ҶАШНВОРАИ «ШАШМАҚОМ» ДАР ТОШКАНД

Дар Нигористони санъати тасвирии Ӯзбекистон воқеъ дар шаҳри Тошканд якҷо бо ҷамъияти «OXUS Culture» ҷашнвораи навбатии Шашмақом ба кори худ шурӯъ кард.

Тавре ки таъкид гардид, дар ҷашнвора иштирокдорон тӯли панҷ рӯз бинобар шаш мақоми ин мусиқии беназири мардуми Шарқ, аз ҷумла мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ баҳраманд мегарданд. 
Дар ҷашнворае, ки бахшида ба мероси мусиқии Шашмақом гузаронида мешавад, сарояндагон ва навозандагони ҷавону бомаҳорати Ӯзбекистон, иҷрогарони бахшҳои сознавозиву мақомхонии ин санъати нотакрор иштирок мекунанд. Онҳо асарҳои нодири қисми Мушкилот (бахши сознавозӣ) ва силсилаи асарҳои мукаммали қисми Наср (бахши мақомхонӣ)-ро, ки ба шаш мақоми силсилаи Шашмақом дохил мешаванд, иҷро мекунанд. 
Тавре ки муаллифи лоиҳаи ҷашнвораи мазкур Ҳусниддин Ато мегӯяд, дар ҷашнвора ба ҳар кадом бахш ва силсилаи мероси мусиқии Шашмақом эътибори махсус дода мешавад. Ҷашнвора лоиҳаи навбатии OXUS Culture ва Нигористони санъати тасвирии Ӯзбекистон аст, ки аз соли 2013-ум ин ҷониб дар радифи лоиҳаҳои дигар, аз ҷумла тарғиби мероси мусиқии Шашмақом- «Намоишгоҳи Шашмақом», достонҳои халқӣ-«Шаби достонсароӣ», ҳамчунин, рушди созҳои миллӣ, мероси мусиқии халқӣ ва анъанавии Ӯзбекистон-«Шаби мусиқии классикӣ» амалӣ мегардад. 
Боиси қайд аст, ки дар рӯзи аввали ҷашнвора ихлосмандони мусиқӣ аз мақомҳои Бузург, Мушкилот (бахши сознавозӣ) ва Наср (бахши мақомхонӣ) баҳраманд шуданд. Дар Таснифи Бузург, Гардуни Бузург Ӯткир Қодиров (ғиҷҷак), Қудратулло Самадов (доира), мухаммаси Насрулойӣ – Гӯзал Мӯъминова ва Гуласал Қозиева (дутор), Сақили ислим – Азамат Эргашев (най) баромад карданд. Дар сарахбори Бузург ва таронаҳои равияи Наср Шавкат Матёқубов, Аброр Исоқов, Насри узол ва Уфари узол – ансамбли Навоҳои Самарқанд, Муғулчаи Бузург (силсила) – Саидмурод Топилдиев ва Рок (силсила) Бобоқул Орзиев ва Рустам Мирминов бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ нумуданд.  
Таъкид гардид, ки ҷашнвораи «Шашмақом» то 2 марти соли ҷорӣ дар толори Нигористони санъати тасвирии Ӯзбекистон идома меёбад.

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: