Дар шаҳри куҳанбунёди Марғелон маросими кушодашавии Ҷашнвораи VI байналмилалии «Иди атлас» баргузор гардид.
Дар он ба ҳайси созмондиҳандагон намояндагии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон, шаҳрдории Марғелон ва иттиҳодияи «Ҳунарманд» муаррифӣ шуданд. Дар маросим гуфта шуд, ки ҷашнвора бори шашум ҳунармандони ҷаҳонро аз 30 кишвар гирди ҳам овардааст. Аммо иштироки 60 нафар коршиносон ба нуфузи он шукӯҳи тоза бахшидааст.
Дар ҳошияи ин ҷашнвора аввал дар давоми даҳ рӯз барои ҳунармандони хориҷӣ ва маҳаллӣ семинар-тренинг гузаронида шуд. Аксари онҳоро ҷавонон ташкил намуданд. Инчунин дар конфронси илмӣ-амалӣ масъалаҳои рушди ҳунармандӣ ва мушкилоти ин соҳа дар меҳвари баррасиҳо қарор дода шуданд.
– Дарсҳои маҳорат оид ба ҳунарҳои мардумӣ ва этнодизайн барои ҳунармандони ҷавон хеле муфид арзёбӣ гардид. Баъди анҷоми семинар-тренинг ба иштирокчиёни он шаҳодатномаҳои махсус тақдим карда шуданд, – мегӯяд раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Ҳунарманд» Расулҷон Мирзоаҳмедов.
Ногуфта намонад, ки дар доираи ҷашнвора чанд намоишгоҳ ташкил карда шуд, ки маҳсулоти марказҳои ҳунармандӣ дар он ба маърази намоиш гузошта шуданд. Онҳо маҳсули дасти занону духтароне мебошанд, ки дар хона нишаста, касбу ҳунар омӯхтаанд ва соҳиби кор шудаанд.
Ҷашнвораи «Иди атлас» барои аҳли ҳунари бофандагии Марғелон имконияти васеъ пайдо намуд. Аз ҷумла, бо ҷараёни тайёр кардани матоъ ва маснуоти бофтаю дӯхтаи онҳо иштирокчиёни ҷашнвора шинос шуданд. Бешубҳа, истеъдоду маҳорати ҳирфаии онҳо аксариятро ба ҳайрат овард. Бофтани атласу адрасҳои гуногун, ҷилову дурахши рангоранги он чашмҳоро мебурд ва чолокии занону духтаронро дида, меҳмонон ба ваҷд меомаданд.
– Шаҳри Марғелони мо аз қадимулайём бо чунин матоъҳои худ дар олам машҳур гаштааст. Ин ҷашнвора беҳуда дар ин шаҳр баргузор намегардад. Доираи ҷуғрофияи матоъҳои бофандагони мо ба мардуми чаҳор иқлим писанд омадааст, ки аз ин мо хеле сарбаланд ҳастем, – мегӯяд роҳбари Маркази ҳунармандии шаҳри Марғелон Иброҳимҷон Султонов.
Дар доираи Ҷашнвораи «Иди атлас» намоиши мӯд баргузор гардид. Дар он дизайну тарроҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ либосҳои дӯхтаашонро ба намоиш гузоштанд. Маълум шуд, ки онҳо дар ин соҳа хеле таҷрибаи калон ҳосил кардаанд, зеро ҳар як баромади духтарони либосҳои рангоранг пурҷило ба бар бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифта мешуданд.
Ҷашнвораи байналмилалии «Иди атлас» имрӯз ба поён расид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.