ҶАШНВОРАИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА АМАЛӢ ДАР БУХОРО

Ин чорабинӣ дар мактаб-интернати ихтисосонидашудаи санъати Бухоро, осорхонаи санъати тасвирии Бухоро ва Донишгоҳи давлатии Бухоро ба амал омад.

Ин чорабинӣ дар мактаб-интернати ихтисосонидашудаи санъати Бухоро, осорхонаи санъати тасвирии Бухоро ва Донишгоҳи давлатии Бухоро ба амал омад. Мақсад аз гузаронидани ин тадбир дар дили ҷавонон ангехтани эҳсосоти ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дарки дахлдорӣ ба рушди диёр ва дарёфти соҳибистеъдодон буд. Дар ҷашнвора талабагону донишҷӯёни мактабҳои таълими умумӣ, таълимгоҳҳои миёнаи махсус ва олии вилоят, инчунин тарбиягирандагони «Хонаи меҳрубонӣ»-и рақами 32 ҳунару маҳорати худро аз рӯйи намудҳои санъати тасвирӣ, меъморӣ, ҳунармандии миллӣ, рақсу суруд намоиш доданд. Дар озмунҳои эҷодӣ дарсҳои маҳорати кулоли машҳури ғиҷдувонӣ Алишер Нарзуллоев, мактаби миниатюраи Бухоро усто Даврон, суратгири шинохта Шавкат Болтаев ва дигарон иштирок карданд, бо омӯзгорон, устодони ҳунар мулоқот намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ ба корҳои эҷодии ҷавонон аз тарафи доварон баҳо гузошта шуда, ғолибон ҳавасманд гардонда шуданд. Фестивал бо консерти устодони санъати вилоят поён ёфт.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.
Дар суратҳо: лавҳаҳо аз фестивал.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: