ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ҲУНАРМАНДӢ – ПУЛИ МУСТАҲКАМИ ПАЙВАНДГАРИ МАДАНИЯТИ ХАЛҚҲО

Қӯқанд дар ҷаҳон ягона шаҳре мебошад, ки чун шаҳри латиф ёд мегардад, имрӯз аз ҳарвақта дида мафтункор аст.

Ҳар касе, ки ба ин ҷо меояд, гӯё ки ба шаҳри афсонаҳо меафтад. Қӯқанди латиф дар худ мизон ва анъанаҳои тараққиёти имрӯз ва таърихи куҳанро таҷассум менамояд, дар як вақт ҳам бо латофати шарқона, ҳам ҳашамати тамаддуни имрӯзи дунё ҳамоҳанг ҷомеаи ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд.
Ӯзбекистон дар тӯли ҳазорсолаҳо дар Роҳи бузурги абрешим замине мебошад, ки аҳамияти алоҳида касб намудааст. Шаҳру деҳоти таърихии зиёд дорем. Аммо дар байни масканҳое, ки пулу маданиятҳои Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайванданд, хусусан водии Фарғона ҷойгоҳи махсусро дорад.
Манбаъҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин водӣ бисёр намудҳои ҳунармандӣ, хусусан кулолгарӣ, бофандагии матои абрешим ва абр, чӯбкорӣ, кордсозӣ, тоқидӯзӣ хеле равнақ пайдо кардааст. Ин маҳсулот аз тариқи корвонҳои савдо ба тамоми ҷаҳон паҳн гаштааст. 
Санъати ҳунармандӣ, ки дар Ӯзбекистон қисми ҷудонопазири бисёр ҷанбаъҳои рӯзгор ба ҳисоб меравад, хусусан чӯбкорӣ, гаҷкорӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ, зардӯзӣ, созгарӣ, кандакорӣ, заргарӣ  ҳазорсолаҳо таърих дошта, дорои мактаб ва анъаноти эҷодии ба худ хос, намояндагони маъруф мебошад.
Маҳсулоти санъати амалӣ ва ҳунармандии бадеии бисёр, ки аз ҷониби устоёни моҳир офарида шудаанд, дар бисёр музейҳои машҳури ҷаҳон имрӯз нигоҳ дошта мешаванд, ки ин аз дар таърихи халқҳои ҷаҳон ҷойгоҳи махсусро соҳиб буданаш далолат медиҳад.
Эҳтимол чунин омилҳо боис гардида бошад, ки соҳибони бисёр усулҳои ин санъати ноёб, пайрав ва ворисони ҳунармандони боистеъдоди онҳо, ҳамеша сазовори эҳтироми мардум гардида, бо номҳои «усто», «устозода» мушарраф гаштаанд.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти мамлакат дар қатори тамоми соҳаҳои маданияти миллӣ ҳунармандӣ, барқарорсозии анъана ва мактабҳои он, рушд ва тарғибот низ эътибори алоҳида нигаронда шуд. Дар солҳои охир барои ҳифзи ин мероси бойи маданӣ, боз ҳам ривоҷ додани санъати амалӣ ва бадеии халқ, муносиб қадр намудани меҳнати машаққатноки устоёни моҳир, ки дар ин бобат анъанаҳои таърихиро ботадриҷ давом медиҳанд, аз ҳар ҷиҳат бо мақсади дастгирӣ намудани онҳо фармон ва қарорҳои дахлдор қабул гардида, барояшон имконият ва имтиёзоти нав фароҳам оварда шуд.
Дар натиҷаи чунин кӯшишҳои амалӣ дар диёрамон санъати ҳунармандии миллӣ бо ҷадал ривоҷ меёбад. Барои мисол, то соли 2017 аъзои иттиҳодияи «Ҳунарманд» ба даҳ ҳазор нафар наздик буд. Имрӯз теъдоди онҳо қариб се баробар афзудааст. 
Ҳунармандӣ дар бобати ташкил намудани ҷойҳои нави кор, ба кори муфид ҷалб намудани ҷавонон, равнақ бахшидани сайёҳӣ низ манбаи имкониятҳои калон ба шумор меравад. Аз ин рӯ дар тамоми ҳудудҳои диёрамон барои рушд бахшидани ин соҳа барномаҳои мақсаднок ба амал татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, соли 2018 аз тариқи ба ҳаёт татбиқ намудани лоиҳаҳои ҷанбаи инкишофи ҳунармандӣ беш аз 40 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам омад. Инчунин, дар беш аз панҷ ҳазор мактаби «Усто-шогирд», ки сар то сари мамлакат ташкил гаштааст, ба беш аз 23 ҳазор ҷавонон асрори маҳорати касб омӯзонда мешавад. 
Имрӯз устоёни гулдаст ва устозодаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳунармандии мардумӣ бо сириштани анъанаҳои қадимӣ бо таҷрибаи имрӯз ва навгониҳои замон ба муваффақият ва натиҷаҳои бузург ноил мегарданд.  Устоёни заҳматкаш, ки ба рушди ҳунармандии миллӣ ҳиссаи муносиб мегузоранд, шогирдони боиқтидорро тарбия мекунанд, мактаби эҷодии худро ба вуҷуд меоранд, рағбатнок гардонда шуда, меҳнаташон алоҳида эътироф мегардад.
Аз ҷумла, садҳо усто ва ҳунармандон бо мукофотҳои олии давлат – унвонҳои ифтихорӣ, орден ва медалҳо тақдир гардидаанд. 
Ҳунармандӣ дар ҳаёти рӯзмарраи мардумамон торафт ҷойгоҳи мустаҳкамро ба даст меорад. Беҳуда нест, ки макони якумин Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ дар Ӯзбекистон шаҳри Қӯқанд интихоб гаштааст. Нигора ва тароватҳои меъмории нодири Ӯрдаи Худоёрхон, ки ба ҳусни шаҳри Қӯқанд ҳусни дигар зам мекунад, ҳар бинандаро дар ҳайрат мегузорад. Аз он нафаси пурасрори Шарқ меояд. Ин шаҳри қадимӣ ва зебо ба сифати маскани ҳунармандони моҳир, маркази санъати амалӣ ва бадеии халқ ба тамоми дунё машҳур аст.
14 сентябр. Қӯқанд, хиёбони Ӯрда.  соати 18.30.
Ба амфитеатре, ки дар маркази майдон бунёд гардида, дар ҳамоҳангӣ ба руҳи ҷашнвора оро дода шудааст, ба маркази таваҷҷӯҳи нигоҳҳои зиёд табдил ёфтааст. Дар чеҳраҳои одамоне, ки ба маросими кушоиши Ҷашнвораи якуми байналхалқии ҳунармандӣ ҷамъ омадаанд, мамнунӣ, гӯё хурсандиҳо аз дил ба дил мекӯчиданд. Дар байни онҳо иштирокдорон ва меҳмонони анҷуман,  арбобони маъруфи маданият, санъатшиносон, хабарнигорони хориҷӣ ва маҳаллӣ, сайёҳон ҳастанд.
Иштирокдорони ҷашнвора Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо кафкӯбӣ пешвоз гирифтанд.
Карнай ва сурнай, садои нақора танинандоз гардид.
Сухан ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дода шуд.
Роҳбари давлат иштирокдорон ва меҳмонони Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандиро самимона хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки дар бобати ҳимоя ва рушди санъати амалии халқи ҷаҳон, ба насли оянда безавол расондани ин боигарии бебаҳо, муттаҳид намудани азму имкониятамон дар ин роҳ аҳамияти анҷумани байналхалқии мазкур беқиёс аст, ба иштирокдорони анҷуман муваффақияти эҷодӣ таманно намуд.
Президенти Шӯрои ҳунармандони ҷаҳон хонум Роза Гринлис дар маросим нутқ эрод карда, қайд намуд, ки дар Ӯзбекистон барои инкишофи маданият ва санъат, хусусан ба дастгирии ҳунармандӣ эътибори алоҳида дода мешавад ва Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ, ки бори аввал баргузор мегардад, намунаи олии ин кӯшишҳо ба шумор меравад.
Аз ҷониби Шӯрои ҳунармандони ҷаҳон ба шаҳри Қӯқанд дода шудани мақоми «Шаҳри ҳунармандии ҷаҳон» беҳуда нест. Ин унвон соли 2014 таъсис ёфта, то ҳол ба он 36 шаҳри 16 давлати ҷаҳон сазовор гаштааст. Қӯқанд дар байни шаҳрҳои мамлакатҳои ИДМ аввалин шаҳре аст, ки ба он мушарраф гардид. Инчунин, иттиҳодияи «Ҳунарманд» соли ҷорӣ ба ин ташкилот пазируфта шуд. Ин воқеаҳо нишонаи эътироф гардидани самаранокии кӯшишҳои мамлакатамон дар ҷиҳати ривоҷ додани ҳунармандии миллӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон мебошад.
ШҲҶ соли 1964 дар Белгия ба сифати созмони ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ташкил гардида, барои ҳифз ва рушди мероси ғании маънавӣ ба воситаи баргузор кардани семинар, конфронс ва намоишҳо дар тамоми дунё созмонҳои ҳунармандиро дастгирӣ мекунад.
Дар ҳамкорӣ бо ШҲҶ дар доираи саъю ҳаракатҳо бобати ба Қӯқанд додани мақоми «Шаҳри ҳунармандии ҷаҳон» аъзои ҳайати омӯзиши ташкилот ба мактабҳои ҳунармандии миллии шаҳр ташриф фармуда, бо фаъолияти онҳо бевосита шинос гардиданд.
Дар Фарғона бинобар ҳамаи самтҳои ҳунармандӣ беш аз чор ҳазор устохона фаъолият дорад. Дар байни онҳо сулолаҳои соҳибмактаб, ҷоизадорони намоиш ва ҷашнвораҳои байналхалқӣ ва дорандагони мукофотҳои давлатӣ ҳастанд.
Ҳунармандии Қӯқанд дорои таърих, услуб ва анъанаҳои ба худ хос буда, дар ин ҷо қариб 30 намуди он васеъ ривоҷ ёфтааст. Чорсад нафар ҳунарманд аз авлод ба авлод гузаштани касби меросии падару бобоёни худро таъмин мекунанд. 
Дар майдони босалобати маркази шаҳр оҳанги гӯшнавоз танин андохт. Оҳанги мазкур ба дилҳо маъво гирифта, торҳои нозуки қалбро ба садо меоварад. Ба дил ҳаяҷону завқ мебахшад. Ин ифодаи амалии сеҳри суруд, шавқи оҳанги дилнавоз, қудрати мусиқӣ мебошад. 
Намунаҳои фолклории сурудҳои мумтоз, намунаҳои нодири санъати мусиқӣ ва суруди ҷаҳон, рақсҳои дилфиреб дилҳоро ба ваҷд меоранд. Тамошобинон ба сурудҳои ба дил наздик ҷӯр гардида, аз оҳангҳои шӯх завқ бурда, ба рақс медароянд.
– Имрӯз дар диёри Ӯзбекистон ҷашни бағоят бузург аст, – мегӯяд меҳмони бонуфуз аз ИМА хонум Кэрол Робертсон Лопес. – Дар шаҳри куҳан ва ҳамешаҷавони Қӯқанд нахустин Ҷашнвораи байналхалқии ҳунармандӣ бо хушнудии бузург таҷлил мегардад. Ин чорабинӣ, ки ҳунармандони гулдасти тамоми дунёро дар як ҷо ҷамъ мекунад, барои дар тарғибу ташвиқ намудани мероси ғайримоддии халқҳо ва мустаҳкам кардани алоқаи дӯстонаи байналхалқӣ дорои аҳамияти бузург мебошад. Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки ин ҷашнвораи байналхалқӣ нафақат барои халқи сермиллати Ӯзбекистон, балки ҳунармандони ҷаҳон, устоёни тамоми дунё ҷашни бузург аст. Ман аз ин бағоят хурсанд шудам. Ҷашнвора анҷумани ҳақиқии дӯстӣ ва ҳамкорие гардид, ки суннат ва анъанаҳои гуногунро дар худ равшан таҷассум менамояд, дилҳои муштаракро муттаҳид мекунад.
Қарори Президенти мо «Дар бораи баргузор кардани ҷашнвораи ҳунармандии байналхалқӣ» аз 1 ноябри соли 2018, ифодаи равшани амалии эътибори баланде мебошад, ки дар мамлакати мо барои ҳифзи мероси ғайримоддӣ нигаронда шудааст. Дар шаҳр баргузор гардидани чорабинии мазкур фарғонагиҳоро беҳад мамнун месозад. Иди мазкур, ки бори нахуст гузаронда мешавад, васеъмиқёс буда, дар он аз 87 давлат арбобони давлативу ҷамъиятӣ, ҳунармандони устозода, устоёни санъати амалии халқӣ, мутахассисон, олимони соҳа, меҳмонони фахрӣ, намояндагони маданият ва санъат ширкат меварзанд.
Дар ҷараёни омодагӣ ба ҷашнвораи ҳунармандии байналхалқӣ дар Қӯқанд корҳои сохтмону бунёдкории васеъмиқёс амалӣ гардида, меҳмонхонаҳои замонавӣ, хона-меҳмонхонаҳо, шабакаҳои хизматрасонӣ ва сервис, маҷмӯаҳои маданию маърифатӣ, маҷмӯаҳои савдо, масканҳои дилкушо барпо гардиданд. Дар зиёратгоҳҳои таърихӣ, кӯчаҳо, бинову иншоот корҳои таъмири капиталӣ, ободонсозӣ бурда шуд. Ҳамин тариқ шаҳри куҳан дар қиёфаи тамоман нав намоён мегардад.
Барномаи ҷашнвора, ки дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдову саноат, Иттиҳодияи «Ҳунарманд», Вазорати маданият, Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ, Фарҳангистони бадеӣ, Иттифоқи нависандагон, ҳокимияти вилояти Фарғона кор карда шудааст, бо рангорангӣ, ғанӣ будан аз чорабиниҳои маданиву маърифатӣ ва дилкушо аҳамиятнок мебошад.
Дар доираи ҳафтаи модаи «Kokand fashion» дизайнерони ҷавони хориҷиву маҳаллӣ ва шаҳри Қӯқанд намунаҳои эҷоди худро намоиш доданд. Аз пагоҳӣ меҳмонони хориҷӣ саросари шаҳр бо парчами давлати худ, аҳолии маҳаллӣ бошад, парчами Ӯзбекистонро бардошта, ботантана роҳ мераванд. Иштирокдорони ид, ки аз кӯчаи Туркистон ба самти Ӯрдаи Худоёрхон ҳаракат мекунанд, аз ҷониби ҳазорҳо нафар ҳамватанони мо бо офаринҳо пешвоз гирифта мешаванд. Ҷамоаи актёроне, ки либоси масхарабозон, ҷорчиҳо ва аъёни саройи хонро пӯшидаанд, ба иштирокдорон кайфияти алоҳида бахшиданд. Ӯрда ба майдони асосии ҷашнвора табдил ёфт. Сайрҳои халқӣ, баромади дорбозон, ҷамоаҳои фолклорӣ, барномаҳои консертии аз ҷониби садоратҳои маданияти вилоятҳо омодашуда ҳамаро ба ид фаро хонд.
Тақдимоти лоиҳаи «Онлайн-энсиклопедияи ҳунарҳои минтақаи Осиё-уқёнуси Ором. Ашёҳои меҳнати дастии анъанавӣ» баргузор шуд. Дар онлайн-энсиклопедияи мазкур, ки таҳти роҳбарии президенти Шӯрои ҳунармандони ҷаҳон бинобар минтақаи Осиё-уқёнуси Ҳинд, хонум Гада  Ҳиҷобӣ Каддуми  кор карда шуда, дар бораи таърихи ҳунармандии 50 давлати минтақаи мазкур, ҷиҳатҳои ба худ хоси он маълумот дода шудааст. Бинобар гуфтаи ӯ лоиҳаи мазкур барои фаъол намудани мулоқоти байнимаданиятӣ, ба ҳамдигар шинос намудани халқҳо, ба ҳамин тариқа, устувор кардани ҳамҷиҳатӣ ва осоиштагӣ хизмат мекунад.
Дар конфронси байналхалқии илмиву амалӣ таҳти мавзӯи «Истиқболҳои рушди ҳунармандӣ ва санъати амалии халқӣ» беш аз 30 давлат олимон, мутахассисон, меҳмонҳои фахрии мартабанок, намояндагони соҳаи маданият ва сайёҳӣ, профессор-муаллимони муассисаҳои таълими олии самти ҳунармандӣ ва санъати амалӣ, ки дар кишвари мо ва хориҷа фаъолият доранд, донишҷӯён, санъатшиносон, музейшиносон, ҳунармандон ширкат варзиданд.
Намоиш-савдои маҳсулоти ҳунармандони маҳалливу хориҷӣ, сайрҳои халқӣ, лӯхтакбозӣ, дорбозон ва ҷамоаҳои фолклорӣ, барномаҳои консертии аз ҷониби садоратҳои маданияти вилоятҳо омодашуда, озмунҳои ош, дарсҳои маҳорат ба меҳмонон таассуроти калон гузошт.
Иштирокдорони ҷашнвора ба шаҳри кулолгарони моҳир – Риштон ва шаҳри ҳунармандон, ки абрешим ва матоъҳои абргун истеҳсол мекунад – Марғилони қадим саёҳат ҳам карданд.
Дар доираи ҷашнвораи ҳунармандии байналхалқӣ тақдимоти китоб-албоми «Дурдонаҳои ҳунармандии Ӯзбекистон», ки ба ҳунармандии миллии замонавии ӯзбек ва санъати амалӣ, эҷоди ҳунармандон бахшида шудааст, намоиши маҳсулоти кулолгарӣ таҳти унвони «Афсонаи кабуди Риштон» ва озмун-азназаргузаронии ҳунармандон баргузор карда мешавад. Ғолибони он аз ҷониби кумитаи ташкилӣ бо диплом, ҳайкалча ва мукофотҳои пулӣ тақдиронида мешаванд. 
Маросими ботантана бо сурудҳои шӯх ва дилкаши устодони санъат, иҷрокунандагони ҷавони кишвари мо давом ёфт. Мушакҳои ба осмони Қӯқанд фурӯзоншуда ба дилҳо суруру шодмонӣ бахшид.
Атрофи майдоне, ки анҷуман баргузор мешавад, идона оро ёфтааст. Дар ин ҷо осори дасти ҳунармандоне, ки аз Қароқлпоқистон ва тамоми вилоятҳо, аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон барин давлатҳои ҳамсоя, ҳамчунин аз дигар кишварҳои хориҷӣ омадаанд, ба намоиш гузошта шудааст.
Президент Шавкат Мирзиёев пас аз маросими кушоиш ин маҳсулотро аз назар гузаронид, бо ҳунармандон ҳамсуҳбат шуд.
Тавре ки роҳбари давлатамон таъкид кард, ҷашнвораи мазкур нафақат ба ҳамдиёрони сермиллати мо, балки барои ҳунармандони тамоми ҷаҳон низ ид аст. Зеро фарохии домани ҷашнвора аз пули муҳими пайвандгари халқҳои ҷаҳон ва тамаддунҳо будани он далолат медиҳад.

Алоуддин ҒАФФОРОВ,
Масъудҷон СУЛАЙМОНОВ,
хабарнигорони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: