Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва давлат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли кӯҳансол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, воқеан ояндаи миллат ва ҷамъият мебошанд. Ҳамин аст, ки дар ҷумҳурии мо барои рушду камоли ҷавонон эътибори зиёд дода, имрӯз давлату ҳукумат барои пешрафт ва тарзи ҳаёти солими онҳо шароитҳоро муҳайё кардааст.
Ин раванди созандаву бунёдкор дар деҳоту маҳаллаҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ амалӣ мегардад. Дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ҳам ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш эътибор дода, иншоотҳои варзишӣ ба истифода дода мешаванд. Бунёд ва ба истифода супурдани майдончаи мини футбол дар деҳаи Соби ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Сентоб» далели фикр аст.
Дар ифтитоҳи майдончаи мини футбол, ки тибқи лоиҳаи «Буҷети шаффоф» бунёд гардидааст, ҳокими ноҳия Азамат Файзиев, роҳбарони секторҳо, намояндагон аз деҳоти ҳамсоя ва аҳли деҳа иштирок намуданд, Иншоот дар назди мактаби рақами 21 бунёд гардидааст. Ҳоким ҳангоми суханронӣ мардуми маҳалларо бо пирӯзӣ дар раванди «Буҷети шаффоф» табрик намуда, таъкид кард, ки миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон тарзи ҳаёти солим бештар тарғиб ва тарбияи бадан васеъ ба роҳ монда шавад.
Лентаи рамзӣ аз ҷониби фахриён Амон Раҳимов ва Амон Муродов бурида шуд.
Чунин иншооти варзишӣ дар назди мактаби ҳамагонии рақами 10-уми маҳаллаи «Авазсой»-и ноҳия низ бунёд гардида, ба истифода дода шуд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.