Ҷасур Ҷайсунов - чемпиони “Тоскулоҳи бузург” оид ба таэквондо, Светлана Осипова соҳиби медали биринҷӣ

Дар шаҳри Уси Чин мусобиқаи ”Тоскулоҳи бузург” оид ба таэквондо WT ба охир расид.

Дар рӯзи охирини мусобиқот мунтахаби Ӯзбекистон 1 медали тилло ва 1 биринҷӣ ба даст овард.

 Ғолиби мусобиқа Ҷасур Ҷайсунов гардид, ки дар вазни то 80 кг бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуд. Ва қаҳрамони ҷаҳон Светлана Осипова (+73 кг) медали биринҷӣ гирифт.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Ӯзбекистон мусобиқоти бонуфузро бо 2 медали тилло ва 1 биринҷӣ ба анҷом расонд.

Бояд гуфт, ки ин мусобиқаҳо литсензия доранд. Бар асоси натоиҷи ду даври “Тоскулоҳи бузург” (дуюмаш дар моҳи декабр баргузор мешавад) литсензиядорони нахустини Бозиҳои олимпии Париж-2024 муайян хоҳанд шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: