ҶАШНВОРАИ «ДӮСТӢ»-И БОЙСУН

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо навбат ба вилоятҳои тоҷикнишини кишварамон ташриф фармуда, бо вазъи мактабҳои тоҷикӣ ва марказҳои миллию маданӣ шинос мешавад.

Сафари навбатии сафир ба ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё буд.
Дар арафаи соли нав, ки файзу шукӯҳи хосса дорад, ташрифи сафир ба диёри хушманзар ва маърифатпарвари Бойсун воқеаи муҳим гардид. Меҳмони воломақомро намояндагони ҳокимияти Бойсун бо раҳбарии ҳоким Асқаралӣ Раҷабов ва раиси Маркази миллии маърифат ва санъати тоҷикони Бойсун Ғаффор Норбоев бо эҳтироми махсус пешвоз гирифтанд. Меҳмони олиқадр ҷойҳои таърихии ноҳия – “Чорчинор” ва “Хоҷа сурхпӯши Валӣ”-ро зиёрат намуд ва баъд дар тадбири солинавии “Ҷавонон – ояндаи мо”-и Хонаи маданияти ноҳия иштирок кард. Дар ин чорабинӣ ҷавонони фаъоли маҳалла ва макотиби ноҳия ширкат варзиданд. Сонӣ, сафир аз мактаби мусиқа ва санъати рақами 6-уми ноҳия боздид ба амал овард. Ин масканро барои гузаронидани Ҷашнвораи “Дӯстӣ” таҳти шиори “Ӯзбекистон – хонаи умумии мо” ташаббускорони тадбир – ҳокимияти ноҳия, Маркази миллии маърифат ва санъати тоҷикони ноҳия ва ҳизби “Миллий тикланиш” ҳамаҷониба омода карда буданд. Меҳмонро бо нону намак пешвоз гирифтанд. Сафир аз тамошои маводи ҳунармандӣ, таомҳои миллӣ, ки дар намоиш гузошта шуда буданд, хеле ҳушҳол гардид ва таъкид намуд, ки Бойсуни таърихӣ, бешубҳа, маркази фарҳанг ва ҳунармандӣ аст ва бесабаб нест, ки Ҷашнвораи байналхалқии “Баҳори Бойсун” дар ин гӯша гузаронида мешавад. 
Омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти русии мактаби рақами 5-уми ноҳия Валерий Мутин, ки ду сол қабл аз  Русия омада, ҳоло дар ин мактаб кор мекунад, ба забони русӣ, муовини раиси Маркази миллии маърифат ва санъати тоҷикони ноҳия Раҳматуллоҳ Шоймардонов ба забони тоҷикӣ ва корманди масъули ҳизби “Миллий тикланиш” Бобур Собиров ба забони ӯзбекӣ сухан карда, меҳмони олиқадрро хайра мақдам гуфтанд ва дар хусуси дӯстии халқҳо, ғамхориҳои ҳукумат ба миллатҳои маскуни Ӯзбекистон, шароитҳои мусоид ҳарф заданд. Ҳокими ноҳия баъди “Хуш омадед” гуфтани меҳмон дар боби дӯстии азалии халқҳои ӯзбеку тоҷик, муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи президентҳои ҳар ду кишвар муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин саҳми тоҷикон дар рушду равнақи мамлакат сухан ронд. 
– Вақте ки камина ҳокими ноҳияи Сариосиё будам, борҳо ба шаҳри Турсунзода сафар карда, бо раиси шаҳр Парвиз Акрамзода ҳамсуҳбат ва дӯсту бародар шуда будем. Ин дӯстии мо то ҳанӯз идома дорад, – гуфт ӯ зимни суханрониаш.
Сафир низ дар бораи дӯстии азаливу абадии мардуми тоҷику ӯзбек, хидматҳои бузурги сарони давлатҳои ҳамсоя, муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ҳарду кишвар ҳарф зад. 
– Ду адиби бузурги бойсунӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун ва Нависандаи халқии Ӯзбекистон, шодравон Шукур Холмирзоев дӯстии хеле мустаҳкам доштанд. Дар гузашта ва имрӯз низ шахсиятҳои маъруфи фарҳангии Бойсун дар Ӯзбекистон барои рушди илму фарҳанги тоҷикӣ саҳми босазо доштанду доранд. 
Раиси Маркази миллию мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё Рамазон Абдуллоев шеъри устод Лоиқ Шералӣ “Суғдиён ҳар гаҳ ба кӯйи дӯст меҳмон мешуданд”-ро қироат карда, табъи ҳозиринро хуш намуд. 
– Имрӯз мавзӯи дӯстӣ муҳимтарин мавзӯст, – гуфт ӯ. – Зеро ба туфайли дӯстӣ замину фазои мо орому осудааст. Аз ин рӯ, мо китоберо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо – дӯстии миллатҳо” таҳия намудем, ки маҷмӯи мақола, шеъру таронаҳо ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ аст, – гуфт вай.
Ҳокими ноҳия ба сафир ҳамчун рамзи дӯстӣ ҷома ва тоқии дастидӯхти бойсуниёнро туҳфа кард. Сафир низ китобҳоро ба ҳоким ва Маркази миллию мадании тоҷикони Сурхондарё, Маркази миллии санъати тоҷикони Бойсуну мактабҳои тоҷикии ноҳия армуғон сохт. Баъд ҳоким ва меҳмон ба як гурӯҳ фидоиёни соҳаи таълим ва маданият нишони сарисинагии “Ёшларни ватанпарварлик руҳида тарбиялаш учун”-ро зери кафкӯбиҳо супориданд.
Баъд аз раставу дуконҳои бозори нав, ки аз ҷониби корхонаи бинокории “Нарзӣ – Қушбегӣ”, ки раҳбараш Беҳзод Қодиров мебошаду дар маркази ноҳия қад рост кардааст, аз маҳаллаи Сайроб, чашмаи мусаффои ин ҷо, чинори таърихӣ, ки қариб 1000 сол умр дорад, боздид кард, дар маросими кушодашавии боғчаи бачагонаи рақами 21, ки дар мавзеи Обгири маҳалла барои 150 нафар кӯдакон замонавӣ сохта шудааст, иштирок карда, лентаро буриданд.
 
Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори 
“Овози тоҷик”дар вилояти Сурхондарё.
Суратгир: 
Юнус ХОЛЁРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: