ҶАВОНМАРДО, ҶАВОНМАРДӢ БИЁМӮЗ!

Дар асоси қарори сарвари давлат аз 26-уми сентябри соли 2018 «Дар бораи чораҳои омодасозии ходимони идораҳои корҳои дохилӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо» дар Самарқанд литсейи академӣ дар тасарруфи Вазорати корҳои дохилӣ таъсис ёфта буд.

Имрӯзҳо қабули ҳуҷҷатҳо ба мактаби ҷавонмардӣ муташаккилона идома дорад.
Дар саҳни литсейи мазкур, ки дар яке аз гӯшаҳои хушҳавои самти шарқӣ-ғарбии Самарқанд воқеъ аст, аз субҳи содиқ писаракону духтаракони қадрас дар либоси низомии хушдӯхт аз чор тараф бо қадами қатъӣ, сари баланду бо ҳисси ифтихор ба ин ҷо меоянд, ки мардум бо ҳавас сӯи онҳо менигаранд. Дарси ҳаррӯза аз саф кашидан дар саҳни литсей оғоз меёбад. Пас аз ҳозиру ғоиб ва машварат намудан, толибилмон сӯи дарсхона ва майдончаҳои варзиш раҳсипор мешаванд.
– Ҳеҷ шуғле бе машварат накӯ наояд, – гуфт сарвари таълимгоҳ, полковник Абдунабӣ Тӯраев. – Боз интизоми қатъӣ асоси пешравист. Дар низоми мо боз бисёр қоидаҳо ҷорист, ки ҳатман иҷро шуда, дар натиҷа литсей дар ҷумҳурӣ дар сафи пешқадамҳо мебошад. Раҳматӣ бобоям,  профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҳотам Тӯраев, ки назмдӯст буданд, панде доштанд: 
Дарахт, ки хурдак бувад, 
боғбон, 
Бигардонад ӯро, чу хоҳад 
чунон, 
Чу гардад калон, 
натвонадаш, 
Ки аз каҷҷию хам 
бигардонадаш. 
«Боғбон», яъне муаллимони мо соҳиби маълумоти олӣ ва соҳибтаҷриба ҳастанд, ки ғайр аз дониш тарбия медиҳанд. Таълимгоҳ бо устодон – доктори фан  ҳуқуқшиносӣ Фурқат Шодмонов, номзади фан Очил Раҳмонов, Зокир Қувондиқов ва дигарон ифтихор дорад. Ҳоло дар литсей беш аз 50 нафар муаллимон бо корҳои таълиму тарбия машғуланд.
– Абдунабӣ Рустамович, имсол қабули довталабон чӣ хел аст?
– Ҳар сол 200 нафар писаракону духтаракон, ки синфи нӯҳумро хатм кардаанд, дар асоси санҷиши тест қабул хоҳанд шуд. Аллакай аз тамоми гӯшаву канори вилоят 1275 ариза расид. Имрӯзҳо рӯҳшиносон бо ҳар як довталаб сӯҳбат ороста, баъди саволу ҷавоб ба имтиҳонсупорӣ тавсия медиҳанд. Охир мо чунин кадрҳоро тайёр мекунем, ки руҳан ва ҷисман қавӣ бошанд.
– Магар духтараконро низ ба хондан қабул мекунед?
– Албатта. Охир дар идораҳои ҳуқуқу тартибот ҷинси латиф низ лозиманд. Агар шумо аҳамият дода бошед, дар назди ёдгориҳои таърихӣ ва кӯчаҳои марказӣ духтарон дар либоси низомӣ бо навбат вазифаи посбонони осоиштагиро иҷро менамоянд. Бинобар ҳамин ҳар сол 50 нафар духтараконро ба хондан қабул мекунем.
Хатмкунандагон баъди литсей ба мактабҳои олии Ӯзбекистон, Академияи назди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ҳуҷҷат месупоранд. Соли гузашта 85 фоизи хатмкунандагон ба муроди дил расиданд.
– Толибилмон ғайр аз таҳсил боз бо чӣ корҳо машғуланд?
– Мо 26 намуди гуногуни маҳфил, аз он ҷумла забономӯзӣ, адабиёту санъат, сексияҳои варзишӣ, китобхона дорем. Муаллимон ба ҳавасмандон забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ ва ғайра ёд медиҳанд. Алалхусус, дӯстдорони варзиш хеле бисёранд. Мураббиён ба ҷавонон асрори самбо, гӯштингирӣ, муштзанӣ, шоҳмот, футбол омӯзонда, шогирдон дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ба шоҳсуфаҳои баланд мебароянд, ки ифтихори мо аст.
– Абдунабӣ Рустамович, насиҳату маслиҳати шумо ба шогирдон?
– Ба маълумоти мухлисони рӯзнома бояд расонам, ки решапайванди деҳаи Оқсой ҳастам. Мардуми кӯҳистони мо дилбастаи илму фарҳанг мебошанд. Солҳои таҳсил дар мактаби деҳот бисёр шеъру достонҳоро азёд мекардем, ки байти аллома Рӯдакии Самарқандӣ айни муддаост:
Далеру хирадманду 
ҳушёр бош,
Ба пос андарун сахт 
бедор бош!
Ин маънои онро дорад, ки «Посбони ту ҳушёрии туст». Барои толибилмони литсей аз наврасӣ ҳушёру зирак шудан лозим, ки дар касби оянда – посбонии осоиштагӣ зарур аст.
Чанде пеш дар таълимгоҳи мо тақдимоти китоби фарзанди Самарқанд, собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-лейтенант Баҳодур Матлубов «Таъмини тартиби ҷамоатӣ ва бехатарӣ дар Ӯзбекистон» ба вуқӯъ пайваст. Ҳозирон бо шавқу завқ баромади нотиқонро гӯш карданд. Ана баъд ман мақоли Суворов: «Сарбозе, ки орзуи генерал шудан надорад, сарбоз нест»-ро гуфтам. Умед аст, ки худо хоҳад аз байни хатмкунандагон генералҳо низ ба камол мерасанд. Тартиб дар литсей қатъӣ. Мақсад – аз ҷавонӣ обутоб ёфтани шогирдон.
Мо сипас, бо ҷараёни дарс, машқҳои варзишӣ аз наздик шинос шуда, боварӣ ҳосил кардем, ки дар литсей бунёдгузорони Ӯзбекистони Нав ба камол мерасанд. Беихтиёр панди Абдураҳмони Ҷомӣ ба хотир меояд:
Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биёмӯз!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти 
Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: