ҶАШНВОРАИ КИНО ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР ХОҲАД ШУД

Шаҳри Тошканд дар рӯёрӯи Ҷашнвораи XIV байналмилалии синамои «Гавҳари Роҳи абрешим» қарор дорад. Ба ин муносибат Агентии кинематография қабл аз оғози ҷашнвораи мазкур, ки 13-18 сентябр сурат хоҳад гирифт, нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

 Гуфта шуд, ки ин ҷашнвора барои қабули 500 нафар ходимони синамо, ҳунармандону коргардонҳо ва наворбардорон, продюсерҳо ва мунаққидон, олимон, намояндагони расонаҳои 40 мамлакати дунё тайёрӣ мебинад.
– Дар доираи ин чорабинӣ 150 филми ҳунарӣ, ҳуҷҷатӣ ва кӯтоҳметражи синамогарони ҷаҳон намоиш дода мешавад, ки аксари онҳо ғолиби ҷашнвора ва озмунҳои байналмилалии синамои гуногун мебошанд. Дар рӯзҳои ҷашнвора беш аз 20 чорабинии васеъмиқёс низ баргузор мегардад, ки ба истеҳсоли филм, таълим, намоиши филмҳо ва раванди филмсозӣ марбут дониста мешаванд, – гуфт раиси умумии Ҷашнвораи XIV байналмилалии синамои Тошканд Фирдавс Абдухолиқов.
Вай афзуд, ки ҳар як ҷашнвораи синамо ба майдони кашфи объектҳои нав, ҷои филмбардорӣ ва дастовардҳои нав низ табдил меёбад. 
Гуфта мешавад, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии бонуфуз тамоми шароит фароҳам оварда шудааст, ки бешубҳа ба рушди минбаъдаи соҳаи синамо на танҳо дар қаламрави Ӯзбекистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. 
– Хонаи кинематографистон ва Осорхонаи маҳсулоти кинематография ифтихори моро меафзояд. Имсол ба меҳмонон аввалин бор дар Осиёи Миёна кинокластер пешкаш мешавад, ки дар заминаи Хонаи кинематографистон ташкил карда шудааст. Бузургтарин экрани прокат дар кишварҳои ИДМ дар толори асосӣ ҷойгир аст, ки тасвирро дар шакли DCP нишон медиҳад. Дар ин ҷо боз се толор кушода шуд, ки дар экранҳои он филмҳо дар ҳамин шакл намоиш дода мешаванд,– изҳор намуд Ф. Абдухолиқов. 
Дар ин муддат аз Аврупо аввалин силсилаи таҷҳизоти фотоархив ва таҷҳизоти мултимедиявӣ, овоздиҳӣ, коркарди рақамӣ, наворбардорӣ дар формати 3D дастрас карда шуд.
Тавре ки дар барномаи ин ҷашнвора зикр ёфтааст, дар доираи он баргузории «Рӯз-ҳои синамои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай», «Рӯзҳои синамои ҷаҳон», «Рӯзҳои филмҳои ҳуҷҷатӣ», «Рӯзҳои синамои ретро», «Рӯзи синамои Ӯзбекистон», Анҷумани Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ, «Вохӯрии роҳбарони киностудияҳои миллии мамлакатҳои ИДМ», дарсҳои маҳорат аз тарафи ситораҳои синамои ҷаҳон мадди назар мебошанд. Инчунин имзои бештар аз 20 меморандуми ҳамкорӣ низ дар ин росто барномарезӣ шудааст. 
Ногуфта намонад, ки яке аз самтҳои калидӣ дар ин ҷашнвора баргузории Рӯзҳои синамои кишварҳои узви СҲШ мебошад. Ин нишасти расмӣ 15-16 сентябри соли ҷорӣ дар Самарқанд ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Мувофиқи барномаи ҷашнвора ҳайатҳои вакилони кишварҳо Рӯзҳои синамои СҲШ-ро дар Тошканд ва дар минтақаҳои мухталифи Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон баргузор мекунанд. 
Интизор меравад, ки дар чаҳорчӯби ин ҷашнвора лоиҳаҳои муштараки синамои Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Инҳо филмҳои «Казбек» (Белорус), «Ҷомӣ ва Навоӣ», «Ситораи ноаён» (Тоҷикистон), «Гладиатор» (Русия), «Эшелонҳо ба Шарқ мешитобанд», «Коркит-ота» (Қазоқистон) мебошанд.  

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: