ҶАШНВОРА БА ОХИР РАСИД, КОРАШ ИДОМА ДОРАД

Чанде қабл дар Тошканд Ҷашнвораи VI байналхалқии кино PROIogue, ки Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии «Ӯзбеккино», ҳокимияти шаҳри Тошканд, Маркази рушди кинематография, Иттифоқи кинематографистони ҷавон ва Комиссияи миллии кинои Ӯзбекистон созмон додаанд, кори худро анҷом дод.

Ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Русия Сергей Шакуров аз кори пурмашаққат натиҷагирӣ карданд. Бино ба натиҷагирӣ филми кӯтоҳметражаи Чонг Гил Хан (Кореяи Ҷанубӣ) - «Маро даъват мекунанд», филми миллии кӯтоҳметражаи «Чой» - и Шокир Холиқов (Ӯзбекистон), сенарияҳои Клод Ле Пейп, Хюберт Чаруэл (филми «Фермери хурд», коргардон Хюберт Чаруэл, Фаронса), актриса Мадина Талипбек, филми «Рӯмоли сурх» (Ӯзбекистон, Қирғизистон,  коргардон Сарвар Каримов), актёр Ақилбек Абдухалиқов, филми «Садамаи шабона» (Қирғизистон, коргардон Темирбек Бирназаров), оператор  Муҳаммад Факурӣ, филми «Гулнисо» (Эрон, коргардон Саттор Чамании Гул), коргардон Айда Бегич, филми «Маро танҳо нагузор» (Босня ва Гертсеговина, Туркия) беҳтарин  дониста шуданд. Гран-приро филми «Маро танҳо нагузор» (Босния ва Герсеговина, коргардон Айда Бегич, Туркия) ба даст даровард. 
Маросими  мутантани  мукофотсупорӣ ба соҳибҷоизагон дар Театри калони давлатии академии Ӯзбекистон ба номи А. Навоӣ баргузор шуд.  Коргардон Камара Камолова ва Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон, актёр Пӯлод Саидқосимов барои саҳми бузургашон ба рушди кинематографияи миллӣ, Ҳунарпешаи мардумии Русия, актёр ва коргардон Владимир Меншов барои саҳми бузургаш ба рушди кинематографияи ҷаҳон мукофотонида шуданд. Мукофоти махсуси ҷашнвора ба коргардон Марс Ӯринбосаров барои филми кӯтоҳметражаи «Омӯзгор» (Ӯзбекистон) ва коргардон Берик Ҷаҳонов барои филми кӯтоҳметражаи «Асан» насиб гардид.
– Ҳоло Шарқ дар ҳама самт пеш меравад, — гуфт Ҳунарпешаи мардумии Русия, коргардон Владимир Меншов дар суҳбат бо мо. — Ин бартарӣ дар ҷашнвора низ ҳис карда шуд. Таваҷҷӯҳи ходимони киноро кинематографияи Чин ҷалб намуд. Бисёр мехостам, ки кори ҷашнвораи Тошканд идома пайдо кунад.
Иштирокдори ҷашнвора, Ходими хидматнишондодаи маданияти Қазоқистон Рустам Абдрашев изҳор дошт: «Ин ҷашнвора аз он ки ба аудиторияи ҷавонон нигаронида шудааст, шоистаи таҳсин мебошад ва он на танҳо барои кинематографияи  Ӯзбекистон, балки ҷаҳон низ судбахш хоҳад буд».
Ҷашнвора анҷом ёфт, вале кори он идома дорад.

Флора ФАХРУДДИНОВА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: