ҶАВОНОН – БУНЁДКОРОНИ ОЯНДАИ МАМЛАКАТ

Дар ноҳияи Мирободи пойтахт муассисаи нави таълими ҳамагонии рақами 154 пас аз таъмири асосӣ ба истифода супурда шуд.

Вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ Ҳилола Умарова, ҳокими шаҳр Шавкат Умурзоқов, ҳокими ноҳия Анвар Сайфиддинов ва аҳли ҷомеа иштирокдорони чорабинӣ буданд.

Ҳ. Умарова таъкид намуд, ки фазо фазои муоширати ҷавонони эҷодкор аст. Дар Ӯзбекистони Нав шароити муносиб фароҳам овардан барои дониши амиқ гирифтан ва аз ҳар ҷиҳат чун насли солим ба воя расидани ҷавонон яке аз самтҳои устувори сиёсати давлат ба шумор меравад. Дар ин бобат дар доираи панҷ ташаббусе, ки аз ҷониби Президент пешбарӣ гаштааст, корҳои бунёдкорона ба амал меоянд. Барои ташкил намудани фароғати ҷавонон, ба вуҷуд овардани шароити ногузир барои мутолиа ва шуғли мунтазам бо варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо ташаббуси роҳбарияти мактаб ҳунарҳои ошпазию дӯзандагӣ ва дуредгарию кулолии хонандагон намоиш дода шуд.

Бинои нав аз ҷониби бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Қурулиш инвест» таъмир шуда, 2 миллиарду 500 миллион сӯм харҷ гардид. Дар муассиса хонаҳои лаборатории физикаю кимиё ташкил шуда, бо мизу тахтаҳои электронии нав ҷиҳозонда, гирду атрофи мактаб кабудизор гаштааст.

Инчунин барои хонандагон майдончаи нави варзишӣ ва ҷойи бозиҳои зеҳнӣ дар ҳавои тоза мавҷуд аст.

Далер Азизов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: