Ҷавонон -- сарвати асосӣ, ганҷинаи бебаҳои Ӯзбекистон

Президент Шавкат Мирзиёев ба Форуми ҷавонони Ӯзбекистон ташриф овард ва ҳамаро ба муносибати ин чорабинӣ, ки бори аввал дар мамлакати мо баргузор мешавад, хайрамақдам гуфт.

Президент Шавкат Мирзиёев ба Форуми ҷавонони Ӯзбекистон ташриф овард ва ҳамаро ба муносибати ин чорабинӣ, ки бори аввал дар мамлакати мо баргузор мешавад, хайрамақдам гуфт.

-- Ҳар боре, ки ман бо ҷавонон суҳбат мекунам, аз ғайрату шуҷоататон нерӯ мегирам, қалбамро аз шодӣ саршор мегардонед. Ман хуб медонам, ки ҳар яки шумо саъй доред ба Ватани азиз ва халқи мо хидмат кунед. Ман шуморо ҳамчун бузургтарин сарвату дурдонаи бебаҳои Ӯзбекистон бениҳоят қадр мекунам, -- гуфт дар оғози суханрониаш Шавкат Мирзиёев.

-- Мо дар кишварамон кадом ислоҳотеро анҷом надиҳем, пеш аз ҳама ба ҷавононе мисли шумо, ба нерӯ ва азми шумо такя мекунем. Тавре ки ҳамаи шумо медонед, имрӯз мо дар назди худ ҳадафҳои калон гузоштаем. Мо ба гузоштани асоси Эҳёи сеюм дар Ӯзбекистон шурӯъ кардем. Масъалаҳои дастгирии оила, таълими томактабӣ, мактаби миёнаи умумӣ ва олӣ, муассисаҳои илм ва фарҳанг муҳимтарин заминаи Эҳёи ояндаро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, мо дар ин соҳаҳо ислоҳоти куллӣ мегузаронем. Боварӣ дорам, ки ҷавонони фидокор ва ватандӯсти мо, ки шумо онҳоро намояндагӣ мекунед, фаъолона иштирок намуда, ба раванди таърихии бунёди пойгоҳи нави рушди кишварамон саҳми сазовор хоҳанд гузошт.

Сарвари давлат қайд кард, ки дар давраи пандемияи коронавирус ҷавонон ба муттакои халқ табдил ёфтанд, ба сифати ихтиёриён дар ҳаракати умумихалқии "Меҳрубонӣ ва дастгирӣ" ба таври васеъ иштирок намуда, ба оилаҳое, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд, ёрии амалӣ расонданд.

Тавре ки шумо медонед, таҷрибаи тошкандии кор  бо ҷавонон ташаккул ёфтааст, ки дар доираи он омӯзиши мустақими мунтазами мушкилот, пешниҳодҳо ва хоҳишҳои ҷавонон ба роҳ монда  шуд. Барои паҳн кардани ин таҷриба дар саросари кишвар -- шаҳрҳо ва ноҳияҳо фестивалҳои ҷавонон баргузор шуданд.

-- Дар доираи ин чорабиниҳо, аксари шумо бо вазирон, ҳокимон ва дигар шахсони масъул муколамаи ошкоро баргузор кардед. Ман онҳоро дар телевизион тамошо мекардам. Ман аз омодагии ҷавонони мо бобати ба миён гузоштани масъалаҳои мубрам, фориғбол набудани онҳо хеле хурсанд шудам. Аз дидани он ки дар мо  ҷавонони ҷаҳонбиниашон васеъ, тафаккурашон мароқангез ва пешрафта зиёданд, хеле хушҳолам, -- гуфт роҳбари давлати мо.

Президент Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки таҷрибаи Тошканд акнун дар саросари кишвар татбиқ хоҳад шуд. Корҳо аллакай дар вилоятҳои Тошканд, Қашқадарё ва Хоразм оғоз ёфтаанд. Бо мақсади татбиқи самарабахши сиёсати давлатии ҷавонон ба зиммаи ташкилотҳои масъул вазифаи мунтазам омӯхтани мушкилоти иҷтимоии ҷавонон, ҳамоҳангсозии кор дар ин самт гузошта шудааст.

Минбаъд ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, вазирон ва роҳбарони масъул бо ҷавонон мунтазам мулоқот доир мекунанд. Ҳокимон "харитаҳои роҳ" -ро барои ҳалли мушкилоти ҷавонон таҳия ва таъмин мекунанд. Онҳо дар ҳар 6 моҳ дар ин бора ба шӯроҳои маҳаллӣ ҳисобот медиҳанд ва нақшаҳои шаш моҳи ояндаро муайян мекунанд.

Таълими касбӣ ва бизнес-тренинги ҷавонони бекор ва номуташккил дар доираи барномаи «Ҷавонон: 1 + 1» ташкил карда мешавад. Ғайр аз ин, ташаббус оиди ба як нафар соҳибкор вобаста намудани як нафар ҷавони бекор аз рӯйи тамоюли «Ҳар як соҳибкор -- ёвари ҷавонон» ба миён гузошта ва аз ҷониби соҳибкорон дастгирӣ карда шуд. Сарвари давлат ин иқдоми наҷибро маъқул донист, ки ба шарофати он дар соли 2021 ҳадди аққал 500 ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Мардуми мо мегӯянд: "Одами кордон зарар намебинад". Аммо вақтҳои охир бобати дар дасти ҳунармандони ботаҷриба касб омӯхтани фарзандони мо эътибори кофӣ дода намешавад. Ҳарчанд касе, ки ба устод шогирд афтодааст, саъй мекунад, ки сазовори ӯ бошад. Вай дар зиндагӣ ҷойгоҳи худро меёбад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки анъанаи "усто-шогирд" дар минтақаҳо тақвият дода шавад. Низоми ҳавасмандгардонии моддии Фонди мусоидат ба шуғл барои ҳунармандоне, ки ба ин раванд ҷалб карда мешаванд, ҷорӣ карда мешавад, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

Сарвари давлат эълон кард, ки дар минтақаҳо дар асоси таҷрибаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ минтақаҳои хурди саноатии ҷавонон  созмон дода шаванд. Дар ин минтақаҳои саноатӣ барои ҷавонон лоиҳаҳои тиҷоратӣ доман паҳн мекунанд.

-- Дар назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ барои маблағгузории ғояҳо ва лоиҳаҳои инноватсионии ҷавонон фонди махсус таъсис дода мешавад ва ба он 100 миллион доллар ҷудо карда хоҳад шуд. Маблағҳои фонд барои татбиқи лоиҳаҳои ҷавонон бо фоизи паст ва шартҳои мусоид равона карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар минтақаҳои хурди саноатӣ биноҳои истеҳсолӣ сохта мешаванд, ки ба ҷавонон бо шартҳои имтиёзноки иҷора ва лизинг дода мешаванд.

Дар форум дар ин бора ба масъулин супоришот дода шуданд.

-- Имрӯзҳо бисёр ҷавонон ба ҳамсолони худ намунаи ибрат нишон медиҳанд ва дар раванди навсозии ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд. Аммо, онҳое низ ҳастанд, ки дар дарёфти ҷойгоҳи худ дар зиндагӣ азият мекашанд, гумроҳ мешаванд, ба кумак ниёз доранд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки майдончаи электронии "Муроҷиати ҷавонон" барои ба роҳ мондани муколамаи мустақим байни ҷавонон, хусусан ҷавонони номуташаккил ва шахсони мансабдор созмон дода шавад, -- гуфт Президент.

Ба рушди малакаҳои корчаллонӣ дар насли наврас диққати махсус дода шуд.

Пурсишҳои афкори умум нишон доданд, ки ба аксарияти ҷавонони мо ҳавасмандии мусбат, дониш ва малака дар тиҷорат ва соҳибкорӣ намерасад. Ин маънои зарурати ҷоннок гардондани саъю кӯшиш оиди дар онҳо ривоҷ додани малакаҳои соҳибкорро дорад, таъкид кард Шавкат Мирзиёев. Ба ин муносибат чораҳои зарурӣ ҷиҳати додани қарзҳои хурд ба ҷавононе, ки тавассути омӯзиши малакаҳои касбӣ ва соҳибкорӣ шаҳодатномаи махсус гирифтаанд, бинобар ставкаи 4 фоиз камтар аз меъёри пойгоҳи Бонки марказӣ андешида мешаванд. Ин қарзҳо барои 7 сол бо мӯҳлати сесолаи имтиёзнок дода мешаванд.

Зикр гардид, ки дар соли 2021 барои ин мақсадҳо 45 миллион доллари ИМА, инчунин дар доираи Барномаи рушди соҳибкории оилавӣ пайи татбиқи лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон ба ҳар як минтақа 100 миллиард сӯм қарз ҷудо карда мешавад.

Инчунин, дар соли оянда мувофиқи барномаи давлатии "Ҷавонон - ояндаи мо" 8 маркази коворкингии "Соҳибкорони ҷавон" ва 70 маҷмӯи "Гузари меҳнати ҷавонон" созмон дода мешаванд.

-- Мушкилоти ҷиддии имрӯзаи писарон ва духтарони мо бо кор таъмин кардани хатмкунандагон аст, -- гуфт Президент. -- Мутаассифона, кор дар ин самт мунтазам сурат намегирад. Аз ин рӯ, барои касе пӯшида нест, ки хатмкунандагони мактабу коллеҷҳо, ҳатто баъзан донишгоҳҳо дар ёфтани кор душворӣ мекашанд.

Тавре ки шумо медонед, дар айни замон, дар вилоятҳои Андиҷон, Фарғона ва Намангон, хонандагони синфҳои 7-11 илова бар дониши барномаи таълимии мактаб, ақаллан як касбро аз худ мекунанд. Хонандае, ки ба синфи 11 гузаштааст, зерни назорати махсуси ҳокимияти ноҳия ё шаҳр қарор дорад.

-- Корфармоён бояд ба ҷалби мутахассиси ҷавон манфиатдор бошанд. Аз ин рӯ, ба ҳукумат супориш дода мешавад, ки масъалаи додани имтиёзҳоро ба корфармоён дар давраи санҷишӣ барои мутахассисони ҷавон баррасӣ кунад, -- гуфт Президент.

Дастгирии фарзандони оилаҳое, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, бо манзил таъмин кардани оилаҳои ҷавон аз вазифаҳои афзалиятнок мебошанд.

Дар се соли охир дар саросари кишвар беш аз 5100 оилаи ҷавони намунавӣ бо манзили арзон ва ба миқдори тақрибан 200 миллиард сӯм пардохти аввалия таъмин карда шуданд. Ҳамчун идомаи мантиқии ин кор вазифа гузошта шуд, ки барномаи сохтмони манзил барои ҷавонон барои солҳои 2021-2023 таҳия ва амалӣ карда шавад.

-- Аз қадимулайём мардуми мо оиларо муқаддас меҳисобанд ва онро ҳифз мекунанд. Оила мустаҳкам бошад, ҷомеа устувор аст. Фаромӯш накунем, ки натиҷаи ҳамаи ислоҳоти мо бевосита ба муҳити солими оила, тайёр кардани фарзандони мо, алахусус духтарон ба ҳаёти оилавӣ алоқаманд аст, -- гуфт сарвари давлат.

Зикр гардид, ки дар 11 моҳи соли равон дар байни оилаҳои ҷавон тақрибан 25 ҳазор талоқ ба қайд гирифта шудааст.

-- Ин вазъи манфӣ бояд ҳамаи моро ба ташвиш орад, боиси нигаронии ҷиддӣ гардад. Бо истифода аз фурсат, ман мехоҳам бори дигар ба аҳли ҷомеаи васеъ, пеш аз ҳама, ба куҳансолони азиз, модарони оқилу меҳрубони худ муроҷиат кунам: дар ин масъала ба мо кӯмак кунед. Ман аз тамоми ҷавонони мо барои ташаббус ва фаъолият дар пешгирии ҷанҷолҳои оилавӣ ва коҳиш додани талоқҳо хеле миннатдор хоҳам буд,  -- таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: