ҶАВОНОН ЧАРО РОҲГУМ МЕЗАНАНД?

Нақшаҳои наҷиб, меҳнату кӯшиш барои ояндаи дурахшон аст, аммо як қадами нодурусту беандеша сабаби касофату надомат мегардад.

Нақшаҳои наҷиб, меҳнату кӯшиш барои ояндаи дурахшон аст, аммо як қадами нодурусту беандеша сабаби касофату надомат мегардад.
Дареғо, имрӯзҳо баъзе нерӯҳои сиёсӣ тавассути шахсони ақидапарасти кӯтоҳандеш байни умматҳои зудбовару сода фитна ангехта, барои ба нияти нопоки хеш расидан, ҳатто бо сохтакорӣ маъно ва мазмуни ояту ҳадисҳои Қуръони Каримро вайрон карда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки алалхусус ҷавонон ба доми маккоронаи эшон афтода, тарки ватани муқаддас, ки хуни нофашон рехтааст, ҳиҷрат ба хориҷ намоянд. 
Чӣ ҷойи руст кардан аст, баъзе ҷавонони меҳру муҳаббаташон ба таълимоти ислом афзуда, вале аз ҷараёни мураккаби сиёсии дунё бехабар, ки таҷрибаи ҳаётӣ надоранд, зери таъсири маърӯза ва видеолавҳаҳои нохалафони ватанфурӯш раҳгум зада, кӯшиш мекунанд, ки ба кишварҳои оғуштаи ҷангу ҷидоли хунин «ҳиҷрат» намоянд. Уламои олами ислом мафҳуми «ҳиҷрат»-ро талқин карда, бо эҳтиёткорӣ ба он наздик шуданро талқин мекунанд, ки вагарна оқибаташ фоҷиаангез аст. Бояд таъкид намуд, ки «ҳиҷрат» калимаи арабӣ буда, маънояш кӯчидан аст. 
22-юми феврали соли равон суди сайёри оид ба корҳои ҷиноии ноҳияи Самарқанд ба вуқӯъ пайвасту маҳз масъалаи вобаста ба «ҳиҷрат» баррасӣ гардид. Дар курсии сиёҳ ҷавони бистсола Холназар Боймурод (исму насабашро тағйир додем) нишаста, ба атроф музтар менигарист. Маҳкумшаванда дар маҳаллаи Қайнамаи ноҳияи Самарқанд таваллуд ёфтааст, миллаташ ӯзбек, маълумоташ миёнаи махсус, муҷаррад, муқаддам суд нашудааст. Вай баъди хатми синфи 9-уми мактаби рақами 49-и зодгоҳ шомили коллеҷи касбу ҳунари бинокорӣ шуд, вале соли 2019 бо тавсияи падараш ба дини ислом мароқ пайдо карда, ҳар рӯзи ҷумъа дар масҷиди ҷомеъи Дамариқ ба намозхонӣ пардохт. Дар масҷид бо Аҳмад ном шахс ошно шуда, луғати арабиро омӯхт. Бо устодаш шабҳо тавассути интернет маърӯзаҳои динӣ гӯш кард, тавассути шабакаҳои гуногуни ахбор вазъгӯиҳои  гуногунро ба телефони дастиаш сабт намуда, ба Аҳмад гуфт, ки барои мусулмони ҳақиқӣ шудан нияти «ҷиҳод» кардан дорад. Ҳатто барои ба муроди дил расидан тавассути Telegram ба шабакаи «савол-ҷавоб» аъзо шуда, аз Аҳлиддин Навқотӣ ном шахс роҳҳои ҳиҷрат ба давлати Шомро пурсид. Вай ба Холназар барои ба мақсад расидан ба давлати Туркия омаданро маслиҳат додааст. Аммо идораҳои бехатарӣ дар арафаи сафар Холназар Боймуродро  дастгир карданд. Нисбати ӯ дар асоси банди «г» қисми сеюми моддаи 244-1-уми Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ кушода, айбдор эълон карданд. 
Аз 7-уми августи соли 2020 ба ӯ чораи «маҳбаси хонагӣ» пешбинӣ гардид. Дар мурофиаи суд Холназар гуноҳашро ба гардан гирифта, аз карда пушаймон буданашро изҳор кард. Ҳайати суд  барои тавсифномаи эҷобӣ аз ҷойи истиқомат, муқаддам суд нашудан, алалхусус ба кафолат гирифтани ҷамоати шаҳрвандии маҳаллаи Қайнама ва шӯрои иттифоқи ҷавонони ноҳияро ба ҳисоб гирифта, дар асоси банди 57-уми моддаи 33-юми Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон ҳукми ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карданро салоҳ донист.
Инчунин, суд минбаъд маҳкумшуда бегоҳӣ аз соати 18 то 6-и пагоҳӣ дар истиқоматгоҳ будан, бе рухсати корҳои дохилии ноҳия манзили истиқоматиро иваз накардан, аз воситаҳои алоқа, аз ҷумла интернет истифода набурдан ва назоратро ба зиммаи нозири минтақаи истиқоматии ӯ гузоштанро вазифадор кард.
Албатта, дар ҳамин ҷо ба навиштаҷот нуқта гузоштан лозим буд, аммо саволе ба миён меояд. Фаъолони гузар ва ташкилоти ҷавонон, ки нисбати маҳкумшуда тавсифномаи болохонадору пурситоиш навиштаанд, то мурофиаи суд дар куҷо буданд?! Дар урфият мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард. Умед дорем, ки дар ноҳия ба тарбияи насли наврас диққати махсус дода  ва ба ақидапарастӣ, ки ба пастӣ мебарад, роҳ гузошта намешавад.

Даврон НУРАЛИЕВ,
иҷрокунандаи вазифаи раиси суди
ноҳияи Самарқанд оид ба корҳои ҷиноӣ.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар
вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: