ҶАСОРАТМАНД

Яке аз донишмандони илми адабиётшиносии тоҷик Носирҷон Салимов 60-сола шуд. Вақт чӣ гуна зудгузар.

Яке аз донишмандони илми адабиётшиносии тоҷик Носирҷон Салимов 60-сола шуд. Вақт чӣ гуна зудгузар. Гӯё дирӯзакак дар риштаи филологии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамроҳ донишҷӯ будем. Ду курс болотар мехондам аз Носирҷон, вай баъди вафоти падараш Юсуф Салимов, ки устоди донишгоҳ буданд, студент гашт. Ба хотири устоди шодравони худ ҳам, ки дар авҷи камолот аз дунё гузаштанд, Носирҷонро бештар эҳтиром менамудем. Бо хониши аъло, рафтори намунавӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, айни замон, Н.Салимов ба дилу дидаи устодон қарин шуда буд.
Байни доништалабоне, ки аз мо ду курс поинтар мехонданд, ӯ ва ҳамдарсаш Ҷамила Шодиева бо ҷӯяндагӣ ва заковат ҷудо шуда меистоданд. Бо фаъолияти ибратангез дар ҷамъияти илмии донишҷӯён, дар маҳфилҳои адабӣ, ҷамъомадҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ва эҷодӣ ҳарду баромадҳои ҷолиб менамуданд. 
Нахустин китоби адабиётшиноси он вақт ҷавон Аскар Ҳаким «Шеър ва замон» дар ҷамъомади илмии кафедраи адабиёти тоҷик бо иштироки муаллиф мавриди муҳокима қарор гирифт. Фикрҳои солим дар бораи як қатор мақолаҳое, ки дар китоб ҷойгир буданд, аз ҷониби донишҷӯёни курсҳои поёнӣ Н.Салимов ва Ҷ.Шодиева низ баён гаштанд. Аскар Ҳаким ва дигарон онҳоро таҳсин карданд, гуфтанд хусусан ин ду нафар – ояндаи илми адабиётшиносии мо, ба шарте ки оянда низ дар ҷодаи пурпечутоби ҷӯяндагӣ бо шуҷоат қадам зананд, хидмат ба илму адабиётро назди худ мақсад гузошта, бо азму иродаи қавӣ барои амалӣ гардондани ниятҳо кӯшанд.
Ҷамиларо ҳанӯз аснои мактабхонӣ аз рӯи шеърҳояш, ки дар «Пионери Тоҷикистон» ва «Машъал» муттасил чоп мешуданд, ғоибона мешинохтам. Вақте ба курси сеюм гузаштем, донистем, ки шоира ба курси аввали шуъбаи мо қабул шудааст. Намедонистем то ба ҳол, ки вай духтари яке аз устодони мо – профессор Эргаш Шодиев.
Носирҷону Ҷамила, ҳамин тавр, мавриди эътибори алоҳидаи устодони мо Саъдулло Асадуллоев, Абдухолиқ Набиев, Абдуманнон Насриддинов, Ӯғилой Аҳмадова, Фарҳод Зикриёев, Ҳувайдулло Ҷалилов, Абдулло Сатторов ва дигарон қарор гирифта, байни донишҷӯён, тавре ишора рафт, ҳарҷониба намуна буданд.
Ду нафар донишҷӯён аз Сӯх, ки бо ҳам наздик будем, дар ҳавлии устодамон Юсуф Салимов иҷора менишастанд. Бинобар баъзан назди ҷӯраҳо рафтан бо аъзои он хонадон як андоза қарин шуда будем. 
Мо, чанд донишҷӯ, шабонгоҳе аз сеанси охирини филме, ки дар кинотеатри «Тоҷикистон» гузошта шуд, баромада, дар кӯча ду гурӯҳро дучор омадем, ки мехостанд муштзанӣ кунанд. Гурӯҳи аввал – се-чаҳор нафар, тарафи муқобил – хеле зиёд, вале яке аз бачагон аз гурӯҳи аввал он қадар ҷангталаб, гӯё мехоҳад як худаш ба чандин кас бас омадаву фиғони ҳамаро барорад. Дар нимравшанӣ он «баҳодур»-ро, ки ба назарам гарм тофт, шинохтам: вай Носирҷон буд, писари мактабхони муаллими мо Ю.Салимов. Ӯро ором сохта ва пеши роҳи ҷанҷолро гирифтем.
Н.Салимов баъди донишҷӯ шудан вазнин ва солор гашт, дар майдони омӯзишу таълим зӯр ва ҷасорат нишон дод. Баъди бомуваффақият хатм кардани Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд дар риштаи филологии муассисаи таълимии мазкур чанд муддат ҳамчун лаборант, муҳаққиқи коромӯз фаъолият бурд. Баъдан дар аспирантура таҳсил ва ба корҳои пажӯҳишию ҷустуҷӯи илмӣ ҷиддан камар баст.
Муҳити илмӣ-адабии шаҳри Душанбе, ки Н.Салимов акнун он ҷо иқомат дошт, дар шуъбаи танқид ва адабиётшиносии маҷаллаи «Садои Шарқ» ҳамроҳ бо яке аз донишмандони соҳа Бӯстон Шакурӣ фаъолият бурд. Сонӣ ходими илмии Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон таъин гашт.
Н.Салимов бо тақозои шароити оилавӣ ба Хуҷанд баргашт. Дар кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳ ба омӯзгорӣ шурӯъ намуд. Ҳанӯз дар Душанбе рисолаи номзадӣ дифоъ ва соли 1991 ҳамчун беҳтарин олими ҷавон барои силсилаи мақолаҳо ба дарёфти шаҳодатномаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ноил гардид.
Дар факултае, ки як вақтҳо падари бузургвораш кор мекард, чун лексия хонд, баъд мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик таъин гашт. Корҳои педагогию пажӯҳиширо тавъам давом дод. Ҳар машғулоте, ки бо толибони илм мегузаронд, мисли дарсҳои падари раҳматиаш диққатҷалбкунанда буданд. Ҷамоаи омӯзгории донишгоҳ меангошт мисле омӯзгор ва донишманди маъруф Юсуфҷон Салимов зинда шуда ва боз ба кафедра баргаштааст...
Дар корҳои роҳбарию ташкилотчигӣ низ  ҷиҳатҳои нотакрори Н.Салимов ошкор мегашт. Илм ва адабиёт дар давраи Сомониён эътиборашро бештар ҷалб сохта, дар ин самт тадқиқотҳо бурд, мақолаҳои ҷолиб навишт. 
Соли 1998 директории «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён»-ро ба вай супурданд. Соли 1999 ноиби ректори қисми илмию таълимии донишгоҳ таъин ва дар ин вазифа то соли 2001 кор кард. Соли 1999 барои китоби дуҷилдааш «Сомониён дар оинаи таърих» ба дарёфти Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ»-и Ҳукумати вилояти Суғд мушарраф гардид.
Баъдан Носирҷон Салимовро лозим омад дар лавозимҳои боз ҳам баланд ва масъулиятталаб фаъолият барад: бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2001 вай ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, аз 10 январи соли 2010 ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, соли 2012 директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, аз 15 декабри соли 2014 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуда адои вазифа намуд. Соли 2019 чанд муддат ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон директорӣ низ кард, сонӣ узви Маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъин гашт. Ҳар вазифае, ки супурданд, бо виҷдони пок иҷро кард, бовариҳоро сазовор гардид.
Монографияҳояш аз қабили «Маърифати бадеии таърих», «Мероси Оли Сомон», «Марҳилаҳои услубӣ ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ», ҳамчунин бештар аз 100 мақолаҳои илмӣ-оммавиаш ба чоп расида ва манзури алоқамандони соҳа гардидаанд. Дар таҳияи «Ҳазору як шаб», «Сомониён дар оинаи таърих», «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» ва ҳоказо саҳм гузоштааст.
Истеъдод ва қалами расои Носирҷон Салимӣ дар тарҷумаҳои бадеӣ, ки ба анҷом расондааст, низ ҳис мешаванд. Соли 1991 дар баргардониши ӯ «Ҳикояҳои А.П.Чехов» дар шакли китоби алоҳида ба дасти хонандагон расид. Аз осори адибони булғор низ намунаҳо тарҷума кард, ки дар китоби «Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст» («Ирфон, 1998) фароҳам омадаанд. Зикршуда аз соли 1999 – узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, яке аз донишмандони илми шеър будани ӯро кайҳо эътироф кардаанд.
Ҳанӯз соли 2002 докторӣ дифоъ ва ба номи шарафноки профессорӣ ноил шуд. Аз соли 2008 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст, ки ин олими нуктасанҷ ҳоло 60-сола гаштааст.

Муҳаммадҷон ШОДӢ.
Шаҳри ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: