Назар ба маълумотҳо, алъон наздик 55 фоизи аҳолии вилояти Андиҷонро ҷавонони то 30-сола ташкил менамоянд.
Чун дар тамоми мамлакат дар ин вилоят низ бобати дастгирии ҳарҷонибаи ҷавонон, ба амал баровардани иқтидору салоҳияти онҳо, ҳалли мушкилоти насли ҷавон хусусан дар масъалаи шуғли доимӣ, ташаккул додани манбаи даромади онҳо корҳои муҳим ба сомон расонда мешаванд.
Дар ибтидои сол аз ҷониби гурӯҳҳои пешбари ҷавонон ҳолоти ҳар маҳалла санҷида ва мавҷуд будани 15 ҳазору 51 нафар бекорон аниқ шуда буд. Бо мақсади таъмини ҷавонон бо кор харитаҳои роҳ кор карда бароварда шуд. Дар натиҷаи аз рӯи нақшаҳои аниқ пеш бурда шудани корҳо 10 ҳазору 834 нафар ё худ 72 фоиз корҷӯён ба шуғл таъмин карда шуданд, мегӯяд роҳбари идораи шуъбаи андиҷонии Агентии кор бо ҷавонон Ойбек Йӯлдошев.
Ҳоло барои ба шуғл таъмин кардани 8 ҳазору 683 ҷавонон корҳо пеш бурда мешаванд.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».