ҶАВОНОН БА СОҲИБКОРӢ РӮЙ МЕОРАНД

Бо иқдоми ҳокимияти ноҳияи Бешариқ як гурӯҳ ҷавонон нозукиҳои соҳибкориро меомӯзанд.

Бо иқдоми ҳокимияти ноҳияи Бешариқ як гурӯҳ ҷавонон нозукиҳои соҳибкориро меомӯзанд. Онҳо аз зумраи ҷавононеанд, ки ба далели бекор монданашон дар “Дафтари оҳанин” сабти ном шудаанд. Барои ҳамин  ҳокимияти ноҳия барои бо кор таъмин кардани онҳо ҷиддан талош меварзад.
– Давраи омӯзишӣ ва ҳосил намудани таҷрибаро ҷавонон дар бинои “Мономарказ”-и ноҳия шурӯъ намуданд. Шиори ин чорабинӣ  “Ҳар як соҳибкор – ба ҳар ҷавон мададгор” унвон гирифтааст. Дар ин рӯзҳо ҷавонон бо шавқи том ба омӯзиш машғуланд, – мегӯяд ноиби ҳокими ноҳия оид ба сиёсати ҷавонон, ривоҷи иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ Отабек Алиматов. 
Ӯ илова кард, ки дар ин давраи омӯзишӣ барои ҷавонон соҳибкороне  дарси маҳорату таҷриба мегузаранд, ки аллакай дар ин ҷода хеле пешрафт кардаанд, баъзеи онҳо ҳатто ба содири маҳсулоти худ ноил шуда, даромади зиёд ба даст овардаанд.   
Дар ин маросим ҷавонон бо саволҳои худ муроҷиат карданд. Муҳтавои саволҳо аз он иборат буд, ки роҳу усулҳои рушду ривоҷи соҳибкорӣ кадомҳоанд ва чӣ тавр метавон дар ин маврид ҷавонон ба қуллаи мурод расанд ва комёб шаванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: