ҶАВОНОН БОЯД МУНОСИБИ ЭЪТИБОР БОШАНД

Ҳокими вилояти Сирдарё Акмалҷон Маҳмудалиев дар «Боғи ҷавонон»-и шаҳри Гулистон бо ҷавонон ва донишҷӯён вохӯрд.

Дар вохӯрӣ ҳокими вилоят таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ барои тарбия, донишомӯзӣ ва ояндаи ҷавонон, дар ҷамият ҷойи муносиби худро пайдо кардани  онҳо ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст, ҷавонон бояд муносиби чунин эътибор бошанд. Ғайр аз ин, ҳокими вилоят доир ба яке аз масъалаҳои муҳим – бедор намудани ҳисси дахлдории онҳо ба ислоҳоти амалишаванда ва ояндаи кишвар низ гуфта гузашт. 
Дар чорабинӣ ҷавонон фикр, пешниҳод ва андешаҳояшонро дар хусуси баланд бардоштани фаъолнокии соҳаи иҷтимоиву сиёсӣ ва салоҳияти зеҳнии ҳамсолонашон ва ғояю ташаббусҳо, ки ба рушди ҷамъият нигаронида шудаанд, гуфта гузаштанд.
— Роҳбари вилоят пешниҳоди манро доир ба дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук кушодани хештек таҳти шиори «Ман Гулистонро дӯст медорам» ва пурра кардани маълумот доир ба вилояти Сирдарё дастгирӣ кард, — мегӯяд донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Гулистон Ҷавоҳир Деҳқонов. – Ин бешубҳа, нафақат ба ҳамдиёронамон, ҳамчунин ба шахсоне, ки дар миқёси ҷаҳон аз шабакаи интернет истифода мебаранд, имконияти дастрас кардани маълумотҳо доир ба вилояти Сирдарёро медиҳад.
Дар чорабинӣ пешниҳоди ҷавонон оид ба тарзи доимӣ ба роҳ мондани тадбири «Ҳоким ва ҷавонон» маъқул дониста шуд. Ҳокими вилоят шанбеи дуюми ҳар моҳ доимӣ баргузор кардани мулоқот бо ҷавононро таъкид намуд.
Ҳоким ба ҷавонони фаъолу ташаббускор миннатдорӣ изҳор кард. Ба як гурӯҳи онҳо ташаккурнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: