ҶАШНҲОИ НАВРӮЗӢ ИДОМА ДОРАНД

Дар сартосари мамлакатамон ҳанӯз шукӯҳи Наврӯз эҳсос мегардад.

. Аз ҷумла, дар Маркази матбуоти миллии Ӯзбекистон бахшида ба натиҷаи озмуни «Ассалом Наврӯз, ҷашни навсозӣ, меҳру оқибат ва қадру қимат», ки дар қарори Президент «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани ҷашни умумихалқии Наврӯз дар соли 2022» пешбинӣ шуда буд, чорабинии мутантан баргузор шуд.
Чорабинӣ бо ҳамкории Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Агентии корҳои ҷавонон ва Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммавии электронии Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст.
Ба он директори Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ Асадҷон Хоҷаев ҳусни ифтитоҳ бахшида гуфт, ки озмун аз рӯйи 3 равия пешбарӣ шуд ва дар он зиёда аз 700 нафар ҷавонони аз 14 то 30-солаи мамлакатамон иштирок карданд.
Дар номинатсияи «Ролики иҷтимоии беҳтарин» аз 265 нафар иштироккунанда 310-то, дар равияи «Иҷрои шеъри беҳтарин», ки бояд дар шакли видеомавод пешниҳод мешуд, аз 155 нафар 188-то ва дар номинатсияи охирин «Фотосуратҳои беҳтарин» аз 297 нафар 2500-то корҳои эҷодӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз қабул карда шуд.
Корҳои эҷодӣ дар асоси талаботи шартҳои озмун омӯхта шуд ва муайян гашт, ки наздик ба дуюним ҳазортои он мувофиқи матлаб нест.
Аз рӯйи номинатсияи «Ролики иҷтимоии беҳтарин» ҷойи сеюм ба Б. Отабоев ва К. Абдурашидов, ҷойи дуюм бошад, ба А. Тӯхтаев насиб кард.
Дар номинатсияи баъдина «Иҷрои шеъри беҳтарин» ҷойи сеюм ба М. Бегимова ва дастаи сегонаи духтарон, ҷойи дуюм ба У. Яҳёева ва З. Йӯлдошева, ҷойи якум бошад, ба А. Ҷарбосиноваи навоигӣ насиб кард.
Дар равияи «Фотосуратҳои беҳтарин» ҷойи сеюмро А. Эсонов, С. Воҳидов ва Б. Ҷӯраев, ҷойи дуюмро бошад, Ҷ. Қӯзимуродов ба даст дароварданд.
Бояд ёдрас намуд, ки дар равияҳои «Ролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Фотосуратҳои беҳтарин» кори эҷодии ягон иштироккунанда сазовори ҷойи аввалин дониста нашуд. Ба ин ҳолат ҳайати озмун эзоҳ доданд, ки чунин озмун дар миқёси мамлакат бори аввал гузаронида мешавад. Иштирокдорон бояд ба кор ҷиддӣ муносибат кунанд, яъне дар як лаҳза маънову мазмуни бузургҳаҷмро муҷассам карда тавонанд.
   

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: