ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ОҒОЗ ЁФТ

Воҳаи Сурхон бо табиати нотакрори худ маълуму машҳур аст.

Беҳуда баҳор аз Сурхон оғоз меёбад, нагуфтаанд. Дарҳақиқат, бо фаро расидани фасли баҳор табиати воҳаи Сурхон ба худ ранги дигар мегирад. Бо баробари ҷомаи сабз ба бар намудани табиат ва расидани муждаи Наврӯзи оламафрӯз дар ин сарзамин боз як чорабинии оламшумул оғоз ёфт, ки ба дилҳо суруру шодмонӣ мебахшад. 
Маълум аст, ки тибқи Қарори Президент Шавкат Мирзиёев аз 1 ноябри соли 2018 «Дар бораи гузаронидани ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ», аз 5 то 10 апрели соли 2019 дар шаҳри Тирмиз як тадбири бошукӯҳ баргузор мегардад. Бо ин мақсад баҳри ҳамаҷониба васеъ ва хотирмон гузаронидани ин ҷашнвора дар шаҳри Тирмиз як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла корҳои ободонӣ босуръат давом доранд.
Бояд гуфт, ки ҷашнвораи байналхалқии санъати бахшигӣ бори аввал дар шаҳри Тирмиз бо анъанаҳои хоси худ ташкил мегардад. 
Ба ҷашнвора аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Сербия, Туркия, Озарбойҷон, Булғория, Белгия, Россия, Бошқирдистон, ҳудуди Хакасия ва дигар кишварҳои дунё бахшиҳои бомаҳорат ва иҷрочиҳо ташриф оварданд.
Инак, Қасри санъат, ки соли сипаригардида ба истифода дода шудааст, ба худ намои идона дорад. Гирду атроф аз гулҳои тару тоза ва кабудизор иборат аст, ки ростӣ ҳар як меҳмони ба ин ҷо ташрифовардаро ба ҳайрат мегузорад. Алалхусус, дар наздикии Қасри санъат қад рост кардани ҳайкали Алпомиш ба базмгоҳ ҳусни нав бахшидааст. 
Алҳол дар Қасри санъат ва гирду атрофи он, инчунин бинои амфитеатр аз тамоми вилоятҳои кишварамон ҳунармандон, косибон, зардӯзон ва дигар соҳибони касбу кор баҳри намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва меросу анъанаҳои ниёгон ташриф овардаанд, ки ба ҷашнвора шукӯҳ мебахшанд. Умед дорем, ки қӯрғонҳои барпогардидаи намояндагони вилоятҳои кишварамон ба вакилони кишварҳои хориҷӣ манзур мегардад. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: