ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ТЕАТРҲОИ МУСИҚӢ

Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2 феврали соли 2022 “Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба рушди минбаъдаи фарҳанг ва санъат” бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар Тошканд Ҷашнвораи байналхалқии театрҳои мусиқӣ-мазҳакавӣ баргузор шуд.

Форум ба Рӯзи ходимони маданият ва санъати ҷумҳурӣ бахшида шуд.
Минбари асосии форум таҳкими робитаҳои байналхалқии театрҳои Ӯзбекистон ва кишварҳои ИДМ мебошад, ки бешубҳа, ба ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ мусоидат мекунад. 
Ба ин муносибат 20 апрел дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ вохӯрии расмии роҳбарияти вазорат бо президенти Ассотсиатсияи театрҳои мусиқӣ Г. Исаакян, директори театри давлатии камеравии мусиқии “Операи Санкт-Петербург” С. Малигин, директори театри мусиқии Новосибирск М. Кипнитс, инчунин директори театри давлатии мусиқии бачагонаи “Зазеркале” Р. Мустақимов ба амал омад. Худи ҳамон рӯз театри давлатии мусиқии мазҳакавии Ӯзбекистон меморандумҳои ҳамкории эҷодиро байни Театри давлатии мусиқии мазҳакавии Ӯзбекистон ва Ассотсиатсияи театрҳои мусиқиро ба имзо расонд.
Дар чаҳорчӯбаи ҷашнвора, ки то 25 апрел давом кард, нишастҳои матбуотӣ, дарсҳои маҳорат, Work-shop, лабораторияҳои ҳунарӣ ва кори эҷодии бадеии театр, фароғати фарҳангии меҳмонон ба ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Тошканд ва шаҳри таърихии Самарқанд ташкил карда шуданд. Роҳбарони барнома мутахассисони варзида ва шахсиятҳои барҷастаи санъати театри Ӯзбекистон ва Русия интихоб шуда буданд. 
Алоҳида қайд карда мешавад, ки барои Ҷашнвораи 1-уми байналхалқии театрҳои мусиқии “Оперетта Уз.” Гимни театри мазҳакавӣ офарида шудааст, ки он ба қалами А. Солиҳов ва бастакор А. Низомиддинхоҷаев мансуб аст. 
23 апрели соли ҷорӣ дар қасри «Туркистон» маросими интиҳоии ҷашнвораи мазкур ба амал омад. Муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ба иштирокдорони форум шаҳодатномаҳо супорид. Баъд аз он бо иштироки ҳайати эҷодии Театри давлатии мазҳакавии Ӯзбекистон, солистони Театри давлатии мазҳакавии Маскав, театри давлатии мусиқии камеравии “Операи Санкт-Петербург”, театри давлатии мусиқии бачагонаи Санкт-Петербург “Зазеркале” ва театри мусиқӣ-мазҳакавии Новоурал бо роҳбарии оркестри камеравӣ гала-консерт намоиш дода шуд. 
Ҷашнвораи байналхалқии санъати театр 25 апрел кори худро ба анҷом расонд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.  
Аксбардор: Р.ГАЛЕЕВ.  
    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: