ҶАШНВОРАИ ҶАВОНОН ДАР БУХОРО

Дар майдони фаввораҳои ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Бухоро таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» консерти умумӣ, маросими ҳавасмандгардонии ғолибони мусобиқаҳои шаҳрию ноҳиявии намуди варзишии мини-футбол ва футбол барои ҷоми хидмати давлатии бехатарӣ ба амал омад.

Ҷашнворае, ки дар доираи моҳонаи ҷавонон созмон ёфт, ранги тантанавӣ гирифт. Дар он масъулони соҳа таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Б.Зарифов, роҳбарони секторҳои маъмурӣ, намояндагони ҷамоатҳо ва ҷавонон иштирок карданд.
Роҳбари вилоят соҳибони ояндаамон – ҷавононро бо иди фархундаашон муборакбод намуд.
– Ҷавонони мо нафақат дар соҳаи варзиш, балки дар ҳамаи соҳаҳо ҷойҳои муносибро ба даст дароварда, боиси сарбаландиҳоямон мегарданд, –  гуфт ҳоким. – Оммавӣ гардондани варзиш бошад, омили муҳими сиҳату саломатии насли наврас мебошад.
Ҳокими вилоят чун рамзи эътибор комёбиҳои соҳаи таълиму тарбияро алоҳида таъкид кард.
– Имсол қариб 30 ҳазор нафар синфи 9-умро, 22 ҳазор нафар синфи 11-умро хатм карданд. 861 нафари хатмкунандагони синфи XI соҳиби медали тиллою нуқра шуда бошанд, 729 нафари онҳо мактабро бо медали тилло ба поён расонданд. 7 нафар ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ ва 7 нафари дигар ғолиби олимпиадаҳои байналхалқӣ гардиданд. Боиси хурсандист, ки 350 нафар бачагони соҳибиқтидори вилоят ҳанӯз дар партаи мактаби миёна нишаста ба донишҷӯйи таълимгоҳҳои олии бонуфузи хориҷию ватанӣ сазовор гардиданд...
Роҳбари Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Отабек Ҳасанов низ ба сухан баромада, дархостҳои нек баён кард.
Онҳое, ки ба комёбиҳои назаррас сазовор гаштаанд, тақдир ёфтанд. 
Иди ҷавонон бо консерти сарояндагони намоёни эстрада поён ёфт. Ин чорабинӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома меёбад.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: