ҶАШНВОРАИ “АБРЕШИМ ВА ЗИРАВОР” АНҶОМ ЁФТ

Дар майдони аз ҳар нигоҳ орододашудаи “Арк” маросими пӯшиши фестивали “Абрешим ва зиравор”-и Бухоро шуда гузашт.

Дар майдони аз ҳар нигоҳ орододашудаи “Арк” маросими пӯшиши фестивали “Абрешим ва зиравор”-и Бухоро шуда гузашт. Дар ин ҷо барои ҳазор нафар тамошобин ҷойи нишаст сохта буданд. Гуфта шуд, ки мардуми Бухоро аз тамоми иштирокдорони он сипосгузоранд.
– Мо аз дидори шумо, меҳмонони зиёди маҳалливу хориҷӣ, хабарнигорони расонаҳои гуногун хеле хушем. Ҳамаи шумо бобати хубу гуворо гузаштани ҷашнвораи «Абрешим ва зиравор» саҳм гузоштед, – гуфт ҳокими вилоят Ботир Зарипов.
Баъд ҳунармандони театри драмавию мусиқии вилоят ва овозхонҳои маъруф намоишнома ва барномаҳои консертии худро ба иштирокдорон пешкаш карданд.
Зимни як суҳбати бо хабарнигори шумо ҳокими вилоят Ботир Зарипов гуфт, ки Бухоро баробари он ки бо биноҳои таърихӣ ва ёдгориҳои беназири худ дар тамоми дунё машҳур гаштааст, дар баргузор намудани чорабиниҳои гуногун низ хеле фаъол аст. Сайёҳони зиёд аз тамоми олам ба ин ҷо меоянд ва аз дидани Арк, Манораи калон, Тоқҳои саррофону заргарону телпакфурӯшон ва амсоли он ангушти ҳайрат мегазанд, ба меъморону устоёни ин иншоот таҳсин мехонанд.
– Яке аз чорабиниҳои хуб фестивали “Абрешим ва зиравор” мебошад, ки ба ҷалби бештари сайёҳон мусоидат мекунад. Мутаассифона, ба сабаби паҳншавии куруно он соли 2020 баргузор нагардид. Ҳоло вазъи эпидемиологӣ хеле муътадил шуд ва ба роҳандозии ин фестивал мусоидат намуд. Инкишоф додани ҳунармандӣ ва тарғиби он дар миқёси ҷаҳон аз ҳадафҳои асосии ин ҷашнвора аст, – гуфт ҳоким.
Ӯ таъкид кард, ки аз қадим Бухоро аз шаҳрҳои тиҷоративу савдои Роҳи бузурги абрешим маҳсуб меёфт. Ҳамчунин дар ин шаҳр устоёни беҳтарини кулолгарӣ, чубкорӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ ва амсоли он зиндагӣ кардаанд.
Вақте ғояи баргузор намудани фестивали шоҳӣ ва зиравор рӯйи кор омад, он манзури ҳамагон гардид. Барои ҳамин ҳам ҷашнвора ҳамасола мегузарад ва ба яке аз чорабиниҳои муҳими бухориён табдил ёфтааст.
Мардум ба он бо шавқи зиёд мепайванданд. Се рӯз онҳо бо шодиву нишот дар ин дунёи гӯё афсонавӣ ғӯтавар буданд. Корвони уштурҳо ва селаи аспсаворон ба иштирокдорони фестивал таассуроти хотирмон бахшида, манзараҳои ҳазор соли пешро пеши назар ҷилвагар карданд, – гуфт дар хотимаи суҳбат Ботир Зарипов.
Ногуфта намонад, ки дар ҷараёни ҷашнвора як қатор конфронсҳои илмиву амалӣ низ баргузор гардиданд, ки таърих фарҳанг ва анъанаҳои мардумиро дар меҳвари гуфтугӯ қарор додаанд.
Зимни натиҷагирӣ бинобар номинатсияи иҷрогари беҳтарин ҷойи аввал аз рӯйи ҳунари мақомхонӣ ба дастаи “Намунавӣ”-и Департаменти фарҳанги вилоят насиб гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро мақомхонони ноҳияҳои Ғиждувон ва Бухоро ишғол карданд.
Бинобар номинатсияи дастаи беҳтарини фолклорӣ ҷойи аввал ба гурӯҳи “Қасри орифон”-и ноҳияи Когон, ҷойи дуюм ба дастаи “Мардона”-и ноҳияи Вобкент ва ҷойи сеюм ба гурӯҳи фолклории “Ҷондор”-и ноҳияи Ҷондор насиб гардид.
Азиз Розиев, Дилноза Баротова ва Мақсуда Ҳамроева ғолибони номинатсияҳои ҳунармандони беҳтарин дониста шуданд. Аз рӯйи номинатсияи ҳунармандони ҷавон Ҷасур Қосимов, Министр Атоева ва Мақсуд Маъмуров беҳтарин шинохта шуданд. Бинобар номинатсияи беҳтарин ҳунарманди хориҷӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад ғолиби фестивал эълон гардид.
Ба ин тартиб, фестивали нуздаҳуми “Абрешим ва зиравор”-и Бухоро анҷом ёфт. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбирони 
“Овози тоҷик”.

Шаҳри БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: