташкилкунандагон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.  

Шодия МИРОВА,
хонандаи  мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: