«Ҷашнвораи манзараи тирамоҳ»

Нуфузи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Заҳриддин фловерс плантейшн» дар ноҳияи Зангиато натанҳо ниҳолпарварони вилояти Тошканд, балки зебоипараст ва табиатдӯстони Русия, Аврупо, Қазоқистон, Тоҷикистонро ба худ кашидааст.

Нуфузи ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Заҳриддин фловерс плантейшн» дар ноҳияи Зангиато натанҳо ниҳолпарварони вилояти Тошканд, балки зебоипараст ва табиатдӯстони Русия, Аврупо, Қазоқистон, Тоҷикистонро ба худ кашидааст. Ҷамъияти мазкур аз соли 1980 инҷониб, фаъолияти худро ба парвариши садбаргҳои маҳаллӣ ва дарахтони мевадор оғоз намудааст.
Роҳбари он Заҳриддин Сайфиддинов сирри боғдорӣ ва ниҳолпарвариро ба писаронаш омӯзонд. Даставвал дар 9 гектар замин кор сар кард ва имрӯз майдони умумии замини ӯ 80 гектарро ташкил медиҳад. Бародарон дар тӯли таҷрибаи чилсолаи худ зиёда аз 200 намуди навъи садбарг, дарахтони манзаравӣ ва мевадори зудрас, бутта ва гулҳои бисёрсоларо парвариш намуда, ба аҳолӣ расонда дода истодаанд. 
Ба қарибӣ дар ин боғ чорабинии табиатдӯстони «Ҷашнвораи манзараи тирамоҳ – 2020» шуда гузашт. Дар чорабинӣ доир ба флористика мастер-класс, технологияи истеҳсоли вермикомпост ё ки биогумус, азнавкоркарди растанӣ, хайрияи ауксион ва бозиҳои лоторея ташкил карда шуд. Дар тамошои ҷашнвораи олами сабз актёрон Рустам Саъдуллоев ва Муқаддас Холиқова низ баромада буданд. Дӯстдорони табиат ба ташкилкунандагони чорабинӣ миннатдорӣ изҳор намуда, зуд-зуд ба амал омадани ин гуна намоишҳоро хоҳиш намуданд.

Матн ва сурати 
Даврон АҲМАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: