ҶАШНВОРАИ БАРОДАРИЮ БАРОБАРӢ

Дар Бухоро низ дар доираи Ҳафтаи рӯзи дӯстии халқҳо тадбирҳои гуногун ба амал омаданд.

Майдони назди «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Бухоро намуди идона дошт. Дар ин ҷо мувофиқи барномаи «Ҳафтаи дӯстӣ»  «Фестивали дӯстӣ» баргузор гардид. Дар 11 ҷои майдон – дар айвончаҳои барои марказҳои миллию мадании вилоят омодакардашуда мутасаддиён ва фаъолони онҳо ҷамъ омаданд. Ин ҷо мулоқоту сӯҳбатҳои дӯстона бо сокинони шаҳр, намоиши китобҳо, албомҳо, ашёи гуногуни миллӣ, барномаҳои фарҳангию мусиқӣ, намоиши ҳунарии дорбозон сурат мегирифт. Шиору экспонатҳо, плакату тасвирҳои гуногун баҳри тавсифи дӯстӣ  хидмат мекард. Бегоҳӣ майдон серодам шуд. Пардаи торикӣ ҳанӯз доман паҳн накарда, гирду атрофро чароғҳои пуриқтидори электрикӣ, чун рӯз равшан карданд. Фурсате нагузашта маросими тантанавии кушодашавии фестивал ба вуқӯъ омад. Ҷонишини ҳокими вилоят Эркин Маҷидов, ҳокими шаҳри Бухоро Ҷамол Носиров  ва дигарон ба сухан баромада, ҷамъомадагонро бо фестивали дӯстӣ, якдилию ҳаммаслакӣ, меҳру оқибат ва шукронагии мардуми кишварамон муборакбод намуданд. Ба онҳое, ки баҳри ҳамҷиҳатию бародарии қавмҳо ва рушди иҷтимоию иқтисодии диёрамон саҳми арзанда гузоштаанд, ташаккурномаҳо супорида шуд. Рақсу сурудҳои ҷозибадори гуногуни миллӣ дар иҷрои дастаҳои ҳунарии марказҳои миллию маданӣ дар фазо танин андохта, ба дили ҳозирон сурур бахшид.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: