ҶАВОНОН БО ҶИҲОЗҲОИ ВАРЗИШӢ ТАЪМИН ШУДАНД

Бар асоси қарори Президент “Дар бораи рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сӯх дар солҳои 2020-2021” барои ҷавонони ноҳияи Сӯх 30 намуди таҷҳизот ва иншооти варзишӣ фиристода дода шуд. Ҳамаи он бар ивази 600 миллион сӯм харидорӣ шудааст.

Бар асоси қарори Президент “Дар  бораи рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сӯх дар солҳои 2020-2021”  барои ҷавонони ноҳияи Сӯх 30 намуди таҷҳизот ва иншооти варзишӣ фиристода дода шуд. Ҳамаи он бар ивази 600 миллион сӯм харидорӣ шудааст.
– Ин барои ҷавонони ноҳияамон тӯҳфаи муносиб мебошад. Зеро аз 80 ҳазор аҳолии ноҳия 20 ҳазори онро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳанд, – мегӯяд раиси бахши ноҳиявии шӯрои Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ Исоҷон Мастонов.
Дарвоқеъ, тайи солҳои зиёд дар натиҷаи мавҷуд набудани шароити муносибу мувофиқ, инфрасохтори ғайриқаноатбахши варзишӣ ва набудани таъминоти он ягон варзишгари ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ ва миллӣ шарафи ноҳия ва вилояту кишварамонро ҳимоя накардааст. 
Эътибор ба рушди  тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти  солим дар байни аҳолӣ, барои тарбия намудани варзишгарони  боистеъдод  ба сатҳи дастаҳои миллӣ чораҳо  дида мешаванд. 
Бо ин  мақсад оиди сохтмони иншооти  нави  варзишӣ барои ҷавонони  ноҳия, бозсозии биноҳои мавҷуда ва бо ҷиҳози зарурии варзишӣ таъмин  кардани он вазифаҳои аниқ гузошта шудаанд.  Дар ин робита нақшае таҳия  гардидааст, ки он маҳз барои  ҷалби васеи ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш нигаронида шудааст.  
– Тарбияи  ҷисмонӣ танҳо бо мавҷуд будани таҷҳизоти варзишӣ дари имкониятҳои бештарро ба ҷавонон кушода медиҳад. Мутаассифона,  ҷавонони   ноҳия солҳои тӯлонӣ аз чунин имкониятҳо маҳрум буданд. Барои ҳамин нишон  додани  истеъдоду маҳорати варзишӣ ва ишғоли ҷойҳои муносиб дар мусобиқаҳо барояшон чандон муяссар намегардид. Умедворем, ки баъди ин ғамхорӣ варзишгарони ҷавони сӯхӣ низ талош хоҳанд кард, ки беш аз пеш  фаъолтар шаванд ва  дар  ояндаи  наздик  дар мусобиқот ширкат кунанд ва ҷойҳои ифтихориро ба даст оваранд, – мегӯяд ҳокими ноҳияи Сӯх Саидбаҳром Саидмӯсоев. 

Файзулло  ИБРОҲИМОВ,
мухбири ҷамоатии “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: