Ҷавоби роҳсоз

Роҳгузар аз коргаре, ки бо асбобе асфалтро сӯрох мекард, пурсид:

Роҳгузар аз коргаре, ки бо асбобе асфалтро сӯрох мекард, пурсид:
— Ин садои баланди гӯшкаркунандаро чӣ хел таҳаммул мекунед?
— Э, ин садо чандон баланд нест, ман чанд сол қабл омӯзгори синфҳои ибтидоӣ будам...

Баҳонаи дарсгурез

Рӯзе хонандае ба мактаб наомад. Омӯзгор аз ӯ пурсид:
— Чаро дирӯз ба дарс наомадӣ?
— Дирӯз, вақте ба мактаб меомадам, дидам, ки дар роҳ пули як зан аз кисааш афтод.
Омӯзгор:
— Чӣ, баъд якҷоя пулро ҷустуҷӯ кардед?
— Не, то дур шудани зан пулро дар зери кафшам нигоҳ доштам.

Саволу ҷавоб

Байни омӯзгору хонандаи синфи як саволу ҷавоб сурат гирифт:
— Аҳмад, ду карат ду чанд мешавад?
— Панҷ.
— Нодуруст. Ду карат ду чор мешавад.
Аҳмад:
— Худатон медонистаеду чаро пурсидед?

Эълон

Маҷлиси падару модарон соати 3 оғоз меёбад. Даромадан бепул. Вале баромадан пулакӣ. Ҳар кас вақти баромадан 15 ҳазор сӯмӣ мепардозад.

Узри донишҷӯ

Устоди донишгоҳ ба донишҷӯ гуфт:
— Дарсро боз тайёр накардам гӯ!
— Бале, устод.
— То нисфи шаб телевизор тамошо кардагистӣ?
— Ҳамин хел.
— Дар донишгоҳ низ ҳурматат намонд. Пули давлатро хӯрда хоб кардаӣ-да!
— Узр, устод, ман намедонам шумо аз ҳисоби кӣ зиндагӣ мекунед, вале ба ман то ҳанӯз пулро падару модарам медиҳанд.

Бахтатон хандид

Баъди садои занги охир Собир ба хонаашон омада хушҳолона гуфт:
— Падар, бахтатон хандид.
— Чӣ хел? — пурсид падар.
— Соли оянда ба ман китобҳои дарсӣ намехаред. Маро дар синфам мононданд. Соли оянда дар синфи 6 такрор мехонам.

Табдили рақами 
6 ба 9

Муаллим дар дарси математика ба хонандагони синфи 1 савол дод:
— Хӯш, бачаҳои азиз, барои ба рақами 9 табдил ёфтани рақами 6 чӣ бояд кард?
Хонандае, ки дар партаи охир менишаст, аз ҷояш боло шуда гуфт:
— Рақами 6-ро ба замин афтонда, пояшро ба осмон бардорем, мешавад рақами 9.

Ватан — модари Ситора

Рӯзе муаллим ба талабаи синфи ду — Ситора савол дод:
— Ку, Ситора, бигӯ Ватан чист?
— Ватан — модари ман!
— Анвар, аз ҷоят хез! Ватан чист?
— Ватан — модари Ситора.

Пешгӯӣ

Суҳроб ба модараш гуфт:
— Очаҷон, ин бор баҳои чорякам аз забони модарӣ «5» мешавад.
— Офарин! Вале ин боварӣ аз куҷо?
— Ман ин дафъа иншоро аз иншои ҳампартаи аълохонам Гулрухсор рӯбардор кардам. Мавзӯъ мавзӯи озод: «Тарҷумаи ҳоли ман» буд.

Таҳия ва тарҷумаи КОМРОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: