ҶАШНВОРАИ «БАЧАҲОИ ЭҶОДКОР»

Имрӯзҳо аз тарафи садорати таълими халқи вилояти Намангон барои пурмазмун, шавқовар ва ҷолиби диққат гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон, аз рӯйи панҷ ташаббус, ки аз тарафи сарвари давлатамон пешниҳод шудааст, мусобиқаҳои гуногуни варзиш, ҷашнвора, вохӯриҳо бо намояндагони адабиёт ва санъат, чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Чанде пеш дар мактаби бачагонаи «Баркамол авлод»-и вилоят ҷашнвораи «Бачаҳои эҷодкор» баргузор гардид. Дар он 72 нафар ғолибони соҳибистеъдоди маҳфилҳои мактабҳои бачагонаи «Баркамол авлод»-и шаҳру ноҳияҳо, ки дар фестивали ноҳиявӣ ҷойи якумро ба даст оварда ба фестивали вилоятӣ роҳхат гирифта буданд, иштирок намуданд.
Аз рӯйи намуди «Кандакории чӯбин» аз ноҳияи Косонсой Нозимҷон Мелибоев, «Экодизайн ва интерер» аз ноҳияи Мингбулоқ Зебо Маҳмудҷонова, «Дизайни ландшафт» аз ноҳияи Янгиқӯрғон Файзулло Ҳошимов, «Дизайни либосҳо» аз шаҳри Намангон Шаҳноза Неъматуллоева, «Робототехника» аз ноҳияи Уйчӣ Иброҳим Равшанов, «Радиотехника, электроник ва алоқа» аз ноҳияи Чуст Сардор Йӯлдошевҳо ҷойи якумро ба даст оварда, ба марҳилаи ҷумҳурии ҷашнвораи «Бачаҳои эҷодкор» роҳхат гирифтанд. Акнун онҳо метавонанд дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии «Бачаҳои эҷодкор» шарафи вилояти Намангонро ҳимоя кунанд.
Ғолибон аз тарафи садорати таълими халқи вилояти Намангон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мактаби бачагонаи «Баркамол авлод»-и вилоят ва шӯрои вилоятии Ҳизби экологии Ӯзбекистон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: