ҶАШНВОРАИ «ЭҲТИРОМ БА МОДАРОН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Модарон сазовор ба ҳар гуна эҳтироманд.

Бо мақсади нишон додани эҳтиром ба онҳо чанде пеш дар яке аз ноҳияҳои вилояти Фарғона чорабинии маънавӣ-фарҳангӣ гузаронида шуда буд. Баъдтар чорабинии ноҳиявӣ дараҷаи вилоятӣ касб намуд.

Инак, бори сеюм дар ин вилоят ҷашнвора бо унвони «Эҳтиром ба модарон» сурат гирифт. Барномаи калони консертӣ дар давраи ҷамъбастӣ бо иштироки ҳунарпешагони маҳаллӣ ва номвар рӯйи кор омад. «Боғи эҷодкорон» воқеъ дар шаҳри Марғилон ба идгоҳ табдил ёфт ва амфитеатре, ки дар ҳудуди боғ воқеъ аст, бештар аз якуним ҳазор нафар модаронро ба меҳмони азиз табдил дод. Ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ба сухан баромад ва оиди эътиборе, ки нисбати ҷинси латиф, хусусан модарон дар мамлакатамон дода мешавад, ҳарф зад. Таъкид сохт онҳоро ҳар қадар эҳтиром созем ва хидматашон ба ҷо оварем, кам аст. Назар ба суханони ӯ соли гузашта дар вилоят шуғли зиёда аз 48 ҳазор нафар занону духтарон таъмин шуд, баҳри ба соҳибкоӣ ҷалбшавии бештар аз 22 ҳазор нафари онҳо зиёда аз 405 миллиард сӯм кредит ҷудо гашт, 23 ҳазор нафар бонувон ба омӯзиши касбу ҳунар ва асрори соҳибкорӣ  ҷалб карда шуданд.
Вазири сайёҳӣ ва маданият Озодбек Назарбеков изҳор намуд, ҷашнвораи «Эҳтиром ба модарон» дар роҳи нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ хидмати сазовор мекунад ва меарзад он дар миқёси ҷумҳурӣ ташкил карда шавад. Бигузор иди зикршуда ба ҳар маҳалла ворид гардад, гуфт дар фуроварди сухан вазир.

Суратгир: М. ҚОДИРОВ (ӮзА).  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: